АфғонистонВидеоМуҳоҷирон

НАШЪАФУРӮШ АЗ КӮЛОБ ДАР МАРЗИ РУСИЯВУ ҚАЗОҚИСТОН БА ДАСТ АФТОДААСТ

Як шаҳрванди 33-солаи Тоҷикистон, ки дар Ватан  ӯро ба фурӯши маводи мухаддир айбдор мекунанд, ҳанӯз моҳи июли соли 2023 ҳангоми убури гузаргоҳи Озинки дар марзи Қазоқистон бо вилояти Саратови Русия ба даст афтода, дар интизори истирдодаш ба Тоҷикистон дар ҳабс қарор доштааст. Додситонии вилояти Саратов рӯзи 24 ноябри соли 2023 бо анҷоми тафтиши қазияи ин нафар хабар дод, ки “дар ҷараёни тафтиш ягон мониа, ки монеи супурдани ин нафар ба кишвари хориҷӣ шавад, пайдо карда нашуд ва додситонӣ ӯро ба ҳабс гирифта, дар бораи имкони ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон супурдани ӯ хулоса додааст”.

Маълум нест, ки истирдоди ҷавони дастгиршуда кай сурат хоҳад гирифт? Дар Тоҷикистон ӯ бар асоси қисми сеюми моддаи 200 Кодекси ҷиноятии ин ҷумҳурӣ ба фурӯши миқдори зиёди маводи мухаддир айбдор мешавад ва бар асоси ин банди қонун ба вай ҳамчун ҷазо аз 8 то 12 соли зиндон таҳдид мекунад.

Худи дастгиршуда ваё адвокат ё наздиконаш барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале додситонии вилояти Саратов дар иттилоияаш гуфт, мақомоти тафтишотии Тоҷикистон ӯро ба он айбдор мекунанд, ки “моҳи июни соли 2022 дар шаҳри Кӯлоб дар асоси маслиҳати пешакӣ ба як нафари дигар бо нархи 9 ҳазор сомонӣ (тақрибан 800 доллар) 300 грамм маводи мухаддири навъи ҳашишро фурӯхтааст”.

Он харидор ин маводи мухаддирро ба шаҳри Душанбе бурда, ҳамроҳи як миқдори дигари ҳашиш, ки аз каси дигар харида буд, пинҳон кардааст. Вале мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистонро ӯро бо 382 грамм ҳашиш дастгир кардаанд. Баъди ба даст афтодани шарикаш, сокини Кӯлоб рӯ ба фирор овардааст. То замоне ки баъди як соли фирор, моҳи июли соли 2023 дар гузаргоҳи Озинки дар марзи Русия бо Қазоқистон ҳангоми тафтиши ҳуҷҷатҳояш ба даст афтод.

Муҳоҷирон аз минтақаҳои гуногуни асосан қисмати аврупоии Русия ҳар сари чанд моҳ аз гузаргоҳи Озинки ба Қазоқистон гузашта, баъди соате боз ба Русия бармегарданд. Ин ҳилаи убури марз ба онҳо имкон медиҳад, ки будубоши худро дар Русия боз аз сари хат шурӯъ карда, барои боз чанд моҳи дигар ҳаққи дигарбораи иқомату кор дар ин кишварро ба даст биоранд.

Тоҷикистон, ки бо Афғонистон, манбаи асосии тавлиди ҳероин, афюн ва ҳашиши дунё, 1425 километр марзи муштарак дорад, дар солҳои охир ба як масири умдаи қочоқи маводи мухаддири “афғонӣ” табдил ёфтааст. Қисми зиёди ин маводи мухаддир сипас аз Тоҷикистон тавассути кишварҳои дигари минтақа  ба бозорҳои сиёҳи шимоли сайёра, асосан ба Русия қочоқ карда мешавад. Вале як қисми маводи мухаддире, ки аз Афғонистон ба Тоҷикистон меояд, бевосита дар дохили худи Тоҷикистон харидуфурӯш ва истеъмол шуда, боиси афзоиши шумораи мӯътодони маводи мухаддир дигар бемориҳои ношӣ аз ин мараз мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Муомилаи ғайриқонунии маводи мухаддир гуяд:

    Дар Хитой бо ҷурми нашъафурӯшӣ ҳукми қатл тадбиқ мешавад. Дар Қазоқистону Россия ҳукми “депортатсия”? Аз ин ҷазои “сангинтар” набуд?!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button