ОШКОР ШУДАНИ СЕ ДУЗДӢ ДАР ГУЛИСТОН, ХОВАЛИНГ ВА ДӮСТӢ (ҶИЛИКӮЛ)
Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон рӯзи 24 ноябри соли 2023 аз ошкор шудани се ҳолати дуздӣ дар шаҳри Гулистон (собиқ Қайроққум) ва ноҳияҳои Ховалингу Дӯстӣ (собиқ Ҷиликӯл) хабар дод.
Аз ҷумла ба ШВКД шаҳри Гулистон бо ариза марди 54-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки шаби 21 ба 22-юми ноябри соли 2023, тахминан соати 01:00, шахсони номаълум бо тариқи пинҳонӣ ба мағозааш даромада, аз он ҷо 1300 сомонӣ, 12 ҳазор рубли русӣ ва 2 телефони мобилии тамғаи “Самсунг А-3”-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда дар умум 5 ҳазору 370 сомониро ташкил додааст. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 32-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ки пеш бо моддаҳои 237, қисми 1 ва 339, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Инчунин, ба ШВКД ноҳияи Ховалинг аризаи марди 63-солаи сокини ҳамин ноҳия ворид гардидааст, ки аввалҳои моҳи сентябри соли 2023, шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ аз чарогоҳи деҳаашон 5 сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 40 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 28-солаи сокини ноҳияи Балҷувон, ки пеш бо моддаи 245 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Ҳамин тариқ, ба ШВКД дар ноҳияи Дӯстӣ бо ариза марди 30-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки шаби 20 ба 21-уми ноябри соли 2023, тахминан соати 01:00, шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ аз заминҳои хоҷагии деҳқониаш 1 сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.Зарари расонидашуда 13 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 28-солаи сокини ҳамин ноҳия бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.