ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ХАТАРИ ЯРЧУ САНГРЕЗ ДАР ДИГАР РОҲҲОИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИКИСТОН НИЗ БАЛАНД АСТ (5 АКС)

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бо такя ба маълумоти ҳавошиносон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони ҷумҳурӣ мерасонад, ки ба далели боришоти ахир то рӯзи 24 ноябри соли 2023 дар ноҳияҳои кӯҳистони Тоҷикистон хатари ярчу сангрез баланд боқӣ мемонад.

Кумита бо нашри 5 акс аз маҳалли ярчи субҳи 23 ноябр дар километри 119 – уми шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чанноқ дар ҳудуди ноҳияи Айнии вилояти Суғд хабар дод, ки ҳоло корҳо барои рафъи оқибатҳои ин офати табиӣ дар роҳи ягонаи заминӣ байни шимол ва маркази Тоҷикистон идома дорад. Кумита гуфт, хушбахтона, “бар асари сангрез касе осеб надидааст”.

Бино ба пешбиниҳо, дар бархе қитъаҳои роҳҳои мошингарди Душанбе – Хуҷанд, Душанбе-Лахш, Душанбе-Рашт, Душанбе-Сангвор, Душанбе – Дарвоз – Хоруғ дар соатҳои субҳгоҳиву шомгоҳӣ яхчабандӣ ба амал омада, хатари зиёди фурӯ рехтани ярчу сангрез вуҷуд дорад.

Ба ин далел, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз сокинон ва меҳмонони кишвaр хостааст, ки аз сафар ва сайругашт ба манотиқи тармахез худдорӣ варзида, аз эҳтиёт кор бигиранд.

Ба ронандагон тавсия дода шудааст, ки қабл аз баромадан ба роҳ вазъи роҳро хуб биомӯзанд ва ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳистон ва қитъаҳои xатарнок, фосилаи байни воситаҳои нақлиётро қатъиян риоя кунанд.

 “Дар роҳҳо бодиққат бошед ва эҳтиёт кунед. Ҳаёти худро зери хатар нагузоред. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бори дигар шаҳрвандон ва меҳмонони ҷумҳуриро ба эҳтиёт ва ҳушёрӣ даъват карда, хоҳиш мекунад, ки дар сурати дучор шудан ба ҳодисаҳои фавқулодда ба ин рақамҳо занг бизананд: 112 ваё (+992) 93 880 28 19», – гуфта мешавад дар ҳушдори Кумита.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button