ВидеоҶомеа

БОЗДОШТИ 24 НАФАР БАРОИ ВАЙРОН КАРДАНИ ТАРТИБОТ ҲАНГОМИ ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПАРЧАМ (ВИДЕО)

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 26 ноябри соли 2023 аз боздошти 24 нафар: 11 ронанда ва 13 хонандаи мактабҳои миёнаи пойтахт ва ноҳияи Рӯдакӣ барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат ва тартиботи ҷамъиятӣ ҳангоми таҷлили Рӯзи Парчами миллӣ хабар дод.

Бино ба иттилои милитсия, санаи 24-уми ноябр, ҳангоми таҷлили Рӯзи Рарчами миллӣ як гурӯҳ ронандагон ҳаракати гурӯҳӣ ташкил намуда, мусофирони онҳо, ки ҳама ноболиғанд, парчамҳо дар даст худро аз тирезаҳои мошинҳо берун бароварда, тартиботи ҷамъиятӣ ва қоидаҳои ҳаракат дар роҳро дағалона вайрон карда ва ҷони худро зери хатар гузоштаанд.

Зимни санҷиш аз ҷониби кормандони милитсияи шаҳри Душанбе муайян карда шуд, ки ҳодисаи мазкур санаи 24-уми ноябри соли ҷорӣ, тахминан соати 13:30, дар кӯчаҳои А.Сино ва Маяковский аз ҷониби 11 ронанда ва 13 мусофири мошинҳои онҳо: хонандагони мактабҳои миёнаи ноҳияи Рудакӣ ва шаҳри Душанбе содир гардидааст.

Чуноне дар наворҳо дида мешавад ва зимни санҷиш муайян карда шуд, ин нафарон зимни ҳаракати гурӯҳӣ худро аз мошин бароварда, бо овози баланду гӯшхарош доду фиғон намуда, ба гуфтаи милитсия, “бо амалҳои худ тартиботи ҷамъиятиро вайрон намуда, боиси нороҳатӣ ва эътирози шаҳрвандон гардиданд”. Дар натиҷа, нафарони дар ҳуқуқвайронкунӣ дастдошта боздошт ва ба мақомоти корҳои дохилӣ дастрас карда шуданд.

Милитсияи Душанбе  мегӯяд: “Зикр намудан зарур аст, ки ҳарчанд онҳо бо ин амал муҳаббат доштани худро ба парчам нишон доданӣ бошанд ҳам, вале кирдори онҳо аз доираи меъёрҳои ахлоқӣ берун буда, ронандагон зимни ҳаракати гурӯҳӣ қоидаҳои ҳаракат дар роҳро дағалона вайрон намуда, ба ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёт халал ворид сохтаанд”.

Вобаста ба ин, нисбати 11 ронанда барои ташкили ҳаракати гурӯҳӣ тибқи талаботи моддаи 328-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуд. Ҳамзамон нисбати 5 нафар хонандагони яке аз муассисаи таълимии ноҳияи Рӯдакӣ маводи зарурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ва қабули қарори қонунӣ ба масъулини ШВКД-1 дар ноҳияи Рудакӣ ирсол карда шуд. Инчунин нисбати волидайни 8 хонандаи мактабҳои миёнаи Душанбе тибқи талаботи моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба додгоҳ ирсол карда шуд.

Ин тасмими ҷазо додани наврасону ронандагон барои таҷлили Рӯзи Парчам дар ҷомиа вокунишҳои мухталиф ба вуҷуд овардааст. Бархе аз мақомот пуштибонӣ мекунанд ва мегӯянд, ягон кор, ҳатто таҷлили Рӯзи Парчам набояд баҳона барои вайрон кардани қонун шавад.

Аммо гуруҳи дигар бар инанд, ки муҷозот барои намоиши муҳаббати худ ба Парчами миллӣ насли ҷавонро метавонад дилсард бикунад ва хуб мебуд, агар мақомот бо ягон танбеҳу ҳушдори забонӣ иктифо карда, ин наврасону ронандагонро ҷазои сахт надиҳанд.

Аз ҷумла журналист Мирзоҷони Фархорӣ бо нашри як муроҷиатнома ба милитсияи Душанбе навиштааст, ки ҳарчанд ки онҳо қоидаҳои ҳаракат  дар роҳро вайрон карда бошанд ҳам, “аммо вале лекин онҳо муҳаббати худ ба ВАТАН доштаро ба ҷаҳониёну душманони миллат нишон доданд, ки ин корашон боиси дастгирист на бало овардан болои сарашон”.

Мирзоҷони Фархорӣ навиштааст, ки наврасон, ки пул дода, ливои миллиро харида, бо вуҷуди нархи гаронаш ба мошинҳо сӯзишворӣ рехтанду ҷавонони дигарро даъват карданд, то ин рӯзи муҳимро ҷашн бигиранд, шоистаи тавсифу тақдиранд, на сарзанишу ҷазо.

“Оё медонед, ин амали мо шӯълаи ватандӯстии ҷавононро барои ҳамеша хомӯш месозад. Бояд дастгиру тарафдор бошем, на ин ки сангеро болои хонаи умедҳо партоб кунему вайронаш бисозем.

Умедворам, ки маро хуб дарк мекунед!  

Ман тарафдори ин амали ҷавононам!

ПАРЧАМАТ ПАРТАВАФШОН БОД, ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ!  –  навиштааст журналисти тоҷик хитоб ба раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадзода, Вақте ‘истиқлол’ зери суол меравад гуяд:

    Таҷлили рӯзи Парчами миллӣ бо автомобилҳои русӣ? Мустамлика идома дорад? Куҷост мерседесҳо, бмв-ҳо, поршеҳо, ренҷ-роверҳо, лимузинҳо? (Автомобилҳои сохти русӣ ҳатман бо хости мақомот ба кӯчаҳо баромадаанд).

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button