ВидеоМуҳоҷиронҲодиса

БОЗДОШТИ 38 МУҲОҶИР ДАР ПАЙИ … ҶАНҶОЛИ ОИЛАВИИ МАРДИ ТОҶИК БО ЗАНИ РУСАШ

Дар пайи муноқишаи оилавии як марди 31-солаи шаҳрванди Тоҷикистон бо ҳамсари русаш дар шаҳри Балабановои вилояти Калугаи Русия ва ҳамсарашро 3 зарбаи корд задани ӯ мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин минтақа рӯзи 23 ноябри соли 2023 ба ҷои кори он марди тоҷик омада, 38 муҳоҷири дигарро дастгир карда, бо худ бурдаанд. Раёсати тафтишоти вилояти Калуга мегӯяд, ки кофтукоб дар ҷои кори марди дастгиршуда бахше аз амалҳои тафтишотӣ буда, аз ҷониби муфаттишони ин ниҳод ва бо кумаки дигар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ бо мақсади ҷамъоварии далелҳо сурат гирифтааст. Ин ниҳод мегӯяд, 38 муҳоҷири ҳамкори марди тоҷики дастгиршударо ҷиҳати тафтиши то куҷо қонунӣ будани будубоши онҳо бурдаанд.

Аммо маълум нест, ки  то куҷо қонунӣ будан ё набудани будубоши ин 38 муҳоҷир ва дуруст будан ё набудани ҳуҷҷатҳои онҳо чӣ рабте ба ҷанҷоли оилавии он як мард бо занаш дорад ва тафтиши ҳуҷҷатҳои ин муҳоҷирон чӣ кумак ба тафтиши ин парванда расонда метавонад?

Раёсати тафтишоти вилояти Калуга дар иттилоияаш гуфт, шаҳрванди Тоҷикистон бар асоси моддаи 30, қисми 3 ва моддаи 105, қисми 1 Кодекси ҷиноятии Русия ба қасди куштани ҳамсараш айбдор мешавад. Худи ин марди тоҷик ваё наздикон ва адвокати ӯ барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале бино ба фарзияи тафтишот, ки ин мард, ки ҳамроҳи зану се фарзандаш дар як манзил дар шаҳри Балабановои вилояти Калуга зиндагӣ мекард, дар ҷараёни муноқишаи оилавӣ ба қисмати шикам ва қафаси синаи ҳамсараш 4 зарбаи корд задааст.

Сабаби муноқишаи зану шавҳар, ки ба чунин оқибати хунин овард, гуфта нашудааст. Вале занро бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба бемористон бурдаанд ва танҳо кумаки саривақтии табибон сабаб шудааст, ки ӯ аз марг наҷот биёбад.

Шавҳарро билофосила баъди ин муноқиша дастгир карда, то анҷоми тафтишот ба ҳабс гирифтаанд. Расонаҳои маҳаллӣ хабар доданд, ки ҳамсари ин муҳоҷири тоҷик рус будааст.

Балабаново шаҳрест бо беш аз 30 ҳазор аҳолӣ дар 90-километрии шимоли маркази вилоят, шаҳри Калуга ва ҳамагӣ 10-километрии шимоли шаҳри Обнинск. Балабаново калонтарин шаҳри ҳавзаи Обнинск ба шумор рафта, ба ҳайъати ноҳияи Боровск шомил мешавад. Аз Балабаново то маркази Маскав 95 километр ва то каронаҳои ҷанубуғарбии пойтахти Русия, аз ҷумла то фурудгоҳи Внуково ҳамагӣ 70 километр фосила аст.

Дар вилояти Калуга баъди ба мақоми волии он таъйин шудани Владислав Шапша, ки бо сиёсати ошкор зидди муҳоҷирон ном баровардааст, ҳуқуқи муҳоҷиронро хеле тангтар кардаанд. Ҳар сари чанд вақт дар бораи аз ин вилоят депортатсия шудани гуруҳҳои нав ба нави муҳоҷирон, аз ҷумла муҳоҷирони тоҷик, хабарҳо ба даст мерасанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button