ВидеоМуҳоҷиронФарҳангҶомеа

ИМСОЛ ДАР ЛЮБЕРТСИИ РУСИЯ БА НАВЗОДОН АЗ ҲАМА БЕШТАР МУҲАММАД НОМ ДОДААНД

Идораи ЗАГСи ҳавзаи шаҳри Любертсии вилояти Маскав хабар дод, ки тайи 10 моҳи соли 2023 дар ин минтақа ба кӯдакони навзод аз ҳама бештар номи … Муҳаммадро додаанд.

Мақола таҳти унвони “Номи аз ҳама маъруфи писарона дар Лютертси дар соли 2023 Муҳаммад буд” рӯзи 19 ноябри соли 2023 дар саҳифаи расмии маъмурияти ҳавзаи шаҳри Любертси нашр шуд, вале хеле зуд аз сомона гирифта шуд ва ҳоло танҳо дар бойгонии Интернет боқӣ мондааст.

Чунин ба назар мерасад, ки дар маъмурияти Любертси ба хулосае омаданд, ки ин хабар бо ҷавви феълан ҳокимшуда бар фазои Русия, ки рангу оҳанги ошкори зидди муҳоҷирон дорад, чандон созгор нест.

Дар ҳар сурат, тавре аз ҷадвалҳои нашркардаи ЗАГСи Любертси дар ҳошияи он мақолаи кӯркардашуда бармеомад, тайи моҳҳои январ-октябри соли 2023 дар шаҳри Любертси ва атрофи он ба 202 тифли навзод номи Паёмбари Ислом Муҳаммад (с) дода шудааст. Дар зинаи дуюм Артём меояд, ки имсол шуморашон дар Любертси ба 114 нафари дигар афзуд. Ба 72 кӯдак дар Любертси имсол Александр ва ба 32 тани дигар Матвей ном додаанд. Аз паси Матвейҳо Амриддинҳо меоянд. Имсол дар Любертси  ба 31 кӯдак волидонашон ин номи дар Осиёи Марказӣ маъруфро додаанд. 19 сокини Любертси  фарзандони худро Алексей ном кардаанд ва дар зинаи ҳафтум боз як номи “ғайриславянӣ” Анзур(Анзор) меояд, ки дар минтақаи Қафқоз роиҷ аст.

Дар байни номҳои духтарона дар ҷои аввал Анастасия меояд. Тайи моҳҳои январ-октябри соли 2023  дар Любертси 174 тифли навзодро чунин номи решааш юнонӣ гузоштаанд. Аммо ҷои дуюм ва сеюмро дар ин “чемпионати номҳои духтарона” номҳои мусалмонии Фотима ва Бибисоро ишғол кардаанд. Имсол дар Любертси 91 духтарчаи навзодро Фотима ва 88 нафарро Бибисоро ном кардаанд. Ва агар Фотима, номи духтари Паёмбари Ислом Муҳаммад (с) ва ҳамсари Алӣ, бародарзода ва яке аз нахустин ёрони Паёмбар, дар байни ҳамаи халқҳои мусалмон маъруфу роиҷ бошад, номи Бибисоро маҳз дар чунин таркиб, яъне Бибӣ + Соро, бештар дар байни тоҷикҳо роиҷ аст.

Ба дунболи ин се номи пешсаф, дар “чемпионати номҳои духтарона” дар Любертси номҳои хоси масеҳиён: Анна ва Мария ҷойҳои чорум ва панҷумро ба даст овардаанд. Имсол дар ин гӯшаи вилояти Маскав 62 духтарчаи навзодро Анна ва 44 кӯдаки дигарро Мария ном додаанд. Ба дунболи онҳо дар ҷои шашум Зайнаб меояд, ки 32 падару модар духтари худро имсол чунин ном додаанд ва ҳафтгонаи маъруфтарин номҳои духтаронаро дар Любертси номи масеҳии Елизавета ҳусни анҷом мебахшад.

Дар он мақолаи баъдан аз сомона гирифташудаи ЗАГСи Любертси гуфта мешуд, ки муҳоҷирон ба як ҷузъи асосии афзоиши аҳолӣ дар вилояти Маскав табдил ёфтаанд.

Сокинони маҳаллии вилоят хеле ками дар кам беш аз як фарзанд ба дунё меоранд. Вилояти Маскав ҳамчунин аз лиҳози шумораи аборт (сақтаи ҷанин) низ пешсаф аст. Дар оилаҳои мусулмонӣ бошад вазъият баракс аст — ҳар оила ба ҳисоби миёна 2,6 фарзанд дорад. Беш аз нисфи муҳоҷирони корӣ дар вилояти Маскав алакай ба далели дар Русия таваллуд шудани фарзандонашон шаҳрвандии Русияро ба даст овардаанд ”, – гуфта мешуд дар он мақола.

Муаллиф ҳамчунин аз волии вилояти Маскав Андрей Воробёв нақли қавл кардааст, ки гуфта буд: “Танҳо бо шарофати омадани муҳоҷирони корӣ аз кишварҳот ба мо дӯсти Осиёи Миёна мо метавонем ба сокинон хидматҳои босифати коммуналӣ (ЖКХ) бирасонем, нақшаи сохтмони манзилу саноати ҳарбиро иҷро кунем. Маҳдуд кардани муҳоҷирати корӣ из лиҳози иқтисоӣ ҳатто имкон надорад”.

Ҳавзаи Любертси бо беш аз 350 ҳазор аҳолӣ дар каронаҳои ҷанубушарқии шаҳри Маскав, дар ҳамсоягии минтақаҳое, чун  Котелники, Дзержинск ва Малаховка ҷойгир шудааст. Солҳои охир шумораи зиёди муҳоҷирон дар ҳамин манотиқи атрофи пойтахти Русия маскан гирифта истодаанд. Маркази ҳавза шаҳри Любертси 230 ҳазор аҳолӣ дошта, дар фосилаи ҳамагӣ 19 километр аз вокзали роҳи оҳани Қазон ва ҳамагӣ чанд километр аз МКАД ва канораҳои ҷанубушарқии пойтахти Русия ҷойгир шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button