ВидеоДин ва боварҳоҶомеа

БЛОГЕРИ ТОҶИК МАНИЖАИ УМЕДУЛЛО ДАЪВАТАШ БА МАҚОМОТ ВА ПРОТОКОЛ ШУДАНАШРО ШАРҲ ДОД (ВИДЕО)

Блогери ҷавони тоҷик Манижаи Умедулло шоми 28 ноябри соли 2023 бо нашри як видео дар саҳифааш дар Инстаграм таҳти унвони “Танзими анъана ба манфиати мову шумост” сабаби ба Кумитаи дин ва танзими расму ойин даъват шуданашро шарҳ дод.  Ӯ эътироф кард, ки дар ҳақиқат дар тӯйи арӯсии хоҳараш ба хато роҳ додааст.

Манижа дар ин видео гуфт: “Баъди паҳн шудани наворҳо аз тӯйи хоҳарчаи ман, ки чӣ хел мо шамшер мондему пул ҷамъ кардем, маро ба Кумитаи дин ва танзими расму анъана даъват карданд, ҳамсуҳбат шуданд, фаҳмонданд ва ҳатто протокол ҳам карданд. Дар вақти суҳбат ман хатоямро фаҳмидам ва пушаймон ҳастам. Ва гуфтанӣ ҳастам, ки биёед, ҳама танзимро риоя кунем. Коре, ки ман кардам, шумо такрор накунед”.

https://www.instagram.com/p/C0MMrxxs60s/

Кумитаи дин ва танзими расму анъанаҳои Тоҷикистон рӯзи 28 ноябри соли 2023 хабар дода буд, ки  Манижаи Умедулло, блогери ҷавони тоҷикро барои таблиғи як анъанаи “барои мардуми мо бегона” дар тӯйи хешовандонашон ба мақомот даъват карда, бо ӯ “суҳбат” гузарондаанд.

Ахиран дар як видео, ки дар Интернет нашр мешуд, дида мешуд, ки хешовандони тарафи арӯс дар  роҳрав роҳи даромади домод ба ҳуҷраи арӯсро бо шамшер баста, аз ӯ тақозо мекунанд, ки аввал дами ин шамшерро бо пул пур кунад ва домод зери кафкӯбиҳо аз ҷайбаш пул бароварда, дар дами шамшер то пур шудани он овезон мекунад.

Кумитаи дин дар вокунишаш гуфт: Ахиран тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн гардид, ки дар он шаҳрванд Назарова Манижа (Манижаи Умедулло) дар маросими хонадоршавии яке аз пайвандонаш бо истифода аз усулҳои барои фарҳанги маъракаороии мо бегона аз иштирокдорони маросим маблағ ҷамъ мекунад. Вобаста ба ҳолати мазкур рӯзи 27 ноябри соли равон шаҳрванд Назарова Манижа барои суҳбат ба намояндаи мақоми ваколатдор даъват карда шуд. Номбурда бо дарки талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”аз кирдори худ сидқан пушаймонӣ намуда, иброз дошт, ки аз кардаи худ пушаймон аст ва ба дигарон низ маслиҳат намедиҳад, ки чунин кирдори барои мардуми мо бегонаро ҳангоми доир намудани ҷашну маъракаҳо амалӣ кунанд”.

Кумитаи дин афзуд, ки нисбат ба Назарова Манижа дар доираи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” чораҳои зарурӣ андешида мешавад.

Ҳанӯз маълум нест, ки оё бар асоси қонуни танзим чӣ ҷазоеро нисбат ба ӯ раво хоҳанд дид? Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон барои вайрон кардани қонуни танзим ҳамчун ҷазо ҷаримаҳои ҳангуфтеро, ки аз 3400 сомонӣ сар мешаванд, пешбинӣ кардааст, вале ин ҷаримаҳо асосан барои даъвати шумори беш аз 140 ило 150 меҳмон, беш аз се соати муқарраршуда доир кардани маъракаҳо, бидуни шартнома ҳунарнамоӣ кардани ҳунармандон ва амсоли инро истифода мешуданд. То кунун дар бораи ягон мавриди муҷозоти шаҳрвандон барои истифода аз анъанаҳои “барои мардуми тоҷик бегона” хабаре ба даст нарасидааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Ҳасан Абдуғаффор Хол-Муҳаммад-зода, Ҷойивазкунандаи фарҳанги бегона гуяд:

    Сабаби асосии даъвати манижа ба кумита ва “сӯҳбат” бо ӯ ин аст, ки манижа бо ҳуқуқшиноси бегуноҳи зиндонӣ бузургмеҳр ёров хешутабор аст ва мақомот ба ин васила ба мардум “гушзад” мекунанд, ки бубинед ҳама пайвандони бузургмеҳр ёров “қонуншикан” ва “қонунвайронкун” ҳастанд. Вагарна коре, ки манижа дар тӯй кардааст, яъне пулситонӣ аз домод қаблан низ дар миёни тоҷикон ба шакли дигаре (на бо шамшер) роиҷ буд, ҳатто як навъ “шаҳтозгирӣ” низ урфи маъруф буд. Яъне аввалан ин фарҳанги бегона нест, ошност, дуввум ин фарҳанги “бегона” аз филмҳои туркӣ вориди хонаҳои мардум шуд, ҳамчуноне, ки сарулибоси мардум асосан аз Туркия ворид мешавад, чаро ин воридшуданҳо ё воридот “фарҳанг”-и бегона нест????? Чаро ягон рақиби “хонагӣ” ба фарҳанги “бегона” дар Ватан нест?

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button