Ҳодиса

ВИДЕО +18: ҶАНҶОЛУ ЗАНОЗАНИИ ХУШДОМАН ВА КЕЛИН ДАР ПЕШИ ЧАШМИ ТИФЛОНИ ХУРДСОЛ

Рушди фанновариҳои муосир барои мардум имконоти фаровонеро фароҳам овардааст, ки ҳамагӣ 20 ило 30 сол пеш касе ҳатто орзуяшро намекард. Аз ҷумла ҳоло сокинон имкон доранд, ки мушкилоти мавҷуда, барои мисол ифлосии кӯчаву даромадгоҳ, ё ҷӯйбори крани беоб ва хонаҳои бебарқро ба навор гирифта, филҳол тавассути Интернет паҳн кунанд ва масъулинро ба ислоҳи ин камбудиҳо даъват кунанд.

Аммо ин имконот ҳамчунин ба бархе имкон дод, ки гапи хонаашонро ҳам ба кӯча бароранд. Вақтҳои охир дар Интернет даҳҳо видеои хонавайронкуне нашр шуд, ки чӣ гуна келини хона ҳангоми зино бо марди бегона ба даст меафтад.

Аммо видеое, ки тоза дар Интернет шуд,  аз боз шудани саҳифаи дигаре дар истифодаи мардум аз фанновариҳои муосир хабар медиҳад.

Ин бор як келин бадрафтории хушдоманаш нисбат ба худро сабт карда, дар Интернет гузоштааст.

Дар сабт дида мешавад, ки келин, ки рӯи худаш наменамояд, хушдоманашро бо телефон ба навор гирифта истода, ӯро гунаҳкор мекунад, ки бо чӯб латтукӯбаш кардааст.
Хушдоман, ки ӯ ҳам дар даст телефон дораду маълум нест, ки ӯ ҳам ба навор гирифта истодааст ваё мехоҳад ба касе занг бизанад, иддаои келинашро рад мекунад ва қасам мехӯрад, ки ба ӯ даст нарасондааст. Келин ҳамчун шоҳид духтарчаи хурдсолашро, ки дар ҳуҷраи дигар гиря карда, нишаста буд, даъват мекунад ва аз ӯ мепурсад, ки “момаат маро бо чӣ зад? Бо чӯб зад?” Духтарча ҳамчунон гирёну нолон тасдиқ мекунад, ки “зад”.

Дар идомаи сабт хушдоман инони ихтиёрро аз даст дода, аввал ба сӯз додану усал кардани келинаш мепардозад ва сипас ба ҳуҷраи ӯ даромада,  ба чаппа кардани ҷевону оина ва дигар чизу чорааш шурӯъ мекунад. Иттифоқан бархе аз ин чизу чора болои кӯдаки дуюми келин меафтанд ва ӯ доду ғиревро мебардорад, ки “бачаамро куштӣ!”

Бино ба иттилои дарёфтӣ, ин муноқиша дар як хонадони бонуфуз рух дода, хушдомане, ки бо келин чунин муносибат мекунад, хоҳари А. ном як мансабдори дар гузашта хеле баландпоя аст. Аммо азбаски А. рабти мустақиме ба ин муноқиша дар оилаи хоҳараш надорад, идораи “Бомдод” аз овардани номи ин мансабдори собиқ худдорӣ мекунад.

Муноқишаҳо байни хушдоманҳо ва келинҳо як мушкили доғ дар бисёре аз хонаводаҳо дар Тоҷикистон боқӣ мемонад. Ҷомиашиносон як сабаби онро дар ин мебинанд, ки дар бисёр оилаҳо ба сабаби дасти кӯтоҳ ва тангии шароит баъди издивоҷи фарзандон низ маҷбуранд чандин сол ҳамроҳи оилаи фарзандашон зери як бом зиндагӣ кунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Келине, ки ба рӯи хушдоман чунин дод мезанад, магар ин худ шармандаги нест. Иззату ҳурмат агар мекард хушдомани худро мумкин, ки ин гуна рафторҳо рӯй надиҳанд. Ҳеҷ кас агар задани дошад ба келини бомаданияту ботақво бамаънию хушсухан ҳеч вакт ягон корро раво намебинад.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button