ВидеоМинтақа ва ҷаҳонСиёсат

САФАРИ БА ЗОҲИР КАМҲОСИЛ ВА ЯК ДАСТОВАРДИ МУҲИМИ МУЗОКИРОТИ ПУТИНУ РАҲМОН ДАР КРЕМЛ

Бо вуҷуди онки Кремл аз пеш эълон карда буд, ки дар ҷараёни сафари расмии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, байни Маскаву Душанбе қарордодҳои муҳим ба имзо мерасанд, аз гузоришҳои расмии ҳарду ҷониб бармеояд, дар ҷомадони ин сафар, мутаассифона, ягон қарордоди муҳими баимзорасида нест.

Ва ин сафар, тавре ба назар мерасад, бештар бо пазироии президенти Тоҷикистон аз сӯи ҳамтои русаш Владимир Путин дар бузургтарин толори Кремл – Толори сабз (Зелёная гостиная), тақдими ордени “Барои хидмат ба Ватан”, дараҷаи 3 ба Эмомалӣ Раҳмон  ва Путинро бо сафари ҷавобӣ ба Тоҷикистон даъват кардани ӯ дар ёд мемонад.

Аз ин ҳама, бахусус аз даъвати Путин ба  Тоҷикистон маълум мешавад, ки боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз Кремл бештар хусусияти сиёсӣ дошт, то Маскав ба ҷомиаи ҷаҳонӣ нишон бидиҳад, ки Путин чандон дар  инзивои мутлақ қарор надорад ва бархе сарони кишварҳо ба дидори ӯ меоянд ва ӯро ҳам ба меҳмонӣ ба кишварҳои худ даъват мекунанд.

Зоҳиран дар Душанбе низ танҳо ба хотири онки “шарики стратегӣ наранҷад”, ба ин сафари сирф намоишӣ ва тақрибан беҳосил розӣ шудаанд.

Ба ақидаи нозирон, барои Тоҷикистон, ки беш аз як миллион шаҳрвандаш дар Русия дар муҳоҷиратанд, аз худ хушу розӣ нигоҳ доштани Кремл ва шахсан худи Путин, ки баъди ҷанги зидди Украина худро дар инзивоъ ҳис карда, хеле асабонист, ба сари худ дастоварди андак нест.

Бино ба иттилои расмӣ, Тоҷикистону Русия дар анҷоми музокироти президентҳои ду кишвар Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон 8 санад ба имзо расидааст, ки аз ин шумор ҳам 4 санадаш дар сатҳи ёддошти тафоҳум, яъне ҳусни нияти тарафҳост, дуи дигараш нақшаи ҳамкории вазоратхонаҳо ва танҳо ду санадаш созишномаи ниҳоӣ, вале онҳо низ дар масоили начандон муҳиму тақдирсозе, чун созишномаи мақомоти гумруки ду кишвар пиромуни эътирофи тарафайни мақомоти танзимгарони ваколатдори иқтисодӣ ва созишнома байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Маркази миллии таҳқиқоти “Институти Курчатов”-и Федератсияи Русия оид ба ҳамкориҳои илмӣ ва илмию техникӣ/

Номгӯи 8 санади имзошуда чунин аст:

– Нақшаи ҳамкорӣ дар соҳаи саноат байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва савдои Федератсияи Русия;

– Ёддошти тафоҳум байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати нақлиёти Федератсияи Русия дар бораи рушди ҳамкорӣ дар тайёрӣ ва бозомӯзии мутахассисон дар соҳаи нақлиёт;

– Нақшаи амалии ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия барои солҳои 2023-2025;

– Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисоди Федератсияи Русия;

– Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии приставҳои судии Федератсияи Русия;

– Созишнома байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии гумруки Федератсияи Русия дар бораи эътирофи тарафайни мақомоти танзимгарони ваколатдори иқтисодӣ;

– Ёддошти тафоҳум оид ба масъалаҳои назорати меҳнат ва мусоидат ба шуғли аҳолӣ байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии меҳнат ва шуғли аҳолии Федератсияи Русия;

– Созишнома байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Маркази миллии таҳқиқоти “Институти Курчатов”-и Федератсияи Русия оид ба ҳамкориҳои илмӣ ва илмию техникӣ.

Ноомодагии Кремл ба сафари Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии Путин низ ҳис мешуд, чунки ӯ дигарбора арқому омори соли гузаштаро баршумурд, ки ҳаҷми тиҷорати ду кишвар дар соли 2022 ба ҳадди 24% афзуда, ба 1,7 миллиард доллар расид ва содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба Русия соли гузашта 87% афзуд. Путин ҳамчунин тарҳҳо кӯҳнае, чун бунёди 5 мактаби русӣ дар Тоҷикистон, фиристодани 72 омӯзгори рус ва нирӯгоҳи 15 сол пеш сохташудаи Сангтӯдаро бори дигар ҳамчун намунаҳои ҳамкории ду кишвар баршумурд, вале дар бораи тиҷорати ду кишвар дар соли 2023 ягон рақам наовард. Ӯ танҳо аз он изҳори қаноатмандӣ кард, ки 83% тиҷорат байни Русияву Тоҷикистон ҳоло бо рубл сурат мегирад.

Як мавзӯи барои Тоҷикистон ҳаётан муҳиме, ки ҳама чашмбароҳи матраҳ шуданаш дар музокироти Раҳмону Путин дар Кремл буданд, мушкилоти муҳоҷирони тоҷик буд, ки дар ин авохир ба мавҷи маъракаҳои нави фишор ва эҷоди маҳдудиятҳои нав ба нав дучор шудаанд.

Путин дар изҳороташ дар пайи музокирот бо президенти Тоҷикистон мавзӯи муҳоҷиратро, ба қавли маъруф, як гуфту гузашт: “Дар Русия наздики як миллион, ҳатто беш аз як миллион аз тоҷикистониҳо кор мекунанд. Онҳо дар соҳаҳои гуногун машғули кор буда, ба рушди иқтисоди Русия саҳми бузург мегузоранд. Ин ҳам муҳим аст, ки пулҳои фиристодаи онҳо як такяи муҳим барои иқтисоди Тоҷикистон низ ҳаст. Таъкид мекунам, ки мақомоти мо кӯшиш мекунанд, то тоҷикистониҳоро дар Русия  бо шароти кору ҳимояти иҷтимоии шоиста таъмин кунанд”.

Путин дар ин маврид боз ҳам соли гузашта дар Душанбе ба кор сар кардани намояндагии Маркази Сахароворо мисол овард.

Эмомалӣ Раҳмон дар изҳороташ баъди мулоқот бо Путин масоили муҳоҷиронро зикр накард, вале хадамоти матбуоташ хабар дод, ки дар мулоқоти президенти Тоҷикистон бо сарвазири Русия Михаил Мишустин, ки низ рӯзи 21 ноябр дар Маскав доир шуд, “ҷонибҳо ҳамчунин оид ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ва дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.” Дар бораи инки Раҳмон ва Мишустин кадом масоили муҳоҷиронро бардоштанд ва ба чӣ тавофуқе дар ин масоил даст ёфтанд?, дар хабар чизе гуфта нашудааст.

Ба сурати умум, тавре ба назар мерасид, Путин аз ин ки Эмомалӣ Раҳмон сухани ӯро ду накард ва ба Маскав омад, хушу розист. Ин аз лаҳни гарми суҳбатҳои ӯ дар дидор бо президенти Тоҷикистон хуб эҳсос мешуд. Ва ин ки ӯ Эмомалӣ Раҳмонро “барои саҳми шахсиаш дар таҳкими муносибатҳои  шарикии стратегӣ ва иттифоқчигӣ байни ду кишвар, ҳамчунин дар тахмини субот ва амнияти минтақа” бо ордени  “Барои хидмат ба Ватан”, дараҷаи 3 қадрдонӣ кард, низ баёнгари то чӣ андоза хушу розӣ будани Кремл аз ин иқдоми дӯстонаи шарики стратегиашон аст.

Нозирони умур мегӯянд,  ба вижа баъди ҷанги зидди Украина асабонияти Кремл ва худи Путин нисбат ба кишварҳое, ки дар Маскав минтақаи нуфузи суннатии худ мешуморанд, барҷастатар шудааст ва мисоли ахирашро дар намунаи Арманистон дидем, ки чӣ гуна дар як шаб аз тамоми Қаробоғ маҳрум шуд. Ба ин далел, меафзоянд аҳли назар, барои Тоҷикистон, ки беш аз як миллион шаҳрванди қобили кораш дар Русия кору зиндагӣ мекунад,  аз худ хушу розӣ нигоҳ доштани Кремл ва шахсан худи Путин ба сари худ як дастоварди муҳим аст, ки инро метавон ҳамчун натиҷаи асосии ин сафари ба зоҳир камҳосили Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав номид.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button