РОНАНДАИ СОЛХӮРДАИ “РАХШ ТАКСИ”-РО БАРОИ ДАҒАЛӢ ҶАРИМА БАСТА, АЗ КОР РОНДАНД (ВИДЕО)
Рӯзи 27 ноябри соли 2023 дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеои дағалрафтории як ронандаи “Рахш Такси” нашр шуд. Ба гуфтаи муаллифи видео, дар назди бозори “Меҳргон” ронандаи солхӯрдаи таксие, ки ӯ манъ кард, бо баҳонаи инки ӯ бо худ бор дорад, гуфтааст, “ман туро намебарам”.
Муштарӣ аз ронанда пурсидааст ки: “Барои чӣ намебаред? Ман аз шумо шикоят мекунам ба ширкататон”. Аммо ронанда посухаш додааст, ки ҳам ӯро ва ҳам ширкаташро фалон мекунад.
Муштарӣ навишта буд ки “азбаски ман ҳамроҳи ҳамсарам будам, аз суханҳои ин мӯйсафед шарм доштам ва дигар сухане нагуфтам. Магар ин кор дуруст аст? Барои чӣ ронандагони такси то ин дараҷа бадрафтор шудаанд? Магар онҳо ба мо ройгон хизмат мерасонанд?”
Ин видео мавҷи вокунишҳоро ба бор овард ва бисёриҳо бо маҳкум кардани рафтору гуфтори ронандаи боз солхӯрда аз мақомот хостанд, то нисбат ба ӯ чораҳои қонунӣ бияндешанд.
Вокуниши мақомот дер накард. Муассисаи давлатии коммуналлии “Душанбенақлиётхадамотрасон”, ки умури нақлиёти ҷамъиятии пойтахти Тоҷикистонро дар даст дорад, алакай шоми 27 ноябр бо нашри як иттилоия таҳти унвони “Ронандаи дағалгуфтор” дар саҳифаи расмиаш дар шабакаи Фейсбук хабар дод, ки “шартномаи хизматрасонӣ аз ҷониби ҶДММ “Сайёҳон” (Рахш Такси – 33 33) яктарафа қатъ гардида, рақами давлатии воситаи нақлиёт барои аз қайди ҷамъият баровардан гирифта шуд”.
“Амалкарди ронандаи воситаи нақлиёт, рақами қайди давлатиаш 85 71 ТТ 05, Маҳмаднуров Зариф Абдулҳакимович аз ҷониби сохтори дахлдори пойтахт мавриди баррасӣ ва чораҷӯӣ қарор дорад”, – гуфта мешуд ҳамчунин дар иттилоияи муассисаи нақлиётии шаҳри Душанбе.
Ин “сохтори дахлдор” Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе будааст. Милитсияи пойтахт субҳи 28 ноябр хабар дод, ки дар асоси навори дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардида, аз ҷониби кормандони мақомоти милитсияи пойтахт, шаҳрванд Маҳмаднуров Зариф Абдулҳакимович, санаи таваллудаш 10.03.1960, сокини шаҳри Душанбе, ронандаи авотомашинаи тамғаи «Ҳюндай», рақами қайди давлатиаш 85 71 ТТ 05, барои дағалгуфторӣ дастгир карда шуд.
Худи Маҳмаднуров барои шарҳи мустақими қазия дастрас нест, вале ба гуфтаи милитсияи Душанбе, “зимни санҷиш муайян карда шуд, ки ӯ аз соли 2019 то ин замон ҳамчун ронандаи воситаи нақлиёти мусофиркашон дар ширкати ҶДММ «Сайёҳон» (Рахш такси-3333) кору фаъолият менамояд. Номбурда санаи 27-уми ноябри соли ҷорӣ, тахминан соати 11:30, ҳангоми фаъолияти корӣ дар назди бозори «Меҳргон», нисбати як мусофирзан дашномҳои қабеҳ гуфта, дар баробари шаъну шарафи ӯро паст задан, тартиботи ҷамъиятиро низ вайрон кардааст”.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба Маҳмаднуров Зариф тибқи талаботи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттиҳоми майдаавбошӣ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, дар асоси қарори додгоҳ нибати номбурда ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 10-нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне 680 сомонӣ татбиқ карда шуд.
“Ҳамзамон, аз ҷониби ҶДММ «Сайёҳон» шартномаи хизматрасонӣ бо шаҳрванд Маҳмаднуров Зариф қатъ карда шуд”, – тасдиқ шудааст дар хабари РВКД Душанбе.