ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҒОРАТГАРӢ ДАР ҚУМСАНГИР, ДУЗДӢ АЗ МАҒОЗА ДАР ҲИСОР ВА ҚАЛЛОБӢ БА МАБЛАҒИ 327 ҲАЗОР

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 27 ноябри соли 2023

Ифшо шудани ҳолати ғоратгарӣ

40

Ба мақомоти милитсия бо ариза зани 28-солаи сокини ноҳияи Ҷайҳун муроҷиат намудааст, ки 23-юми ноябри соли 2023, ҳангоми дар ҷамоати деҳоти Қумсангир қарор доштанаш, шахси номаълум бо тариқи зӯроварӣ аз дасташ 1-адад телефони мобилии тамғаи “Редми-10”-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Зарари расонидашуда 2 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 38-солаи сокини ҳамин ноҳия бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Дастгир гардидани 3 нафар бо ҷурми дуздии маҳсулоти хӯрокворӣ

101

Ба ШВКД дар шаҳри Ҳисор аризаи марди 27-солаи сокини шаҳри мазкур ворид гардидааст, ки 24-уми ноябри соли 2023, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба мағозаи хӯроквориаш, воқеъ дар шаҳри Ҳисор даромада, аз он ҷо маҳсулоти хӯрокворӣ ва ашёҳои рӯзгорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Зарари расонидашуда 91 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия мардони 27, 41 ва ноболиғи 17-солаи сокинони ҳамин шаҳр ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Қаллобӣ бо баҳонаи машғул шудан ба тиҷорат

28

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 33-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров дар давоми моҳи ноябри соли 2022 то моҳи сентябри соли 2023, бо роҳи фиреб ба боварии марди 35-солаи сокини шаҳри Хуҷанд даромада, бо баҳонаи тиҷорат маблағи 327 ҳазор сомониашро гирифта, ба эҳтиёҷоти худ сарф намудааст.

Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button