ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

КОРДЗАНӢ ДАР ВАРЗИШГОҲИ “ЛОЧИН” ВА ҚАЛЛОБӢ БО ҚАРИБ 2 МИЛЛИОН СОМОНӢ ПУЛИ 10 МОШИН

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 23 ноябри соли 2023

Бо корд захмӣ намудани марди 57-сола дар заминаи ҷангу ҷанҷол

02

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 42-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, 21-уми ноябри соли 2023, тахминан соати 16:40-дақиқа, ҳангоми дар назди варзишгоҳи «Лочин»-и кӯчаи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд қарор доштанаш бо марди 57-солаи сокини шаҳри Гулистон, бе ягон асос ҷангу ҷанҷол намуда, бо корд ба шикамаш 2 маротиба задааст.

Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнинӣ ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ифшо шудани қаллобӣ вобаста ба хариду фурӯши автомашинаҳо

123

Ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат бо ариза марди 31-солаи сокини ноҳияи Темурмалик муроҷиат намудааст, ки аз моҳи июн то моҳи августи соли 2023, мардони 35 ва 37-солаи сокинони шаҳри Душанбе ҳангоми дар шаҳри Ваҳдат қарор доштанаш бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 10-адад автомашинаҳои гуногунтамғаро ба маблағи 1 миллиону 880 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол маблағҳояшро барнагардонидаанд.

Оид ба ҳодиса санҷиш идома дорад.

Содир гардидани кирдорҳои қаллобӣ бо роҳи фиреб

28

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 33-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Расулов бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.

Гумонбаршаванда, 23-юми апрели соли 2023, тахминан соати 13:30-дақиқа, дар ҳудуди ноҳияи Ҷ.Расулов бо роҳи фиреб ба боварии зани 46-солаи сокини ноҳияи мазкур даромада, бо баҳонаи писарашро аз хизмати ҳарбӣ озод намудан 50 ҳазор сомонӣ гирифта, ба эҳтиёҷоташ сарф намудааст.
Инчунин, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 34-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, моҳи августи соли 2022, дар назди «Мағозаи фурӯши масолеҳи сохтмонӣ», воқеъ дар кӯчаи М.Маҳмадалӣ бо роҳи фиреб ба боварии марди 39-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ 40 ҳазор сомонӣ гирифта ваъда додааст, ки ҳуҷҷатҳои хонаи истиқоматиашро дар муддати кӯтоҳ ба пуррагӣ омода карда медиҳад, аммо ваъдаашро иҷро накарда, маблағҳои мазкурро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Аз рӯи ҳодисаҳои мазкур тафтишот идома дорад.

Боздошт гардидани ҷавони қаблан судшуда бо ҷурми дуздӣ

72

Ба ШВКД дар ноҳияи Шаҳритус аризаи зани 27-солаи сокини ҳамин ноҳия ворид гардид, ки 20-уми октябри соли 2023, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, ҷавоҳироти гуногуни тиллоӣ ва нуқрагиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ҷавони 23-солаи сокини ноҳияи Панҷ, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, содир намудааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button