ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

КОРД ХӮРДАНИ ЯК НАВРАС ДАР ДУШАНБЕ, ҚАЛЛОБӢ БА МАБЛАҒИ 700 ҲАЗОР ДАР ВАҲДАТ ВА СОКИНИ ДЕВАШТИЧРО ФИРЕБ ДОДАНИ ЗАНИ ҶОДУГАР

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 29 ноябри соли 2023

Авбошӣ нисбати ноболиғи 15-сола

145

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 21-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд.

Номбурда, шаби 27-уми ноябри соли 2023, тахминан соати 21:40-дақиқа, ҳангоми дар дохили маркази савдои «Олами гӯшт», воқеъ дар кӯчаи Ҷ.Расулови шаҳри Душанбе қарор доштанаш бе ягон асос аз ҳиссиёти авбошӣ бо ноболиғи 15-солаи сокини пойтахт ҷангу ҷанҷол намуда, аз болои яхдон 1-адад корди хоҷагиро гирифта ба сӯи ҷабрдида ҳаво медиҳад.
Дар натиҷа, ҷабрдида дар қисмати қафаси сина, аз тарафи чап ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Ошкор шудани якчанд кирдори қаллобии шаҳрвандон

25

Ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат бо ариза марди 27-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки аз моҳи декабри соли 2022 то моҳи марти 2023, марди 38-солаи сокини ҳамин шаҳр бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 700 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки тиҷорати фурӯши маҳсулоти хӯроквории ӯро васеъ менамояд, аммо ваъдаашро иҷро накарда, маблағҳои гирифтаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.

Ҳамзамон, ба ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур аризаи марди 51-солаи сокини шаҳри Душанбе ворид гардидааст, ки моҳи июли соли 2023, дар кӯчаи С.Айнии пойтахт, мардони 54 ва 37-солаи сокинони шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ мошини тамғаи «Тойота Камри-3»-ро ба маблағи 145 ҳазор сомонӣ нарх карда, гирифта, ваъда додаанд, ки дар муддати кӯтоҳ маблағашро бо пуррагӣ бармегардонанд, аммо  то ҳол пули соҳиби мошинро надодаанд.

Ҳамин тариқ, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 47-солаи сокини ноҳияи Деваштич бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд. Гумонбаршаванда, 26-уми сентябри соли 2023, бо роҳи фиреб ба боварии зани 47-солаи сокини ноҳияи мазкур даромада, бо баҳонаи дар хонааш мавҷуд будани сеҳру ҷоду 100 сомонӣ ва 300 ҳазор рубли русии ини занро гирифта, ба эҳтиёҷоташ сарф намудааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button