ВидеоКоррупсияНомаҳо ба президентҲуқуқи инсон

ДАР ТОҶИКИСТОН ЧАНДИН ҲАЗОР МАНСАБДОРРО БАРОИ ҚОНУНШИКАНӢ БА ҶАВОБГАРӢ КАШИДААНД

Додситонии кулл (Прокуратураи генералӣ)-и Тоҷикистон хабар дод, ки тайи се соли охири 2020-2022 ва нимаи аввали соли 2023 ниҳодҳои додситонӣ танҳо барои вайрон кардани тартиби қонунии тақсими замин ба унвони шахсони мансабдор 8435 амр ва 4149 пешниҳод бароварда, ба қарорҳои ғайриқонунии раисони шаҳру ноҳияҳо 4066 эътироз овардаанд. Дар ин муддат, бино ба иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон, 3 ҳазору 864 мансабдор ба ҷавобгарии интизомӣ ва  16 ҳазору 716 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, дар умум дар робита ба қазияҳои заминфурӯшӣ 3 ҳазору 696 парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуда ва 49 ҳазору 151,72 гектар заминҳои худсарона ишғолшуда ва ғайриқонунӣ додашуда ба ҳолати аввала баргардонида шудаанд.

Ин арқом рӯзи 24 ноябри соли 2023 дар маҷлиси васеи ҳайати мушовараи  Додситонии кул садо дод. Ин нишаст таҳти раисии Прокурори генералӣ генерал-полковники адлия Раҳмон Юсуф Аҳмадзод ва бо иштироки вазири кишоварзӣ, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, муовини якуми вазири корҳои дохилӣ, муовинони прокурори генералӣ, сардорони раёсату шуъбаҳо ва дигар кормандони масъули дастгоҳи марказии Прокуратураи генералӣ, прокурорҳо ва сардорони раёсатҳои корҳои дохилии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва раисони бархе аз шаҳру ноҳияҳо баргузор гардид.

Бино ба иттилои расмӣ, дар ин маҷлис 2 масъала мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуд:

  1. ҳолати риоя ва иҷрои қонунгузорӣ дар мавриди истифодаи самараноку оқилонаи замин, аз ҷумла заминҳои таъиноти кишоварзӣ, фонди давлатии об, нақлиёт ва алоқа, пешгирии ҳодисаҳои ғайриқонунӣ додан ва вобаста кардани замин, ғасби он ва сохтмонҳои худсарона дар ин гуна заминҳо дар давоми солҳои 2020-2022 ва 6 моҳи соли 2023,
  2. ҳолати иҷрои қонуни ҶТ “Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ” ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ аз ҷониби мақомоти амаликунандаи фаъолияти фаврию ҷустуҷӯии ВКД ҶТ оид ба ошкор намудан, огоҳонидан, пешгирӣ кардан ва кушодани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин дар давраи соли 2022 ва 9 моҳи соли 2023 .

Дар робита ба мавзӯи аввали ҷаласа таъкид шуда, ки таъмини амнияти озуқаворӣ шарти асосии рушди минбаъдаи ҷомеа ва давлат маҳсуб ёфта, он ба истифодаи мақсадноки замин вобастагии зичу ногусастанӣ дорад ва президент Эмомалӣ Раҳмон ба ин масъала диққати ҷиддӣ дода, ҷиҳати истифодаи самараноку оқилонаи замин мудом дастуру супоришҳои мушаххас медиҳад.

Додситонии кул меафзояд: “Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар натиҷаи андешидани чораҳои таъсиррасонии прокурорӣ вазъи истифодабарии замин дар ҷумҳурӣ беҳтар гардидааст. Вале ҳанӯз ҳам дар фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, идораи замин, меъморӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, хоҷагиҳои кишоварзӣ, шаҳрвандон ва дигар истифодабарандагони замин қонунвайронкуниҳои ҷиддӣ ҷой доранд. Дар давраи таҳлилӣ прокуророн баҳри бартараф намудани ин қонунвайронкуниҳо ба унвони шахсони мансабдор 8435 амр, 4149 пешниҳод ва ба қарорҳои ғайриқонунии раисони шаҳру ноҳияҳо 4066 эътироз оварда, 3864 нафар шахсони мансабдор ба ҷавобгарии интизомӣ,  16716 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, 3696 парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз ва майдони  49151,72 гектар заминҳои худсарона ишғолшуда ва ғайриқонунӣ додашуда ба ҳолати аввала баргардонида шудаанд”.

Дар анҷоми маҷлис, Прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон ба масъулини соҳаи замин, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва прокурорҳо ҷиҳати  бартараф намудани камбудиҳо ва боз ҳам пурзӯр намудани назорати прокурорӣ дар ин самтҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода, аз натиҷаи маҷлис қарорҳои дахлдор қабул гардиданд. Аммо дар иттилоияи додситонии кул гуфта нашудааст, ки мушаххасан чӣ қарорҳои дахлдор қабул шуданд?

Тақсими қитъаҳои замин барои Тоҷикистон, ки аҳолиаш бо суръати рекордӣ дар ҳоли афзоиш аст, солҳо боз ба мушкили №1 табдил ёфтааст. Тақсими қитъаҳои замин ҳамин тавр, як манбаи умдаи коррупсия барои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла дар сатҳи ҷамоатҳо ва шаҳру ноҳия ба шумор меравад. Ҳар сол даҳҳо мансабдори асосан раддаҳои поёнӣ бо ҷурми заминфурӯшӣ ба даст меафтанд, вале дар аксари мавридҳо бо пардохти ягон ҷарима ночиз аз ҷавобгарӣ халос мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадзода, Мутафаккири барҷастаи тоҷик гуяд:

    Деҳқонони тоҷик зироат мекоранд, боз зироати худро ба ҷавобгарӣ мекашанд: Чандин ҳазор помидор ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд, чандин ҳазор бодиринг ба ҷавобгарии маъмурӣ маҳкум шуд ва ғайра…беҳтараш помидору бодиринг кишт накун!!! Киро фиреб медиҳед?!!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button