9 АКС АЗ ҶОИ ҲОДИСА: ЛАҒЗИШИ КӮҲПОРА ДАР КИЛОМЕТРИ 119-УМИ РОҲИ ДУШАНБЕ – ХУҶАНД (ВИДЕО)

Ширкати IRS (“Инновейтив Роуд Солюшнз”), ки масъулияти нигоҳубини шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чанноқро бар уҳда дорад, рӯзи 23 ноябри соли 2023 хабар дод, ки субҳи имрӯз дар километри 119 – уми ин роҳи ягонаи заминӣ байни шимол ва маркази Тоҷикистон кӯҳпорае лағзида, ба болои роҳ фурӯ рехт ва дар натиҷа 50 метри роҳ осеби ҷиддӣ дидааст.
“Техникаву механизмҳои намояндагии филиали ширкат дар минтақаи Зарафшон фавран ба маҳалли зикршуда сафарбар гардида, дар муддати кӯтоҳ ҳаракати яксамтаи нақлиёт имконпазир гардид”, – гуфта мешавад дар иттилоия. Ширкат афзуд, ки барои тармими ҳарчӣ зудтари қитъаи осебдидаи роҳ тадбирҳо андешида мешаванд.
Лағзиши кӯҳпора дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд дар пайи боришоти шадиди барф дар ин роҳ аст, ки аз шаби 23 ноябр ба ин тараф идома дорад ва боиси эҷоди бархе маҳдудиятҳо дар равуои мошинҳои боркаш гардидааст.
Ширкати IRS қаблан хабар дод, ки “бо мақсади эҷод накардани монеа ба гузариши дигар воситаҳои нақлиёт, ҳаракати фура ва автомобилҳои боркаши притсепдор бо фосилаи 10 дақиқа аз ҳамдигар роҳандозӣ шудааст. Яъне, пас аз ҳар 10 дақиқа якто чунин автомобил иҷозати гузариш дорад”.
Шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ ягона роҳи заминист, ки вилояти Суғд дар шимоли Тоҷикистонро бо марказ ва дигар минтақаҳои ин ҷумҳурӣ мепайвандад. Роҳи дигари алтернативӣ ба ин вилоят аз тариқи қаламрави Ӯзбекистон буда, хеле тӯлонитар аст ва ҳамчунин дастикам ду маротиба убуру мурур аз марзи Тоҷикистон бо Ӯзбекистонро ба ҳамроҳ дорад.
Шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ бар пояи қариб 300 миллион доллар қарзи Хитой бозсозӣ шуда, соли 2009 пулакӣ карда шуд. Ҳамон вақт масъулияти нигоҳубин ва пулчинӣ дар ин шоҳроҳро ба ширкати ноошнои IRS, ки дар як минтақаи оффшорӣ дар хориҷ аз Тоҷикистон сабти ном шудааст, супурданд. Бархе манобеъ мегӯянд, соҳиби ин ширкат Ҷамолиддин Нуралиев, домоди президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва шавҳари Озода Раҳмон, раиси дастгоҳи иҷроияи президент аст. Худи Нуралиев инро рад мекунад.







