ҒОРАТГАРӢ ДАР КӮЧАИ ЗОКОНӢ, ДУЗДИҲО ДАР ШАҲРИТӮСУ БАЛҶУВОН ВА ДУ ҚАЛЛОБӢ
Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 21 ноябри соли 2023
Боздошти марди 38-сола бо ҷурми ғоратгарӣ
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 61-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 19-уми ноябри соли 2023, тахминан соати 14:10-дақиқа, дар кӯчаи Убайди Зоконии пойтахт марди 38-солаи сокини шаҳри Душанбе дар ҳолати мастӣ ӯро лату кӯб намуда, баъдан бо тариқи зӯроварӣ аз дасташ 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг А-24”-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.
Оид ба ин ҳодиса санҷиш идома дорад.
Ифшо шудани ҳодисаҳои дуздӣ
Ба ШВКД дар ноҳияи Шаҳритӯс бо ариза зани 64-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи октябри соли 2023, шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ ба манзили истиқоматиаш даромада, аз он ҷо молу ашёҳои рӯзгор, 1-адад соати дастии мардона ва 1-адад айнаки мардонаро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 40 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 23-солаи сокини ноҳияи Панҷ, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Инчунин, гумонбаршаванда бо ҳамин роҳ аввалҳои моҳи ноябри соли 2023, ба манзили истиқоматии зани 33-солаи сокини ноҳияи Шаҳритӯс даромада, аз дохили ҷузвдон ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 10 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамин тариқ, ба ШВКД дар ноҳияи Балҷувон аризаи марди 36-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки моҳҳои сентябр-октябри соли 2023, шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ аз чарогоҳи деҳаашон 2 сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 13 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 28-солаи сокини ноҳияи Ховалинг, ки пеш бо моддаи 245 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ҳодисаҳои мазкур тафтишот идома дорад.
Содир гардидани ҷиноятҳои қаллобӣ бо истифода аз боварӣ
Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ марди 31-солаи сокини ноҳияи мазкур бо ариза муроҷиат намудааст, ки 23-юми октябри соли 2023, ҳангоми дар назди маркази савдои “Кӯшониён”-и шаҳри Душанбе қарор доштанаш, марди 28-солаи сокини шаҳри Кӯлоб бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ ба маблағи 91 ҳазору 599 сомонӣ лавозимоти рӯзгорро гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст. Ин ҳодиса мавриди тафтиш қарор дорад.
Инчунин, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки 15-уми июли соли 2023, марди 55-солаи сокини шаҳри Истаравшан, бо роҳи фиреб ба боварии марди 33-солаи сокини шаҳри мазкур даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи «БМВ»-ро ба маблағи 165 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, автомашинаи мазкурро ба маблағи 120 ҳазор сомонӣ фурӯхта, маблағи ба даст овардаро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Оид ба ин ҳодиса нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда,тафтишот идома дорад.