ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодисаҶомеа

ДАР ФАЙЗОБОД ЯК МАРД ЗАНИ ҲАМҚАДАҲАШРО БАРОИ ПУЛ КУШТА, МУРДААШРО ДАР ҒОР ПАРТОФТААСТ

Як марди 39-солаи сокини ноҳияи Файзобод баъди 7 моҳи кушта шудани як зани низ 39-солаи сокини ҳамин ноҳия ба даст доштан дар қатли бераҳмонаи ин зан айбдор шудааст.

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон рӯзи 27 ноябри соли 2023 хабар дод, ки зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 39-солаи сокини ноҳияи Файзобод, бо гумони содир намудани ҷиноятҳои сангини роҳзанӣ ва куштор дастгир карда шуд.

Худи ин марди дастгиршуда ва наздиконаш барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале бино ба фарзияи ВКД ҳодиса чунин рух додааст: “Номбурда 24-уми апрели соли 2023, тахминан соати 16:40, дар заминҳои деҳаи Ситораи ноҳияи Файзобод ҳамроҳии зани 39-солаи сокини ноҳияи мазкур як зарфи пур аз машруботро нӯшидаанд ва зани 39-соларо хоб бурдааст. Гумонбаршаванда аз хоб будани ҷабрдида истифода бурда, ҳамёни ӯро кушода, маблағҳои пулиро дида, дасту пояшро бо селофани полиэтеленӣ бастааст. Сипас, селофани дигарро ба сараш кашида, ҳамзамон бо дастонаш гулӯяшро бӯғӣ карда, қасдан ӯро аз ҳаёт маҳрум сохтааст”.

Баъди куштани зан, гумонбаршаванда ҷасади марҳумро ба дохили ғор партофта, маблағи 15 ҳазор сомонӣ ва 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг Галакси”-и ӯро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ба зидди марди дастгиршуда бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон: моддаи 104, қисми 2, банди “и” (одамкушӣ бо нияти ғаразнок) ва моддаи 249, қисми 4, банди “б” (роҳзанӣ бо мақсади ба даст овардани пулу мол ба маблағи бузург) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ба сокини Файзобод бар асоси ин ду банди қонун барои куштор аз 15 то 25 соли зиндон ё ҳабси умрбод ва барои роҳзанӣ аз 15 то 20 соли зиндон таҳдид мекунад.

Шахсияти марди дастгиршуда ва зани ҷабрдида ошкор карда нашудааст. Вале ВКД гуфт, ки гумонбаршаванда қаблан бар асоси моддаи 385 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷурми аз сабаби тарсончакӣ ё беҷуръатӣ бо ихтиёри худ таслим шудан ба асирӣ ва бар асоси моддаи 228 Кодекси ҷиноятии Русия бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир зиндонӣ шудааст. Дар бораи ин ки ӯ кай, дар куҷо, чӣ гуна ва ба кӣ “аз сабаби тарсончакӣ ё беҷуръатӣ ба асирӣ таслим шудааст?”, дар хабари ВКД чизе гуфта нашудааст.

Бино ба омори расмии ВКД Тоҷикистон, дар нимаи аввали соли 2023 дар ҷумҳурӣ 24 ҳодисаи одамкушӣ, 5 ҳолати роҳзанӣ ва 61 мавриди ғоратгарӣ сабт шудааст. Ин назар ба нимаи аввали соли гузашта нисбатан камтар аст, вале омори ҷиноятҳои вазнин дар кишвар ҳамоно нигаронкунанда боқӣ мемонад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button