“СУҲБАТ”-И МАҚОМОТ БО БЛОГЕР МАНИЖАИ УМЕДУЛЛО БАРОИ ВИДЕОИ БО ШАМШЕР БАСТАНИ РОҲИ ДОМОД (ВИДЕО)
Кумитаи дин ва танзими расму анъанаҳои Тоҷикистон рӯзи 28 ноябри соли 2023 дар саҳифаи нашрияи расмиаш маҷаллаи “Дин ва ҷомеа” дар Фейсбук хабар дод, ки Манижаи Умедулло, блогери ҷавони тоҷикро барои таблиғи як анъанаи “барои мардуми мо бегона” дар тӯйи хешовандонашон ба мақомот даъват карда, бо ӯ “суҳбат” гузарондаанд.
Ахиран дар як видео, ки дар Интернет нашр мешуд, дида мешуд, ки хешовандони тарафи арӯс дар роҳрав роҳи даромади домод ба ҳуҷраи арӯсро бо шамшер баста, аз ӯ тақозо мекунанд, ки аввал дами ин шамшерро бо пул пур кунад ва домод зери кафкӯбиҳо аз ҷайбаш пул бароварда, дар дами шамшер то пур шудани он овезон мекунад.
Кумитаи дин дар вокунишаш гуфт: “Ахиран тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн гардид, ки дар он шаҳрванд Назарова Манижа (Манижаи Умедулло) дар маросими хонадоршавии яке аз пайвандонаш бо истифода аз усулҳои барои фарҳанги маъракаороии мо бегона аз иштирокдорони маросим маблағ ҷамъ мекунад. Вобаста ба ҳолати мазкур рӯзи 27 ноябри соли равон шаҳрванд Назарова Манижа барои суҳбат ба намояндаи мақоми ваколатдор даъват карда шуд. Номбурда бо дарки талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”аз кирдори худ сидқан пушаймонӣ намуда, иброз дошт, ки аз кардаи худ пушаймон аст ва ба дигарон низ маслиҳат намедиҳад, ки чунин кирдори барои мардуми мо бегонаро ҳангоми доир намудани ҷашну маъракаҳо амалӣ кунанд”.
Кумитаи дин афзуд, ки нисбат ба Назарова Манижа дар доираи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” чораҳои зарурӣ андешида мешавад.
Худи Манижаи Умедулло, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ хеле фаъол аст, то ҳол ба хабари Кумитаи дин вокуниш накардаст ва маълум нест, ки оё ӯ дар ҳақиқат изҳори пушаймонӣ кардааст? Ин ҳам маълум нест, ки оё бар асоси қонуни танзим чӣ ҷазоеро нисбат ба ӯ раво хоҳанд дид? Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон барои вайрон кардани қонуни танзим ҳамчун ҷазо ҷаримаҳои ҳангуфтеро, ки аз 3400 сомонӣ сар мешаванд, пешбинӣ кардааст, вале ин ҷаримаҳо асосан барои даъвати шумори беш аз 140 ило 150 меҳмон, беш аз се соати муқарраршуда доир кардани маъракаҳо, бидуни шартнома ҳунарнамоӣ кардани ҳунармандон ва амсоли инро истифода мешуданд. То кунун дар бораи ягон мавриди муҷозоти шаҳрвандон барои истифода аз анъанаҳои “барои мардуми тоҷик бегона” хабаре ба даст нарасидааст.
Манижаи Умедулло бархе аз аксу видеоҳо аз тӯйи хешовандонашро дар саҳифаҳои худ нигоҳ доштааст, вале он видеои ҷанҷолии бо шамшер бастани роҳи домодро пок кардааст.
Барои корхои пучу бе маъне, ва ба корхои, ки маъно надоранд макомоти хифзи хукук дар он чо бини мехалоланд.
Худашонро бе обу ру ва худашон конунро поймол мекунанд
Оғоёни Кумитаи “таъзим”
Оё коррупсия, фақр, бесаводӣ, муҳоҷирати сартосарӣ, монополияи давлату ҳукумату бизнесу тиҷорат, хешутаборбозӣ, тағабозӣ, бартарию афзалият додан ба ҳар касу нокас, ки якҷо ҳама камари миллатро шикаста, халқи бечораро ба зону нишондааст, кирдори ба фарҳанги мо “ошност”? Ҷӯраи ҷонӣ аст?