ВидеоДин ва боварҳоМинтақа ва ҷаҳон

БОЗДОШТИ ФОТИМА ҒИЁСОВА ВА ПИСАРАШ МАҲМАДУЛЛО ДАР ТУРКИЯ

Мақомоти Туркия рӯзи 17-уми октябри соли 2023 бо дархости Тоҷикистон як зани тоҷикро ҳамроҳи писараш боздошт кардаанд ва инак беш аз як моҳ боз масъалаи истирдоди онҳо ба Душанбе дар дасти баррасӣ қарор дорад.

Бино ба иттилои радиои зану шавҳар Аюбовҳо (собиқ радиои Озодӣ), Фотима Ғиёсоваи 44-сола ва писари 19-солааш Маҳмадулло Дониёрзода дар Тоҷикистон ба  “иштирок дар ҷанги Сурия” айбдор мешаванд. Худи онҳо ин иттиҳомро рад мекунанд. Ба гуфтаи наздиконашон, ду ҳафта пеш додгоҳи Туркия дархости адвокат барои раҳоии онҳоро рад карда,  гуфтааст, мақомоти Тоҷикистон то ҳол дархости истирдоди ин ду нафарро пас нагирифтааст.

Мақомоти Тоҷикистон расман дар ин бора изҳори назар накардаанд, вале ба гуфтаи Дониёрзодаҳо, ҷониби Тоҷикистон гӯё дар дархосташ гуфта бошад, ки гӯё аъзои ин оила соли 2016 ба Сурия рафта будаанд. Маълум нест, ки ин иддао то куҷо воқеъият дорад?

Иброҳим Дониёрзода, писари Фотима Ғиёсова, ки ҳоло дар Маҷористон (Венгрия) қарор дорад,  рӯзи 18-уми ноябр гуфт, ҳеҷ кадом аз аъзои хонаводаи онҳо ба Сурия нарафтааст ва мақомоти Тоҷикистон бидуни далел онҳоро таҳти пайгарди пулиси байналмилалии Интерпол қарор додаанд. Иброҳим Дониёрзода гуфт, соли 2022 худи ӯро ҳам бо чунин дархост дар Маҷористон боздошт карда буданд, вале дертар раҳояш намуданд.

“Панҷ моҳ мешавад бо кумаки бахши иҷтимоии ин кишвар ҷои кор дорам ва дар як корхонаи марбут ба ширкати “Самсунг” дар Венгрия кор мекунам. Дар соли 2016 падарамро ҳам мақомоти Туркия боздошт карда буданд ва баъди тафтиш раҳояш карданд, чунки ба Сурия рафтанаш исбот нашуда буд”, – гуфтааст Иброҳим Дониёрзода.

Мақомоти Тоҷикистон расман боздошти ду увзи як хонавода дар Туркияро шарҳ надодаанд.

Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ ва Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи шаҳри Душанбе ба суолҳо дар робита ба ин қазия посух надодаанд. Дар Консулгарии Тоҷикистон дар Истанбул дар робита ба ин қазия  хостори ба шакли хаттӣ ироа кардани суолҳо шудаанд, вале бо гузашти беш аз даҳ рӯз аз замони ирсоли саволҳо ба почтаи электронии консулгарӣ то ҳанӯз ҷавобе аз он ҷониб нарасидааст.

Марям Дониёрзода,  фарзанди дигари  ин хонавода қаблан гуфта буд, ки: “Соли 2016 аз ВКД-и Тоҷикистон ба Туркия омаданд ва ба падарам гуфтанд, ки биёед, бо мо ҳамкорӣ кунед. Падарам рад кард ва онҳо рафта моро дар ҷустуҷӯ доданд.”

Сомонаи “Hungary Today” 4 ноябри соли 2022 навишта буд, ки Иброҳим Дониёрзода дар Сурия алайҳи нерӯҳои давлатӣ ҷангидааст ва ҳоло ба ӯ 12 соли зиндон таҳдид мекунад.

Бино ба иттилои муаллифи гузориш Мирзонабии Холиқзод, хонаводаи Дониёрзодаҳо аз соли 2015 дар вилояти Хоҷаил, як вилояти воқеъ дар канораҳои шарқии шаҳри Истанбул зиндагӣ мекунанд ва дар Туркия ҳаққи иқомат доранд. Хоҷаил то соли 1923 Измит ном дошт ва сипас ба номи Оқча Хоҷа, яке аз ёрони асосгузори салтанати Усмонӣ гузошта шуд.

Туркия дар солҳлои қабл як масири асосии ба Сурияву Ироқ рафтан ва ба саффи гуруҳҳои тундрав, асосан ба ДОИШ пайвастани ҷангҷӯён ба шумор мерафт. Ба ҳисоби мақомот, дар умум беш аз 2 ҳазор аз зодагони Тоҷикистон, аз ҷумла даҳҳо нафари онҳо хонахез бо зану фарзандон ва ҳатто бо падару модарони худ ба Ховари Миёна, ба сарзамини ба ном “хилофати исломӣ” рафтаанд. Бовар меравад, ки аксари онҳо низ аз тариқи Туркия худро ба Ироқу Сурия расондаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button