ВидеоМинтақа ва ҷаҳонМуҳоҷиронФарҳанг

“ТОҶИК ТАНҲО УСТОИ СОХТМОН НЕСТ! МО ПУРҲУНАРЕМ!” ПИРӮЗИИ ФАРРУХ ҲАСАНОВ ДАР ОЗМУНИ “НУ-КА, ВСЕ ВМЕСТЕ!” (ВИДЕО)

Овозхони ҷавони 25-солаи тоҷик Фаррух Ҳасанов (Ҳасанзода), бо касби 98 овоз аз 100 овози 100 узви доварон дар мавсими панҷуми озмуни овозхонии “Ну-ка, все вместе!” дар шабакаи телевизионии “Россия1” ғалаба кард ва 5 миллион рубл ҷоизаи асосии ин озмунро ба даст овард. Бар илова, спонсори озмун ба овозхони тоҷик боз як миллион рубли дигар туҳфа ккард.

Марҳалаи ниҳоии озмуни шоми 24 ноябри соли 2023 намоиш дода шуд. Фаррух Ҳасанов ин дафъа таронаи Бруно Марс “Talking to the moon”-ро иҷро кард ва бо касби 98 овоз ду рақиби боқимондааш дар марҳалаи ниҳоиро шикаст дод.

Фаррух Ҳасанов таронаи Бруно Марсро чунон зебо хонд, ки аксари аъзои ҳайъати ҳакамон, ки каму ғам не, 100 нафар буданд (!!!), болои мизҳо баромада, мерақсиданд ва ба хонандаи тоҷик каф мекӯфтанд. Ҳатто раҳбари ҳакамон овозхони шинохтаи рус Сергей Лазарев ва Филип Киркорови шуҳратёр, ки ӯ ҳам ин бор дар ҳайъати ҳакамон буд, тоқат накарда, аз ҷой бархостанд ва дар ҳавои овозхонии Фаррух дасту по меафшонданду каф мекӯфтанд.

Филип Киркоров баъди анҷоми ҳунарнамоии Фаррух Ҳасанов, дар ҳоле ки эҳсосоти худро пинҳон карда наметавонист, хитоб ба овозхони тоҷик гуфт: “Ба саҳна Ҳунарманд (Артист) баромад. Овозхонҳо зиёданд, вале ҳунарманд ками дар кам аст. Офарини ту! Ту Ҳунармандӣ!”

Эълони пирӯзиашро Фаррух Ҳасанов бо шиори “Тоҷикистон, ба пеш!” истиқбол гирифт ва вақте ҷоизаи асосиро ба ӯ месупурданд, гуфт: “Ман ифтихор мекунам, ки тоҷикам! Ман нишон додам, ки тоҷикҳо фақат устои сохтмон нестанд. Мо пурҳунарем! Ман ин пирӯзиро ба кишварам, Тоҷикистон мебахшам!”

Гуфтанист, ки дар тӯли озмун Фаррух Ҳасанов чандин бор таъкид кард, ки ӯ тоҷик аст ва барои он ба саҳна мебарояд, то “ҳама донанд, ки тоҷикҳо кистанд!” Аз ин қабл Фаррух вақте бори аввал дар ин озмун ҳунарнамоӣ мекард, гуфта буд: Медонам, ки тамоми мардумам, тамоми Тоҷикистон ва аҳли оилаам маро мухлисӣ доранд”.

Лозим ба зикр аст, ки ғолиби оянда дар ин озмун тасодуфан иштирок кардааст. Фаррух Ҳасанов азми сафари Амрико дошт, вале устодаш Зафар Абдуалимов барояш машварат дод, ки аввал қувваашро як бор дар озмуни “Ну-ка, все вместе!” бисанҷад. Зафар Абдуалимов низ яке аз 100 узви ҳайъати ҳакамони озмун буд, вале ҳар боре ки шогирдаш ҳунарнамоӣ мекард, ӯ усулан тарки ҳайъати ҳакамон мекард, то доварӣ одилона бошад ва касе ӯро ба тарафгирӣ ва қазовати муғризона айбдор накунад.

Фаррух Ҳасанов (Ҳасанзода) 20 июли соли 1998 дар шаҳри Душанбе ба дунё омада, миллаташ тоҷик аст.  Ӯ аз кӯдакӣ ба мусиқӣ шавқу рағбат дошт ва дар баробари мактаби миёна дар студияи мусиқӣ низ таълим мегирифт. Аммо баъди хатми мактаб ҳангоми интихоби касб аз интихоби роҳи ҳунар бим дошт, ки ба риштаи тарҷумониву забоншиносӣ дохил шуд. Фаррух як муддат аз рӯи касб кор кард, вале ишқи мусиқӣ дар ниҳоят боз ӯро ба ҷодаи ҳунар овард.

Исми Фаррух Ҳасанов ҳамчун овозхон бори аввал дар пайи роҳ ёфтанаш ба финали озмуни “Central Asia’s Got Talent” муаррифӣ ва маъруф шуд. Ин озмун нахустин қадами Фаррух Ҳасанов ба сӯи саҳна гардид ва ӯ баъди ин чати худро ташкил кард ва таронаҳои тоҷикиву хориҷиро зери навои ғижжаку гитор иҷро мекард.

Фаррух батадриҷ аз иҷрои таронаҳои дигарон ба таҳия ва иҷрои таронаҳои худаш рӯ овард. Устоди ӯ Зафар Абдуалимов, писари овозхони фақиди тоҷик Хадиҷа Абдуалимова шуд. Таронаҳои ӯ бо номҳои “Утром”, “Шейла”, “Лейли” ба забон русӣ ва таронаҳои тоҷикиаш “Резаборон”, “Телефон” ва “Модар” тамошобини зиёде ҷамъ овардаанд. Соли 2022 Фаррух Ҳасанов дар Ватанаш, Тоҷикистон сазовори ҷоизаи озмуни миллии “Tarona Music Award” гардид.

Фаррух Ҳасанов дар оғози соли 2023 бо нашри чанд акс дар Инстаграм аз издивоҷаш хабар дод, вале акси ҳамсарашро бо смайлик аз чашми ҳама пинҳон кард.

Фаррух мегӯяд, дар вақташ зери таъсири таронаҳои овозхони канадагӣ Ҷастин Бибер пой ба саҳнаи ҳунар гузошт ва то ҳол мухлиси ин овозхон буда, мехоҳад бо ӯ дар як саҳна ҳунарнамоӣ кунад. Мошини “Мерседес”, ки Фаррух дорад, туҳфаи падараш дар зодрӯзаш аст. Ин ҷавони зодаи Душанбе сайру саёҳатро дӯст медорад ва мегӯяд, аз тамошои Олмону Белгия хеле мутаассир шуда буд. Ӯ мегӯяд, ки бисёр вақт атрофиён фикр мекунанд, ки ӯ амрикоӣ ё итолиёвист.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадзода, Байтулмуқаддас-Фаластин гуяд:

    Мирзои Салимпур худованд (бо талошҳои худат) минбари мӯътабаре насибат кардааст, ки ҳарфи аввалатон аз мушкилоти мардум, озодии мардум, волоияти қонун, сулҳу субот, оромӣ, демократия, ошкорбаёнӣ, озодии баён ва ғайра аст, чаро “дар тарафи торики таърих” қарор гирифтаед? Мавқеъи Шумо ҳамчун як хабарнигор ё рӯзноманигори МУСТАҚИЛ дар қиболи қазияи Фаластин чист? Оё баъд аз 75-сол аз ишғоли Фаластин шумо ҳанӯз яқин пайдо накардед, ки мардуми Фаластин аз ҳама имтиёзҳои инсонию башарӣ маҳруманд? Хабарнигори дунявӣ ҳастед (яъне динӣ нестед), ба мавзӯъҳои доғи динӣ намепардозед, лекин Шарқу Ғарб, чапу рост, сиёҳу сафед, ҳатто худи яҳудиҳо натанҳо бо миллати мазлуми Фаластин ҳамбастагӣ нишон медиҳанд, балки исроилро шаддидан маҳкум карданд?! “Радиои озодӣ” маълум аст, ки дар ин қазия ба нафъи “Кохи Сафед” ва бо дастури Конгресс кор мекунад, чун пули ҳангуфт аз онҷо мегиранд, расонаҳои ҳукуматӣ низ ҳаводиси Ховари Миёнаро ба майли Исроил ҷилва медиҳанд ва тарафи дигарро “террорист” муаррифӣ мекунанд. Аммо, Мирзои Салимпур-рӯзноманигори “мустақил” зеҳни хонандагону бинандагонашро аз пуштибонии Фаластин бенасиб мемонад. Арзиши Қудси Шариф-пойтахти Фаластин дар назди мусалмонҳои дунё (Тоҷикистон) аз Каъба камтар нест. Ба ҳар ҳол, ҳамон худое, ки ахбор.ком-ро аз дастат гирифт, бомдодро ҳам мегирад, эй кош фақат мегирифту раҳоят мекард! وَمَا كَانَ رَبُّكَ نَسِيًّۭا ва парвардигорат фаромӯшхотир нест!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button