ВидеоКоррупсия

РАИСИ ҶАМОАТИ ИСМОИЛИ НОҲИЯИ ҒАФУРОВ БА ЗАМИНФУРӮШӢ АЙБДОР МЕШАВАД

Як манбаи огоҳи пойгоҳи хабарии “Бомдод” рӯзи 28 ноябри соли 2023 хабар дод, ки раиси ҷамоати деҳоти Исмоили ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Муҳиддин Муҳиддинов бо иттиҳоми фурӯши ғайриқонунии қитъаҳои замин дастгир шудааст ва инак ду моҳ боз дар боздоштгоҳи воқеъ дар шаҳри Истаравшан зери ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Ба гуфтаи ин манбаъ, раиси ҷамоат моҳи сентябри соли 2023 аз шаҳрванд “А”, истиқоматкунандаи  деҳаи Қароҷингили ҷамоати деҳоти Исмоил, бо ваъдаи барояш ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ маблағи 10 000 сомонӣ талаб карда, гирифтааст.

“Санаи 23 сентябри соли 2023 дар натиҷаи аз тарафи кормандони ШВКД ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гузаронидани чорабиниҳои фаврию тафтишотӣ Муҳиддин Муҳиддинов баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 10 000 (даҳ ҳазор) сомонӣ дар ҷои ҳодиса, яъне дар утоқи корияш дастгир карда шуда, маблағи мазкур ҳамчун далели шайъӣ аз ӯ ёфта ва гирифта шуд. Инчунин ҳангоми азназаргузаронии утоқи кории ин раиси ҷамоат аз дохили ғаладони мизаш рӯйхате ëфт шудааст, ки дар он ному насаби зиёда аз 10 сокини деҳаҳои Қароҷингил ва Оппон навишта шуда буд. Ҳангоми бозпурсии ин шаҳрвандон маълум гардидааст,,ки онҳо низ бо воситаи Ҳоҷӣ Абдураззоқ ном шахс, ки раиси деҳаи Қароҷингил будааст, ба раиси ҷамоат Муҳиддин Муҳиддинов барои гирифтани қитъаҳои замин ҳар кадом 10 000 сомонӣ маблағ додаанд ”, –   нақл кард ҳамсуҳбати “Бомдод”.

Муҳиддиновро 26 сентябри 2023 дар утоқи корияш ним соат пеш аз оғози иҷлосияи маҷлиси вакилони халқи ҷамоат дастгир кардаанд.  Нисбат ба ӯ бар асоси қисми дуюми моддаи 316 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо иттиҳоми берун баромадан аз ҳадди ваколати мансаб аз ҷониби нафаре, ки раҳбари мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатист, парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Ин банди қонун ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи аз 730  то 1277 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 4 то 7 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се солро пешбинӣ мекунад.

Айни ҳол Муҳиддинов дар СИЗО, ё боздоштгоҳи шаҳри Истаравшан қарор  дорад.

Нусратулло Салимзода

Як манбаи огоҳ аз ҷараёни тафтиши парванда ба “Бомдод” гуфт, ки дар рафти тафтишот Муҳиддин Муҳиддинов нисбати раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Салимзода Нусратулло низ баёнот дода, гуфтааст, ки раиси ноҳия ӯ аз заминфурӯшии ӯ хабар дошт. Муҳиддинов гуфтааст, ки пулеро, ки аз мардум мегирифт, ӯ як худаш танҳо намехӯрд. Аммо, ба гуфтаи манбаи “Бомдод”, баёноти Муҳиддинов ба зидди Салимзодаро тафтишот таҳқиқ накард ва ин баёнот аз даруни парванда ба таври асроромез “ғайб” зад.

Нафари миёнарав байни корафтодагон ва раиси ҷамоат Ҳоҷӣ Абдураззоқ айни ҳол дар ҷустуҷӯ қарор дорад. Бино ба маълумотҳо,  худи ҳамон рӯзе ки раиси ҷамоатро дастгир карданд, Ҳоҷӣ Абдураззоқ тавассути Ӯзбекистон ба самти номаълум фирор кардааст.

Тақсими қитъаҳои замин барои Тоҷикистон, ки аҳолиаш бо суръати рекордӣ дар ҳоли афзоиш аст, солҳо боз ба мушкили №1 табдил ёфтааст. Тақсими қитъаҳои замин ҳамин тавр, як манбаи умдаи коррупсия барои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла дар сатҳи ҷамоатҳо ва шаҳру ноҳия ба шумор меравад. Ҳар сол даҳҳо мансабдори асосан раддаҳои поёнӣ бо ҷурми заминфурӯшӣ ба даст меафтанд, вале дар аксари мавридҳо бо пардохти ягон ҷарима ночиз аз ҷавобгарӣ халос мешаванд.

Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 25 ноябр хабар дод, ки тайи се соли охири 2020-2022 ва нимаи аввали соли 2023 ниҳодҳои додситонӣ танҳо барои вайрон кардани тартиби қонунии тақсими замин ба унвони шахсони мансабдор 8435 амр ва 4149 пешниҳод бароварда, ба қарорҳои ғайриқонунии раисони шаҳру ноҳияҳо 4066 эътироз овардаанд. Дар ин муддат, бино ба иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон, 3 ҳазору 864 мансабдор ба ҷавобгарии интизомӣ ва  16 ҳазору 716 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, дар умум дар робита ба қазияҳои заминфурӯшӣ 3 ҳазору 696 парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуда ва 49 ҳазору 151,72 гектар заминҳои худсарона ишғолшуда ва ғайриқонунӣ додашуда ба ҳолати аввала баргардонида шудаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Муҳаммад ибни Абдуллоҳ саллаллоҳу алайҳи васаллам гуяд:

    Ҳадиси муносиб ба мавзӯъ: “Агар амр ба дасти шахсони нолоиқ супорида шуд, мунтазири қиёмат бошед!”
    ‏”‏إذا وسد الأمر إلى غير أهله فانتظر الساعة‏”‏

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button