ДАСТГИР ШУДАНИ 5 УЗВИ НАРКОМАФИЯИ НАРКОБАРОНИ ТОҶИК “РОМА БОСС” ДАР АБХОЗИСТОН (2 ВИДЕО)

ВКД ҷумҳурии ҷудоиталаби Абхозистон (Абхазия), як минтақаи воқеъ дар шимолу ғарби Қафқоз, дар рӯзҳои охир аз боздошти дастикам чор зодаи Тоҷикистон ва як ҷавонзани рус дар шаҳрҳои Сухуми ва Питсунда бо ҷурми қочоқу фурӯши маводи мухаддир хабар дод. Ҳамаи онҳо барои як наркобарони низ тоҷикистонӣ бо лақаби “Рома Босс” кор мекардаанд.
Рӯзи 21 ноябри соли 2023 кормандони раёсати зидди маводи мухаддири ВКД Абхозистон дар шаҳри Сухуми сокини Тоҷикистон Бобоназаров Шуҳрат Комилович, с.т. 2000-ро дастгир ва аз вай 17 баста маводи мухаддири навъи метадонро пайдо карданд. Бобоназаров баёнот дод, ки барои наркобароне бо лақаби “Рома Босс” кор мекард ва маводи мухаддирро аз шаҳри Краснодари Русия гирифта, ба Сухуми меовард ва дар суроғаҳое, ки нишон дода буданд, пинҳон мекард.
Шуҳрат Бобоназаров ба ҳабс гирифта шуда, нисбаташ бар асоси қисми сеюми моддаи 224 Кодекси ҷиноятии Абхозистон парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Ба ӯ бар асоси ин банди қонуни Абхозистон аз 12 то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.
Рӯзи 24 ноябри соли 2023 боз ҳам дар шаҳри Сухуми Нӯъмонов (Нугманов) Расул Абдуалиевич, соли таваллудаш 1990, ки шаҳрвандии Русияро доштааст ба даст афтод. Ҳангоми кофтукоб аз вай 90 бастаи метадонро пайдо ва мусодира карданд. Нӯъмонов дар баёноташ эътироф кард, ки дар соҳили баҳри Сиёҳ, дар наздикии муҷассамаи Сарбози номаълум маводи мухаддир пинҳон кардааст. Аз онҷо ду бастаи метадон ва аз ҳуҷраи Нӯъмонов дар меҳмонхонаи “Олимп” аз кисаи рости курткааш ду халта бо 265 бастаи метадонро пайдо кардаанд. Ҷамъан аз Расул Нӯъмонов 209 грамм метадон гирифтаанд ва ба ӯ ҳам бар асоси қисми сеюми моддаи 224 Кодекси ҷиноятии Абхозистон аз 12 то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.
Рӯзи 25 ноябр Aпсуа ТВ, шабакаи расмии ТВ Абхозистон аз боздошти ду шаҳрванди Тоҷикистон ва як зани шаҳрванди Русия хабар дод. Бар асоси маводи парванда, Исоев Хусрав Умаралиевич, с.т. 1998, тибқи маслиҳати пешакӣ бо Сафаров Наврӯзҷон Сафарович, с.т. 1994 ва шаҳрванди Русия Мавсумова Ангелина Владимировна, с.т. 2000, ки муваққатан дар шаҳри Питсунда зиндагӣ мекард, бо супориши ҳамон наркобарон бо лақаби “Рома Босс” маводи мухаддир оварда, дар пинҳонгоҳҳо дар шаҳри Питсунда пинҳон мекарданд. Наврӯзҷон Сафаров ва Ангелина Мавсумова дар баёноташон гуфтанд, ки роҳбари гуруҳи онҳо Хусрав Исоев буд.
Ангелина Мавсума дар баёноташ аз ҷумла гуфт: “Мо бояд барои ҳар закладка 2 ҳазор рубл мегирифтем. Чаро бояд гуфтам? Чунки ҳанӯз пулашро нагирифтаем. Мо маводи мухаддирро дар пинҳонгоҳҳо гузошта, сипас координатаҳояшро бо ВатсАпп ба нафаре мефиристодем, ки ман шахсан ӯро намешиносам, Хусрав Исоев ӯро мешинохт. Ин одам дар телефонҳои мо бо номи “Рома Босс” сабт шудааст ва рақамҳои телефонаш аз Тоҷикистон аст”.
Дар ҳамин ҳол, Телеграм-канали ВКД ҷумҳурии Доғистони Русия рӯзи 25 ноябр хабар дод, ки рӯзи 20 ноябри соли 2023 кормандони пулиси ноҳияи Совети шаҳри Махачқалъа, пойтахти ин ҷумҳурӣ як шарванди 25-солаи Тоҷикистонро бо 155,3 грамм маводи мухаддири навъи мефедрон дастгир кардаанд. Ба ҳисоби пулиси Доғистон, ин миқдори мефедрон барои 776 дозаи миёна кифоят мекард. Дастгиршуда дар баёноташ гуфтааст, ки дар сохтмон кор мекард ва бо пули маошаш маводи мухаддир харидааст, то ки онро фурӯхта, даромади бештар ба даст биорад.
Ба зидди ин шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми қасди фурӯши маводи мухаддир парвандаи ҷиноятӣ кушоданд. Ба ӯ бар асоси қисми чоруми моддаи 228.1 аз 10 то 20 соли зиндон таҳдид мекунад.
Дар маҳбасҳои Русия беш аз 7 ҳазор зодаи Тоҷикистон адои ҳукм мекунанд. Бино ба ҳисобҳои ғайрирасмӣ, тақрибан чоряки онҳо бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир маҳкум шудаанд.
