ВидеоМинтақа ва ҷаҳонМуҳоҷиронҶанг дар Украина

“БО ДОДАРАКАМ МЕРАВАМ…” БА ХИДМАТИ ҲАРБӢ БУРДАНИ БАЧАҲОИ ТОҶИК ДАР РУСИЯ (ВИДЕО)

Як ҷавони тоҷик дар як видеои кӯтоҳ, вале хеле самимона дар бораи дар Русия ба хидмати ҳарбӣ бурдани ӯву боз чанд бачаи дигари тоҷик хабар додааст.

Дар ин видео як ҷавони тоҷик, ки риши кӯтоҳи навдамида, дар сараш кӯлоҳ ё шапкаи зимистонаи сарбозӣ ва дар сари китфаш борхалта дорад,  қатори ҷавонони мисли ӯ кӯлоҳҳои ҳарбӣ дар сару борхалтаҳо дар сари китфро нишон медиҳад, ки аз як роҳи барфпӯш зоҳиран аз нуқтаи сарбозгирӣ (сборный пункт) ё коммисариати ҳарбӣ дар яке аз шаҳрҳои Русия  ба тарафи макони хидматашон рафта истодаанд.

“Короче (кӯтоҳи гап), ина бачаҳакҳо ҳамакаса рафта истодаанд”, мегӯяд ҷавони тоҷик бо забони тоҷики махлут бо бархе вожаҳову ибораҳои русӣ. Маълум нест,  ки оё ҳамаи сафарбаршудагон тоҷиканд ё танҳо як қисмашон, вале инки дар байнашон чанд нафар тоҷик ҳаст, аз суҳбати байни онҳо бо забони тоҷикӣ ва ҳам аз ин ки ҷавони муаллифи видео як нафари аз ӯ дар қатор пештар истодаро “Раҳмон, эй Раҳмон!” гуфта нидо мекунад, яқин мешавад.

Ҳамин тавр, муаллифи видео як ҷавони дигари низ ғолибан тоҷикро, ки аз қафотари қатор ба  ӯ баробар мешавад,  “братишка” (“додарак”) гӯён хитоб мекунад ва мегӯяд: “Ина қатӣ ҳамин братишкаам меравем, боз соқу саломат меоем, иншоАллоҳ! Ина бачаҳакҳо ҳамакаса рафта истодаанд. Ба хидмати падару модар.  Ништякай (олӣ аст) ҳама чӣ! Рафта истодаем ба хидмат”.

Кай ва дар кадом шаҳри Русия сабт шудани ин навор маълум нест. Вале вақтҳои охир мақомоти Русия бо ҷалби ОМОН ба маконҳои будубош ва кори муҳоҷирон, аз ҷумла ба масҷидҳо ва анборҳову сохтмонҳо рейдҳои зиёд анҷом дода, муҳоҷиронеро, ки алакай шаҳрвандии Русияро ба даст овардаанд, маҷбур мекунанд, ки худро дар комиссариатҳои ҳарбӣ сабти ном карда, ба хидмати ҳарбӣ ҳозир шаванд.

Бисёриҳо дар зери видеои ин бачаи тоҷик дар ҳаққи ӯ ва ҳамаи бачаҳои тоҷике, ки дар Русия ба хидмати ҳарбӣ бурда мешаванд, дуо кардаанд, ки Худованд нигаҳбонашон бошад.

Корбарон ҳамин тавр, аз он изҳори ташвиш кардаанд, ки мабодо мақомоти Русия ин бачаҳои ҷавони аз сад гул як гулашон ношукуфтаро ба ҷанги Украина баранд.

Ин нигарониҳо беасос нест, чунки  вақтҳои охир лаҳни зидди муҳоҷирон дар суҳбатҳои мансабдорони баландпояи Русия хеле боло гирифтааст ва, барои мисол, сардори Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрикин алакай чандин бор пешниҳод мекунад, ки бояд муҳоҷирони соҳиби шаҳрвандии Русия шударо дар навбати аввали ба ҷанги зидди Украина бубаранд, “то ки онҳо садоқаташон ба Ватани нави худро дар амал нишон бидиҳанд”.

Аммо касе намепурсад, ки оё ба худи Бастрикин чӣ халал мерасонад, ки утоқи кории гармаш дар Маскавро гузошта, ба ҷанг биравад ва ӯ ҳам садоқаташ ба Ватанашро дар амал имтиҳон кунад?

Русия 24 феврали соли 2022 бо баҳонаи гӯё “ҳимоят аз аҳолии русзабони Донбасс” ба Украина ҳамла кард. Тайи 21 моҳи гузашта аз оғози ин ҷанг, ки мақомоти Русия онро ҳамчунон сарсахтона на ҷанг, балки “амалиёти ҳарбии махсус” ном мебаранд, аз ҳарду тараф даҳҳо ҳазор нафар кушта шуда, тақрибан ним миллион одам захмӣ шуданд.

Дар байни кушташудагон даҳҳо тан аз зодагони Тоҷикистон низ ҳастанд, ки ба истиснои як ило ду нафар, аксарияти куллаш  аз тарафи Русия меҷангиданд. Бархеи онҳо тоҷиконеанд, ки шаҳрванди Русия шуда, ба хидмати ҳарбӣ ба саффи артиши Русия даъват шуда буданд. Бархеаш муҳоҷироне буданд, ки дар ивази ваъдаи маошу имтиёзҳои хуб, аз ҷумла ба осонӣ ба даст овардани шаҳрвандии Русия бо вазорати мудофиаи ин кишвар қарордод баста, ба ҷанг рафтанд.

Дар Украина то имрӯз беш аз 30 маҳбуси тоҷики зиндонҳои Русия низ кушта шудаанд. Ин маҳбусон ба ваъдаи озодии зудтар аз маҳбас дода шуда, бо ЧВК “Вагнер” ё вазорати мудофиаи Русия қарордод имзо карда, ба ҷанги зидди Украина рафта буданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button