ВидеоМуҳоҷиронҲодиса

ҲАВОПАЙМОИ МАСКАВ – ХУҶАНД ДАР НИМИ РОҲ ДАР ФУРУДГОҲ САМАРА НИШАСТ

Шаби чоршанбе, 22 ноябри соли 2023, ҳавопаймои мусофирбари ширкати русии “Уралские Авиалинии”, ки аз фурудгоҳи Жуковский дар канори Маскав ба шаҳри Хуҷанд дар шимоли Тоҷикистон парвоз мекард, ба таври изтирорӣ дар фурудгоҳи шаҳри Самара нишастааст. Дар ин бора Телеграм-канали Авиаинтсидент, ки ҳодисаҳои фавқулодда дар ҷараёни парвозҳоро пайгирӣ мекунад, хабар дод. Бино ба иттилои ин канал, соати 02:46 ба вақти Самара (01:46 ба вақти Маскав ва 03:46 ба вақти Тоҷикикистон) дар минтақаи диспетчерии Самара экипаж ба далели бад шудани аҳволи саломатии яке аз мусофирон тасмим гирифт, ки дар фурудгоҳи наздиктарин бинишинад. Аз ҳама наздик фурудгоҳи “Курумоч” дар канори шаҳри Самара буд.

 “Экипаж ҳамчунин хостори даъвати “Ёрии таъҷилӣ” ба фурудгоҳ шуд. Ҳавопаймо соати 02:26 бомуваффақият дар фурудгоҳи Самара нишаст. Ин ҳавопаймои “Эйрбус А 321” буда, ба ширкати “Уралские авиалинии” тааллуқ дошт ва дар хатсайри Жуковский – Хуҷанд парвоз дошт”, – гуфта мешавад дар хабар.

Тафсилоти дигар дода нашудааст. Маълум нест, ки мусофири парвози Маскав – Хуҷанд гирифтори чӣ беморие шудааст, ки ҳавопаймо дар ними роҳ маҷбур шуд, ки пойин шавад?

Дар вақтҳои охир ин алакай дастикам сеюмини ҳолати нишасти изтирории ҳавопаймоҳои мусофиркашест, ки аз Русия ба Тоҷикистон парвоз доштанд.

Қаблан ҳамин канали “Авиаинтсидент” хабар дода буд, ки субҳи барвақти 15 октябри соли 2023 ҳавопаймои ширкати “Уралские авиалинии”, ки аз фурудгоҳи Домодедовои пойтахти Русия ба Хуҷанд парвоз дошт, ба таври изтирорӣ дар фурудгоҳи Оренбург нишаст. Ин канал таъкид кардааст, ки ҳавопймо ба далели якбора бад шудани аҳволи саломатии як мусофираш бо вазни аз меъёри ҳадди ақал хеле зиёд соати 04:23 дар Оренбург фуруд омада, баъди якуним соат, соати 05:56 дигарбора ба қасди Тоҷикистон ба ҳаво хест ва ба парвозаш идома дод.

Ҳамин тавр, рӯзи 12 октябри соли 2023 ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр”, ки аз шаҳри Сургути Русия ба шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон парвоз мекард, баъди як соати ба ҳаво хестанаш ҳангоме ки дар минтақаи масъулияти маркази диспетчерии Новосибирск  қарор дошт, ба иллати бемории як мусофираш тасмим гирифт, ки ба фурудгоҳи Сургут баргардад.

Ҳамчунин, рӯзи 4 ноябри соли 2023 ҳавопаймои мусофиркаши ширкати русии  Utair, ки аз шаҳри Маскав, пойтахти Русия, ба шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон парвоз мекард, ба далели бемор шудани як мусофираш ба сурати фавқулодда дар фурудгоҳи шаҳри Атирау дар шимоли Қазоқистон фуруд омад. Телеграм-канали “Авиаинтсидент” хабар дод, ки экипажи ҳавопаймо қабл аз нишастан дар бораи аз меъёри нишаст зиёд будани вазнаш низ хабар додааст. Бино ба ҳисобҳо, вазни аз меъёр барзиёди ҳавопаймо тақрибан 800 кило будааст ва экипаж қабл аз фуруд омадан дар фазои Атирау чанд даври иловагӣ задааст, то маводи сӯхташро бисӯзонад ва вазни худро кам кунад. Дар ниҳоят ҳавопаймо бидуни мушкил тавонистаст фуруд биояд ва табибони маҳаллӣ ба мусофири бемор кумаки оҷили тиббӣ расондаанд. Баъди муоинаи ҳолати фаннии ҳавопаймо дар фурудгоҳи Атирау, ба экипаж барои идомаи парвоз иҷозат додаанд.

 “Авиаинтсидент” зикр кардааст, ки ҳавопаймое, ки дучори ин ҳолати фавқулодда шуд, ба номи сарвазири собиқи Русия Виктор Черномирдин номгузорӣ шудааст. Ширкати Utair соли 2018 ба шарафи 80-солагии сарвазири фақиди Русия як ҳавопаймои Боинг-767-ашро “Виктор Черномирдин” ном карда буд.

Ин ҳолатҳои нишастҳои изтирории ҳавопаймоҳои роҳии Тоҷикистон дар ҳолест, ки ин шабу рӯз мавҷи мавсими муҳочирони корӣ аз Русия ба кишварҳои зодгоҳашон фаро расидааст.

Ҳар сол беш аз як миллион нафар аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон барои таъмини ризқу рӯзии хонаводаҳои худ ба хориҷ ва асосан ба Русия ба мардикорӣ мераванд. Бо расидани фасли сармо, асосан дар фасли тирамоҳ аксари ин муҳоҷирон аз минтақаҳои иқлимашон қаҳратуни Русия ба Ватан бармегарданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button