ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

БАРХӮРДИ МАРГБОРИ “ОПЕЛ” БО ҶИПИ “ЛАНДКРУЗЕР” ДАР ҶАМОАТИ КАРИМ ИСМОИЛОВ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон дар бораи боз як садамаи марговар хабар дод. Бархӯрди “Опел” бо ҷипи “Ландкрузер” дар канори шаҳри Ваҳдат боиси марги ронандаи “Опел” шуда, ронандаи ҷип маҷруҳ шудааст. Ҳарду ронанда ҷавон будаанд: Ронандаи “Опел” ҳамагӣ 27 сол доштва ронандаи ҷип 31 сол дорад.

Бино ба иттилои ин вазорат, субҳи 23-юми ноябри 2023, тахминан соати 07:30, ронандаи мошини тамғаи “Опел-Седан”, Саидов Муҳаммадҷон Абдусатторович, соли таваллудаш 1996, сокини ноҳияи Восеъ, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Норак, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Карим Исмоилов дар канори шаҳри Ваҳдат риояи қоидаҳои ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба мошини ҷипи тамғаи “Тойота-Ландкрузер”, таҳти идораи Файзалиев Алишер Шарифович, соли таваллудаш 1992, сокини шаҳри Душанбе, бархӯрдааст.

Дар натиҷаи бархӯрд, ронандаи “Опел” Саидов Муҳаммадҷон ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ронандаи ҷип Файзалиев Алишер дар ин садама ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.

Тафсилоти дигари ҳодиса нашр нашудааст. ВКД гуфт, тафтиши садама идома дорад.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳои марговараш пурхатар дониста мешаванд. Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин омори ВКД, танҳо дар нимаи аввали соли 2023 дар роҳҳои Тоҷикистон дар 492 садама 193 нафар ба ҳалокат расида, 514 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button