ҲАБСИ СЕ НАФАР, АЗ ҶУМЛА ДОМОД, БАРОИ ТИРПАРРОНӢ ДАР ТӮЙИ ТОҶИКҲО ДАР РУСИЯ (ВИДЕО)
Дар пайи тирпарронӣ дар тӯйи домодию арӯсии зодагони Тоҷикистон дар шаҳри Пушкинои вилояти Маскав 10 нафар, бо шумули домоду арӯс ва меҳмонони ин тӯй, боздошт шуда, додгоҳи шаҳри Пушкино ахиран се нафари онҳо, аз ҷумла домодро барои ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифт. 7 дастгиршудаи дигар, аз ҷумла арӯс ҳамчун шоҳид мегузаранд.
Дар робита ба ин тирпарронӣ, ки рӯзи 10 ноябри соли 2023 дар ҷараёни тӯй сурат гирифт, бар асоси қисми дуюми моддаи 213 Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми авбошии гуруҳӣ бо истифода аз силоҳ парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Ин банди қонун ҳамчун ҷазо ҷаримаи бузург ба маблағи аз 500 ҳазор то як миллион рубл, то 5 сол корҳои ислоҳӣ ва ҳатто то 7 соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Албатта, баъид аст, ки домоду шаҳмардонро барои чунин намоиши шодию ваҷдашон дар рӯзи тӯй ҳукми зиндон диҳанд, вале ба онҳот дастикам ҷаримаи ҳангуфт ба маблағи аз ним то як миллион рубл таҳдид мекунад.
Дар сабти видеоие, ки дар Интернет нашр шуд, дида мешвад, ки домод баробари аз манзилашон дар бинои бисёрқабата дар шоҳроҳи Ярослави шаҳри Пушкино берун баровардани арӯсаш алакай дар даромадгоҳи ин бино ба тирпарронӣ шурӯъ мекунад. Дар идомаи видео дида мешавад, ки арӯс низ дар канори роҳ ҳамроҳи домод аз мошин берун баромада, ба ҳаво тир холӣ мекунад.
Ду нафар аз ҳабсшудагон, аз ҷумла домод, зодагони Тоҷикистон буда, дастгиршудаи сеюм як меҳмони тӯй аз Молдова будааст. Онҳо дар баёноти худ гуфтаанд, ки “аз силоҳи ғайриҷангӣ ва фақат ба ҳаво тир кушоданд”. Домод баёнот додааст, ки “бори аввал, баробари аз даромадгоҳи бинояшон баромадани арӯс ба ҳаво тир холӣ кард, вале пеш аз тир кушодан ба атроф нигоҳ кард, ки ягон кӯдак набошад”. Баъдан, бар асоси баёноташ, домод “дар поёни шоҳроҳи Ярослав, дар роҳ ба сӯи қаҳвахонае, ки тӯй бояд доир мешуд, боз ҳам ба ҳаво тир холӣ кардааст”. Ҳам домоду ҳам он ду шаҳмарди ҳабсшуда дар посух ба суоли муфаттиш гуфтаанд, ки “гуноҳи худро пурра эътироф ва аз кори кардаашон сидқан изҳори пушаймонӣ мекунанд”.
Тирпарронӣ дар тӯйҳои домодию арӯсӣ бештар хоси халқҳои минтақаи Қафқози шимолӣ буда, дар онҷо ҳатто мақомот ба ин хоҳиши тирандозии домоду дигар меҳмонони тӯйҳо аз паси панҷа нигоҳ мекунанд ва дар робита ба чунин қазияҳо “чораҳои қонунӣ” намеандешанд. Вақтҳои охир бархе зодагони Осиёи Миёна, аз ҷумла зодагони Тоҷикистон, низ ба пайравӣ аз ин анъанаи роиҷ дар Қафқози шимолӣ дар рӯзи тӯйи худ, албатта, агар тӯяшон дар Русия доир шавад, ба даст силоҳ (асосан туфангчаи травматикӣ) гирифта, барои намоиши шодию ваҷди худ ба ҳаво тир холӣ мекунанд. Дар худи кишварҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла дар Тоҷикистон, мақомоти милиса, чунин кӯшишҳои бозӣ бо аслиҳа дар рӯзи тӯйро бо ҷазоҳои шадид пешгирӣ мекунанд.
Дили бисёриҳо ҳоло ба домод месӯзад, ки маҷбур аст, моҳи асали худро на дар канори арӯси дӯстдоштааш, балки дар паси панҷаи СИЗО сипарӣ кунад. Вале дар ҳамин ҳол, каналҳои миллатгароёни рус аз он изҳори норозигӣ кардаанд, ки чаро додгоҳи шаҳри Пушкино арӯсро, ки ӯ ҳам дар рӯзи тӯяш тирпарронӣ карда буд, ба ҳабс нагирифтааст?
Пушкино шаҳрест бо тақйрибан 111 ҳазор аҳолӣ, ки дар соҳили обанбори Учинское ҷойгир шуда, маркази маъмурии ноҳияи Пушкини вилояти Маскав аст. Пушкино дар фосилаи ҳамагӣ 18 километр аз канораҳои шимолушарқии шаҳри Маскав дар буриши МКАД (ҳалқароҳи атрофи пойтахти Русия) ва шоҳроҳи Ярослав, 14-километрии шимолушарқи Митиши ва 12-километрии шимолушарқи шаҳри Королёв, яке аз марказҳои илми кайҳоншиносии Русия ҷойгир шудааст. Солҳои охир дар Пушкино ва дигар шаҳрҳои атрофи шаҳри Маскав, ки ба пойтахти Русия наздиканд, шумори торафт бештари муҳоҷирон маскун шуда истодаанд.