Варзиш

АЗ 100 ТО 3000 СОМОНӢ: ОҒОЗИ ФУРӮШИ ЧИПТАҲО БА БОЗИИ “ИСТИҚЛОЛ” – “АЛ-НАСР”. СУОЛ ИН АСТ, КИ ОЁ РОНАЛДУ БА ИН БОЗӢ МЕОЯД?

Федератсияи футболи Тоҷикистон рӯзи 27 ноябри соли 2023 хабар дод, ки фурӯши чиптаҳо ба бозии “Истиқлол” – “Ал-Наср” оғоз ёфтааст. Чиптаҳо дар шаҳри Душанбе дар хазинаи варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ (собиқ варзишгоҳи ба номи Михаил Фрунзе) ва ҳамчунин дар мағозаи расмии дастаи “Истиқлол” бо суроғаи: шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ-85 фурӯхта мешаванд. 

Бино ба иттилои Федератсияи футбол, чиптаҳои ин бозӣ се навъ буда, бо се нархи гуногун ба фурӯш гузошта шудаанд:

 1.Нархи чипта барои категорияи якум дар минбари асосӣ (бахшҳои 1, 2, 3, 4) 300 сомониро ташкил медиҳад.

 2. Барои се минбари дигар (шимол, шарқ ва ҷануб) нархи ҳар чиптаи категорияи дуюм 100 сомонӣ муқаррар шудааст.

3. Нархи чиптаи VIP бошад 3000 сомонӣ нархгузорӣ шудааст.

Барои маълумоти бештар метавонед ба рақами +992 918 37 11 85 занг занед.

Бозии даври шашуми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2023/24 миёни дастаҳои “Истиқлол” ва “Ал-Наср” рӯзи 5 декабри соли 2023 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Оғози бозӣ соати 21:00.

Бозии якуми ин ду даста дар майдони “Ал-Наср” дар Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 3:1 ба фоидаи тими мизбон анҷом ёфт. Голи якуми мизбононро дар он бозӣ ситораи рақами яки “Ал-Наср” Криштиану Роналду вориди дарвозаи “Истиқлол” карда буд.

Ҳоло мухлисони тоҷик бесаброна мунтазири ба Тоҷикистон омадану дар бозӣ бо “Истиқлол” ба майдон баромадани Роналду мебошанд. Агар ӯ биояд, ин нахустин боздиди ин ситораи футболи ҷаҳонӣ аз Тоҷикистон хоҳад шуд.

Албатта, коршиносони футбол нисбат ба эҳтимоли ба Душанбе омадану дар бозӣ бо “Истиқлол” иштирок кардани Роналду чандон хушбин нестанд. Як масъала ин аст, ки Роналду усулан дар майдонҳое, ки сабзаашон сунъист, бозӣ намекунад ва дар Тоҷикистон, мутаассифона, майдонҳои футболи сабзаашон табиӣ ва ҷавобгӯи талаботи мусобиқаҳои байналмилалие, чун Лигаи чемпионҳои Конфедератсияи футболи Осиё вуҷуд надоранд.

Бар илова, гумон аст, ки соҳибони бошгоҳи “Ал-Наср”, ки дар гуруҳ ҷои аввалро дар даст дошта, амалан роҳхат ба марҳалаи баъдии Лигаи чемпионҳои Осиёро алакай дар ҷайб дорад,  бо саломатии ситораи асосии ин бошгоҳ риск кунанд ва ӯро дар бозӣ ба муқобили “Истиқлол”, ки натиҷааш дигар барои “Ал-Наср” аҳамияти чандоне надорад, ба майдон сар диҳанд. Роналду дар бозии нахустини “Ал-Наср” дар меҳмонӣ ба Эрон рафт, вале дар бозии дуюм бо қаҳрамони  Қатар бошгоҳи “Ал-Дуҳайл” ҳузур надошт.

Бино ба иттилои манобеи гуногун, дар ҳоли ҳозир масъулони риштаи футболи Тоҷиктстон бо роҳҳои мухталиф талош доранд, ки ба ҳар сурат, ба боздиди Роналду аз Душанбе ноил шаванд. Ба гуфтаи ин манобеъ, ба он ҷониб чанд пешниҳод дода шудааст, аҳ ҷумла инки Роналду биояд ва дар хараки бозигарони эҳтиётии дастааш нишинад ваё барои хурсанд кардани мухлисони тоҷикаш барои як муддати кӯтоҳ, барои мисол, барои 10 ило 15 дақиқа ба майдон барояд.

Дар ҳамин ҳол, имрӯз, 27-уми ноябр “Истиқлол”-и Душанбе дар шаҳри Доҳа бозии панҷуми худро дар чаҳорчӯби марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2023/24 дар гуруҳи чаҳоргонаи «Е» қаҳрамони Қатар бошгоҳи “Ал-Дуҳайл”  баргузор мекунад. Ин дидор дар варзишгоҳи Абдуллоҳ Бин Халифа соати 19:00 ба вақти маҳаллӣ (соати 21:00 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button