ВарзишМинтақа ва ҷаҳон

ДУХТАРИ ТОҶИКИ ӮЗБЕКИСТОНӢ АФРӮЗА ҲАМДАМОВА ЧЕМПИОНИ ШОҲМОТИ ҶАҲОН ШУД

Афрӯза Хамдамоваи 14-сола, зодаи ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё нахустин духтар дар таърихи Ӯзбекистон шуд, ки унвони чемпиони шоҳмоти ҷаҳонро ба даст овард.

Афрӯза Хамдамова  дар чемпионати ҷаҳонии шоҳмот дар мусобиқот байни духтарони шоҳмотбози синнашон то 14 ҷои аввал ва унвони қаҳрамониро соҳиб шуд. Чемпионати ҷаҳон барои се синни то 14, 16 ва 18  бо иштироки шоҳмотбозон аз 92 кишвар аз 12 то 25 ноябри соли 2023 дар шаҳри Монтесилвано, воқеъ дар соҳили баҳри Адриатик доир шуд.

Дар даври даҳум Афрӯза Хамдамова бар  Анну Шухман аз Русия пирӯз шуда, бо касби 9 имтиёз дар 10 бозӣ пеш аз муҳлат унвони қаҳрамони дунёро ба даст овард.

Ҷолиб ин аст, ки Афрӯза Хамдамова сари вақт визаи Шенген гирифта натавонист ва ба ин сабаб ба бозии якумаш нарасид. Барои ҳозир нашуданаш ба ӯ бохти фаннӣ навиштанд ва ин ягона бохти Афрӯза дар ин чемпионат шуд. Дар 9 бозии дигар Афрӯза Ҳамдамова ба рақибони худ ягон шонс боқӣ нагузошт ва ҳамаашро шикаст дод.

Афрӯза Хамдамова 25 феврали соли 2009  дар  ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё дар ҷануби Ӯзбекистон ба дунё омадааст. Ин ноҳия дар марз бо Тоҷикистон дар рӯбарӯи Пахтаободу Турсунзода ҷойгир шудааст ва аксари аҳолиашро тоҷикҳо ташкил медиҳанд.

Се адиби шинохтаи тоҷики муқими Ӯзбекистон рӯзи 25 ноябр дар суҳбат бо пойгоҳи хабарии “Бомдод” тасдиқ карданд, ки Афрӯза Хамдамова аз тоҷикҳои Ӯзбекистон аст. Инро номи сирф тоҷикии Сиёвуш доштани бародари калонии 17-солаи ӯ низ тасдиқ мекунад. Сиёвуш Ҳамдамов низ шоҳмотбози пуристеъдод буда, дар раддабандиҳои ФИДЕ – федератсияи аз ҳама бузурги байналмиллии шоҳмот дар байни наврасон мақоми баланд дорад.

Ҳамсуҳбатони “Бомдод” гуфтанд:  “Падари Афрӯза  – Акбар Ҳамдамов – худаш  ҳам муаллими шоҳмот аст. Ва вақте ки фарзандонашон – Сиёвуш ва Афрӯза – ба арсаи байналмилалӣ роҳ ёфта, комёб шуданд, Акбар Ҳамдамов ба хотири рушди хубтари онҳо бо аҳли оилааш ба шаҳри Самарқанд кӯчид, чунки Самарқанд яке аз марказҳои обрӯманди шоҳмоти нафақат Ӯзбекистон, балки тамоми Осиёи Марказӣ шинохта мешавад ва дар инҷо барои рушди истеъдодҳои ҷавони шоҳмот шароити хеле хуб муҳайё карда шудааст”.

Афрӯза Хамдамова ва бародараш Сиёвуш шогидони бахш ё филиали самарқандии мактаби “Шоҳмот сеҳрларӣ” (“Сеҳри шоҳмот”) мебошанд. Ин мактабро барои ҷустуҷӯ ва парвариши истеъдодҳои ҷавон Федератсияи шоҳмоти Ӯзбекистон таъсис додааст.

Соли 2022 Афрӯза Хамдамова дар ҳайъати дастаи яккачини Ӯзбекистон дар Олимпиадаи 44-уми байналмилалии шоҳмот дар шаҳри Ченнайи Ҳиндустон ҷои аввал ва унвони чемпиони олимпии шоҳмотро ба даст оварда буд. Барои он комёбӣ ӯро бо фармони президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев “барои намоиши зарфияти баланди интеллектуалӣ ва маҳорати касбӣ, афзоиши шуҳрат ва обрӯи Ӯзбекистони навин”, барои пирӯзӣ дар Олимпиада ва ҳамчунин “барои  хидматҳои бузург дар роҳи таблиғи варзиш дар ҷумҳурӣ, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи муҳаббат ва садоқат ба Ватан, ташаккули эҳсоси ифтихори миллӣ, мардонагӣ ва ватандӯстӣ дар зеҳни насли ҷавон” бо медали “Келажак бунёдкори” (“Бунёдкори оянда”) сарфароз гардонда буданд.

Ба хабари чемпиони ҷаҳон шудани Афрӯза Ҳакимова, билофосила Саида Мирзиёева, духтари Шавкат Мирзиёев ва ёвари президенти Ӯзбекистон вокуниш кард.

 “Шоҳмотбози чордаҳсолаи мо Афрӯза Хамдамова дар таърихи кишвар нахустин шуда дар чемпионати наврасон дар Италия чемпиони ҷаҳон шуд! Ӯ соли гузашта дар мусобиқаҳои “Заковат-Гамбит” пирӯз шуд ва ҳоло чемпиони ҷаҳон шуд!  Муборак бод, Афрӯза! Ин комёбии сарбафалак таҳрики олие барои ҳамсолони ӯст ва барои кишвари мо мояи ифтихор аст! Сипос барои кушодани дари чемпионатҳои ҷаҳон ба рӯи духтарони мо! Сипос ба устодон ва падару модари Афрӯза!”, – навиштааст Саида Мирзиёева дар саҳифааш дар Фейсбук.

Возможно, это изображение 2 человека и текст
Афруза Хамдамова.

Возможно, это изображение 2 человека

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Асосгузори диктатураи миллӣ-ҷангҷӯи миллат гуяд:

    Мо дар дохили Ӯзбекистон як “Тоҷикистон”-и дигар бо беш аз даҳ миллион тоҷик дорем. Касоне, ки аз ақл фосила гирифтаанд, гумон мекунанд, ки 36-млн нафар аҳолии Ӯзбекистон ҳама ӯзбекҳо ҳастанд. Издивоҷҳои омехтаи иҷборӣ, тақаллӯб дар санадҳо, таҳрифи таърих, тағйири номҳо, таҳрими забони тоҷикӣ, бастани мактабу мадрасаҳои тоҷикӣ, тоҷикситезӣ ва ғайра халқи ағлаби Осиёи Марказӣ (тоҷикон)-ро ба халқи асғар табдил доданд. Дар тақсимоти марзию ҳудудии Осиёи Марказӣ натанҳо Кремл, балки Ататурк ва Эрон нақши хоинона доштанд. Аз шаклгирии як давлати васеътари мустақил барои тоҷикон ҳаросу ҳасад доштанд, бинобар ин, ба қавли Лоиқ Шералӣ “як порра кӯҳ”-ро ба мухторияти тоҷикон супориданд. Ба бахти шӯри мо, баъд аз истиқлол ба қавли Лоиқ Шералӣ “тоҷик дар ватани худ муттаҳам аст”!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button