ҶАЗО БАРОИ ҲАРАКАТҲОИ БАДАХЛОҚОНА НИСБАТ БА КӮДАКОН ДАР ТОҶИКИСТОН САХТТАР ШУД
Бар асоси тағйироти воридшуда ба Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ҷазо барои ҳаракатҳои бадахлоқона нисбат ба кӯдакон дар ин кишвар сахттар карда шуд.
Ин тағйирот қаблан аз ҷониби парлумон қабул шуда, рӯзи 13 ноябри соли 2023 аз сӯи презиент ба имзо расид ва акнун ба иҷро даромад.
Бар асоси таҳрири нави моддаи 142 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон аз ин ба баъд ҷазо барои ҳаракатҳои бадахлоқона нисбат ба шахсони баръало ба синни 14 норасида аз 5 то 8 соли зиндонро ташкил хошад дод. То кунун ҷазо барои чунин аъмол аз 2 то 5 соли зиндон буд. Ҳамчунин бар асоси тағйироти ахир, шахси гунаҳкорро метавонанд барои умрбод аз ҳаққи ишғоли бархе мансабҳои муайян ва машғул шудан ба фаъолиятҳои муайян маҳрум кунанд. Ин талаботи қонун шарҳ дода нашудааст, вале зоҳиран чунин шахсонро аз ҳаққи кор дар муассисаҳое, ки барои кӯдакон пешбинӣ шудаанд, барои мисол, дар кӯдакистонҳо, боғчаҳои кӯдакон, мактабҳо ва маҳфилҳои гуногуни кӯдакона маҳрум хоҳанд сохт.
Талаби шадидтарин кардани ҷазо барои ҷиноятҳо ба зидди дахлнопазирии ҷинсии кӯдакон бахусус соли гузашта дар пайи ошкор шудани чанд мавриди таҷовуз ба номуси кӯдакони хурдсол ва анҷоми ҳаракатҳои бадахлоқона нисбат ба кӯдакон баланд шуд ва дар вокуниш ба ин талабҳо раиси Маҷлиси миллӣ ва шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ҳанӯз моҳи апрели соли 2022 хостори ворид кардани тағйирот ба қонунгузорӣ ва сахттар кардани ҷазо нисбат ба педофилҳо шуда буд.
Дар Тоҷикистон аз соли 2004 болои судур ва иҷрои ҳукми қатл мораторий ҷорӣ карда шудааст ва барои таҷовуз ба номуси кӯдакон ҳамчун ҷазои ҳадди аксар ҳабси умрбод пешбинӣ шудааст. Аммо дар ҷомиа чандин сол боз талабҳое садо медиҳанд, ки дар Тоҷикистон бояд ҳукми қатлро барои бархе ҷиноятҳои хеле сангин, аз ҷумла нисбат ба афроде, ки ба номуси кӯдакони хурдсол дастдарозӣ мекунанд, бояд барқарор кунанд.