ВидеоМинтақа ва ҷаҳонСиёсат

ПРЕЗИДЕНТҲО ЧӢ МЕХӮРАНД? НАШРИ МЕНЮИ НАҲОРИИ БЕ ГАЛСТУКИ ПУТИН ВА РАҲМОН ДАР КРЕМЛ (ВИДЕО)

Президентҳои Русия ва Тоҷикистон Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон дар пайи музокироти рӯзи 21 ноябри соли 2023 субҳи 22 ноябр суҳбатҳояшонро дар ҷараёни як наҳории ғайрирасмӣ идома додаанд. Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 21 ноябр бо сафвари расмии дурӯза вориди Маскав шуд ва худи ҳамон рӯз бо Владимир Путин музокирот анҷом дод, аз ҷумла дар формати як ба як.

Субҳи 22 ноябр Путин барои меҳмонаш наҳории ғайрирасмӣ ташкил кард. Ҳарду президент ба наҳорӣ бидуни галстук омаданд. Пеш аз онки сари миз бинишинанд, бо пешниҳоди Путин, ҳарду пиҷакҳои худро низ кашиданд ва сипас сари миз нишастанд.

Бино ба гузориши хадамоти матбуоти Кремл, номгӯи таом, ё менюи наҳории Путин ва Эмомалӣ Раҳмон аз чанд навъи салат, буридаҳои панир, меваву сабзавот, маска, об ва шарбатҳо иборат буд.

Путин ва Эмомалӣ Раҳмон дар ду тарафи муқобили миз нишастанд. Дар рӯи дастурхон дар пеши ҳар кадом онҳо чанд тақсимча бо ғизоҳои гуногун ва ҳамчунин се бокал, ё қадаҳи пур аз шарбат гузошта шуда буд.

Қаблан сухангӯи Путин Дмитрий Песков ба журналистон гуфт, Путин ва Эмомалӣ Раҳмонро муносибатҳои хеле наздики дӯстона муттаҳид мекунад ва ин дӯстии шахсии байни онҳо ба равобити ду кишвар низ таъсири мусбат мегузорад. Ӯ дар посух ба ин суол, ки оё мояҳои норозигӣ байни Маскаву Душанбе пиромуни ягон масъала вуҷуд дорад?, гуфт, “бо чунин муносибатҳои дӯстона байни инҳо чӣ гуна даъвое боз буда метавонад?”

Путин дар ҷараёни сафари Эмомалӣ Раҳмон ӯро бо ордени “Барои Хидмат ба ватан”, дараҷаи 3 қадрдонӣ кард ва Эмомалӣ Раҳмон ба навбати худ аз Путин даъват кард, ки дар ҳар фурсати барояш муносибат аз Тоҷикистон боздид кунад.

Вале дар ҷараёни сафар тарафҳо ягон созишномаи муҳим имзо накарданд. Ҳамагӣ 8 санади камаҳамият имзо шуд, ки аз ин шумор ҳам чор санадаш ёддошти тафоҳум ва дуи дигараш нақшаҳои ҳамкорӣ буд ва танҳо ду санадаш созишнома, вале он ҳам байни хадамоти гумруки ду кишвар дар як масъалаи начандон муҳиму ҳаётӣ ва якеи дигар байни Академияи илмҳои Тоҷикистон ва Институти Курчатов.

Путин ва Раҳмон рӯзи 23 ноябр дигарбора вомехӯранд ва ин бор дар шаҳри Минск дар нишасти сарони кишварҳои узви ОДКБ.

Идомаи музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Русия 22.11.2023
Идомаи музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Русия 22.11.2023

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Губернатори Тоҷикистон ва дасти дуъои Путин гуяд:

    Путин: Эмомалӣ Шарифович матлаби хоссе доред?
    Раҳмон: Рустам пурра омода аст, Владимир Владимирович!
    Путин: Шумо ҳамсояи Афғонистон ҳастед, Эмомалӣ Шарифович, кадри ҷавон мавриди эътимод нест.
    Раҳмон: Туркманистон ҳам ҳамсояи Афғонистон аст, Владимир Владимирович!
    Путин: Шумо ҳамдину ҳамзабон ҳастед, эҳтиёт бошед, ҳанӯз барвақт аст, Эмомалӣ Шарифович!
    Раҳмон: Бо зинда буданам “оформить” кунем, шояд дертар бимирам ва тоҷу тахти Рустамро бубинам.
    Путин: Майлаш, бо сафари ҷавобӣ ба Душанбе меоям, онҷо нуқта мегузорем.
    Раҳмон: Аз сар то поятон гул мерезам, Владимир Владимирович!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button