Як сокини вилояти Суғд моҳи апрели соли 2023 барои аз хидмати ҳарбӣ озод кардани писараш ба як миёнарави қаллоб 50 ҳазор сомонӣ додааст! Он ҳам дар ҳоле, ки он вақт нархи қонунан ба даст овардани билети ҳарбӣ ҳамагӣ 28 ҳазору 800 сомонӣ буд. Яъне қариб ду маротиба камтар!
Акбар Шарифӣ, сухангӯи РВКД вилояти Суғд шоми 25 ноябри соли 2023 дар нашри навбатии барномаи телевизионии “Милитсия хабар медиҳад” хабар дод, ки сокини 33-солаи ҷамоати Ғӯлакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов Шероз Ҳакимов иттиҳоми қаллобӣ боздошт шудааст. Бино ба иттилои милитсия, Шероз Ҳакимов моҳи апрели соли 2023 аз як сокини 45-сола ҷамоати деҳоти Деҳмойи ҳамин ноҳия бо ваъдаи аз хидмати ҳарбӣ озод кардани писараш 50 ҳазор сомонӣ (!!!) ситонида, ин пулҳоро ба манфиати шахсӣ истифода бурдааст, вале кори он сокини Деҳмой ва писари ӯро буд накардааст.
Дар ниҳоят ҷабрдида ба мақомот муроҷиат кардааст ва Шероз Ҳакимов дар асоси аризаи ҷабрдида боздошт шудааст. Гуфта мешавад, ки Шероз Ҳакимов қаблан ҳам бар асоси моддаҳои 245 ва 247-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо ҷурми тасарруфи маблағҳо ва қаллобӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда буд. Ҳоло ба зидди Шероз Ҳакимов бар асоси моддаи 247 бо иттиҳоми қаллобӣ парванда кушода, ӯро ба ҳабси пешакӣ гирифтаанд. Бар асоси ин банди қонун ба ӯ ҷаримаи ҳангуфт ё то чанд сол ҳукми зиндон таҳдид мекунад. Вале таҷрибаи додгоҳҳои Тоҷикистон нишон медиҳад, ки аксари афроди муттаҳам ба қаллобӣ бо пардохти ҷарима аз ҷавобгарӣ халос мешаванд. Огоҳони ҳол муътақиданд, ки чунин афрод бо “шарофат”-и коррупсия, яъне бо додани пора ба додрасу муфаттиш чунин ба осонӣ халос мешаванд.
Дар ин парванда як чиз нофаҳмост, ки чаро ҷабрдида – сокини ҷамоати Деҳмой – аз имконияти қонунии аз хидмати ҳарбии дусола озод кардани писараш истифода набурдааст? Ва он ҳам бо пардохти пули хеле камтар аз он 50 ҳазоре, ки ӯ ба Шероз Ҳакимов додааст?
Соли 2021 дар қонуни хидмати алтернативӣ тағйироте ворид карда шуд, ки бар асоси он, шаҳрвандоне, ки намехоҳанд ду сол хидмати артиш бираванд, метавонанд бо пардохти маблағи муайян ба буҷаи вазорати мудофиа аз ин масъулият озод шуда, танҳо як моҳ ба сурати “экспресс” хидмат кунанд. Моҳи апрел, ки сокини Деҳмой барои аз хидмат озод кардани писараш 50 ҳазор сомонӣ дод, нархи ин хидмати алтернативӣ баробари 450 нишондиҳанда барои ҳисобҳо – ҳамагӣ 28 ҳазору 800 сомонӣ буд, яъне қариб ду маротиба камтар аз пули додаи ӯ!
Аз моҳи сентябри соли 2023 нархи хидмати алтернативӣ то ба ҳадди 750 нишондиҳанда барои ҳисобҳо боло бурда шуд ва то поёни сол он 51 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Қаблан Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 3 ноябри соли 2023 аз ошкор шудани чандин ҳолати ба шаҳрвандон фурӯхтани билетҳои ҳарбии қалбакӣ аз ҷониби 6 нафар, аз ҷумла 2 корманди милитсия хабар дод. Қалбакӣ будани билетҳои ҳарбӣ вақте ошкор шудаанд, ки соҳибонашон барои худро дар қайд гузоштан ва озод шудан аз хидмати артиш бо ин билетҳо ба комиссариатҳои ҳарбии маҳалли зисти худ муроҷиат кардаанд.