ТАКСИ МЕРОНД, ГИРИФТАНД, ҶАНГАШ БУРДАНД… НАЗРУЛЛО ҶУНАЙДОВ ДАР УКРАИНА КУШТА ШУД

Назрулло Ҷунайдов, сокини 43-солаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлони Тоҷикистон, ки дар Русия такси меронд ва 4 моҳ пеш бо даъватнома аз тариқи комиссариати ҳарбӣ ба саффи артиши Русия ҷалб шуда буд, дар Украина кушта шудааст. Ба наздиконаш гуфтаанд, ӯ рӯзи 10-уми ноябри соли 2023 дар ҳудуди вилояти Донетск, як ҷабҳаи асосии ҷанги Русия ба зидди Украина, кушта шудааст.
Ҷасади ӯро алакай ба наздиконаш дар Маскав супурдаанд.
Яке аз наздикони Назрулло Ҷунайдов ба шарти набурдани номаш рӯзи 23 ноябр ба радиои зану шавҳар Аюбовҳо (собиқ радиои Озодӣ) гуфтааст, ки ӯ ягон 25 сол қабл шаҳрванди Русия шуда буд.
Ӯ гуфтааст, ки рӯзи 15-уми ноябр аз комиссариати ҳарбӣ ба онҳо занг зада хабар додаанд, ки Нарзулло Ҷунайдов “қаҳрамонона ҳалок шуд.” Дар бораи чӣ гуна кушта шудани ӯ ба наздиконаш ягон тафсилоти дигар надодаанд.
Ба гуфтаи ин хешованди Назрулло Ҷунайдов, “Нарзулло аз тариқи замимаи “Яндекс Такси ” кор мекард. Ба ӯ даъватнома омад. Гуфтанд, агар ҷанг наравӣ, ҳабсат мекунем. Маҷбур рафт, ҳарчанд намехост…”
Наздикони Назрулло Ҷунайдов ҳоло барои интиқоли ҷасади ӯ ба Тоҷикистон омодагӣ мебинанд. Мақомоти рус ба онҳо ваъда додаанд, ки ба се фарзандаш аз ду ҳамсар кумакпулӣ хоҳанд дод.
Дар гузашта зодагон ва ҳатто шаҳрвандони Тоҷикистонро бо чунин ваъдаҳо ба ҷанг ҷалб карда буданд, вале маълум нест, ки оё пас аз марги онҳо ба наздиконашон кумакҳое доданд ё на?
Русия 24 феврали соли 2022 бо баҳонаи гӯё “ҳимоят аз аҳолии русзабони Донбасс” ба Украина ҳамла кард. Тайи 21 моҳи гузашта аз оғози ин ҷанг, ки мақомоти Русия онро ҳамчунон сарсахтона на ҷанг, балки “амалиёти ҳарбии махсус” ном мебаранд, аз ҳарду тараф даҳҳо ҳазор нафар кушта шуда, тақрибан ним миллион одам захмӣ шуданд.
Дар байни кушташудагон даҳҳо тан аз зодагони Тоҷикистон низ ҳастанд, ки ба истиснои як ило ду нафар, аксарияти куллаш аз тарафи Русия меҷангиданд. Бархеи онҳо тоҷиконеанд, ки дар саффи Қувваҳои мусаллаҳи Русия хидмат мекарданд. Бархеаш муҳоҷироне буданд, ки дар ивази ваъдаи маошу имтиёзҳои хуб, аз ҷумла ба осонӣ ба даст овардани шаҳрвандии Русия бо вазорати мудофиаи ин кишвар қарордод баста, ба ҷанг рафтанд.
Дар Украина то имрӯз беш аз 30 маҳбуси тоҷики зиндонҳои Русия низ кушта шудаанд. Ин маҳбусон ба ваъдаи озодии зудтар аз маҳбас дода шуда, бо ЧВК “Вагнер” ё вазорати мудофиаи Русия қарордод имзо карда, ба ҷанги зидди Украина рафта буданд.

