
Келину хушдомане, ки видеои ҷанҷолу занозаниашон ахиран ба Интернет роҳ ёфт ва чанд рӯз боз як мавзӯи вирди забони мардум шудааст, рӯзи 22 ноябри соли 2023 дар як видеои наву муштарак гуфтанд, ки он ҷанҷоли онҳо кӯҳна буд ва ҳоло ҳарду оштӣ шудаанд ва дар канори ҳам дар сулҳу салоҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ зиндагӣ доранд.
Келини хонавода гуфт, ки он видеоро дар сари қаҳр ҳангоми ҷанҷолашон як ило якуним сол пеш сабт карда буд ва онро ҳам танҳо барои оилаи худашон ва мақсади дар Интернет ба тамоми ҷумҳурӣ паҳн карданашро надошт.
Ӯ гуфт, ки ҳоло бо хушдоманаш ягон мушкил надорад ва намедонад, ки кӣ ва бо кадом мақсад он видеоро аз телефони ӯ дуздида, дар Интернет паҳн кардааст? Ин зан аз ҳама хост, ки он видеоро пок кунанд ва хонаву дари ободашро вайрон накунанд.
Хушдомани ӯ дар ин видео нақл кард, ки дар ҳақиқат вақте ки келинаш ба ӯ ҳарфҳои сахт зад, бо ӯ ҷанҷол карда буд. Вале, гуфт хушдоман, “баъди он ҷанҷолҳо келинам одами хуб шуд ва ҳоло мо ҳарду мисли дугонаем”. Ин зан ҳамчунин гуфт, ки 5 келин дорад ва ҳарфҳои тунде, ки нисбаташ дар зери видеоҳои нашршуда задаанд, хеле сахташ расидаанд. “Шумо мехоҳед, ки ҳамин хонаи ободи келини ману шавҳару фарзандонаш вайрон шавад?”– гуфт хушдоман.
Дар видеое, ки нашр шуд, дида мешуд, ки келине, ки рӯи худаш наменамояд, хушдоманашро бо телефон ба навор гирифта истода, ӯро гунаҳкор мекунад, ки бо чӯб латтукӯбаш кардааст.
Хушдоман, ки ӯ ҳам дар даст телефон дораду маълум нест, ки ӯ ҳам ба навор гирифта истодааст ваё мехоҳад ба касе занг бизанад, иддаои келинашро рад мекунад ва қасам мехӯрад, ки ба ӯ даст нарасондааст. Келин ҳамчун шоҳид духтарчаи хурдсолашро, ки дар ҳуҷраи дигар гиря карда, нишаста буд, даъват мекунад ва аз ӯ мепурсад, ки “момаат маро бо чӣ зад? Бо чӯб зад?” Духтарча ҳамчунон гирёну нолон тасдиқ мекунад, ки “зад”.
Дар идомаи сабт хушдоман инони ихтиёрро аз даст дода, аввал ба сӯз додану усал кардани келинаш мепардозад ва сипас ба ҳуҷраи ӯ даромада, ба чаппа кардани ҷевону оина ва дигар чизу чорааш шурӯъ мекунад. Иттифоқан бархе аз ин чизу чора болои кӯдаки дуюми келин меафтанд ва ӯ доду ғиревро мебардорад, ки “бачаамро куштӣ!”
Бино ба иттилои дарёфтӣ, ин муноқиша дар як хонадони бонуфуз рух додааст.
Муноқишаҳо байни хушдоманҳо ва келинҳо як мушкили доғ дар бисёре аз хонаводаҳо дар Тоҷикистон боқӣ мемонад. Ҷомиашиносон як сабаби онро дар ин мебинанд, ки дар бисёр оилаҳо ба сабаби дасти кӯтоҳ ва тангии шароит баъди издивоҷи фарзандон низ маҷбуранд чандин сол ҳамроҳи оилаи фарзандашон зери як бом зиндагӣ кунанд.

