Дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт дар даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 нахустин пирӯзии худро ба даст овард. Ва он ҳам бо ҳисоби бузурги 6:1!
Яккачини Тоҷикистон дар бозии дуюми гурӯҳи «G» бар тими миллии Покистон ғолиб омад. Футболбозони тоҷик тақдири бозиро алакай дар қисми аввали рақобат ҳал карда, бо натиҷаи 4:1 ба танаффус рафтанд. Дар қисми дуюми бозӣ шогирдони Сегрт ба дарвозаи Покистон боз ду голи дигар зада, пирӯзии худро таҳким бахшиданд.
Ду голи тими Тоҷикистонро Амадонӣ Камолов ба самар расонд. Рустам Соиров, Парвизҷон Умарбоев, Эҳсони Панҷшанбе ва Шаҳром Самиев дар ин бозӣ якголӣ заданд. Ягона голи тими Покистонро Рохис Набӣ ба дарвозаи Тоҷикистон ворид кард.
Дастаи Тоҷикистон бозии навбатии худро дар марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар меҳмонӣ бо тими Арабистони Саудӣ анҷом медиҳад. Ин дидор 21 марти соли оянда барпо мегардад.
Дар даври якум тими Тоҷикистон бозиашро бо тими Урдун бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом дод. Футболбозони тоҷик, ки дар анҷоми бозӣ ҳисобро кушода буданд, метавонистанд аз он рақобат ҳам ғолиб берун биоянд, вале дар дақиқаҳои иловагӣ ба тими Урдун муяссар шуд, ки бо як зарбаи нишонрас ба дарвозаи Тоҷикистон пирӯзиро аз футболбозони тоҷик “бидузданд”.
Голҳо: Амадонӣ Камолов, 9 (0:1). Рустам Соиров, 13 (0:2). Рохис Набӣ, 21 (1:2). Парвизҷон Умарбоев, 26 (1:3). Эҳсони Панҷшанбе, 45 (1:4). Амадонӣ Камолов, 66 (1:5). Шаҳром Самиев, 90+1 (1:6).
Ҳайъати Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Аҳтам Назаров, Ваҳдат Ҳанонов, Зоир Ҷӯрабоев, Манучеҳр Сафаров (Содиқҷон Қурбонов, 84), Амирбек Ҷӯрабоев, Эҳсони Панҷшанбе, Амадонӣ Камолов (Шервонӣ Мабатшоев, 84), Парвизҷон Умарбоев (Руслан Хайлоев, 88), Алишер Ҷалилов (Алиҷони Бӯризод, 68), Рустам Соиров (Шаҳром Самиев, 68).