ВидеоФарҳанг

МАКТАБИ №8-РО ДАР МАРКАЗИ ДУШАНБЕ БА НОМИ БОЗОРИ СОБИР МЕГУЗОРАНД

Рӯзи 20 ноябри соли 2023, агар умр вафояш мекард, Бозор Собир, яке аз маъруфтарин шоирони тоҷики нимаи дуюми асри 20 ва аввали асри 21 ба синни 85 мерасид. Дар ин рӯз шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ бо имзо як қарор аз Комиссияи муваққатии Маҷлиси вакилони халқи пойтахт оид ба номгузорӣ тақозо карда, ки  ба маҷлиси вакилони пойтахт “дар бораи номгузорӣ намудани Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба номи шоири маъруфи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, ордени «Ситораи Президенти Тоҷикистон» дараҷаи 3 Бозор Собир таклиф пешниҳод намояд”.

Шаҳрдории Душанбе рӯзи 20 ноябр ба шарафи зодрӯзи Бозор Собир маҳфили поси хотири ӯро таҳти унвони “Шоиру шеъре агар ҳаст…” доир кардааст.

Шогуна Собир, духтари Бозор Собир барои чунин қадрдонӣ ба мақомоти пойтахт аз номи фарзандони шоир ва модарашон Гулчеҳра Собир изҳори сипос кардааст.

Бозор Собир 20 ноябри соли 1938 дар деҳаи Сӯфиёни ноҳияи Файзобод (ҳоло марбут ба шаҳри Ваҳдат) дида ба ҷаҳон кушода, 1 майи соли 2018 дар шаҳри Сиэттли Амрико дар синни 79 аз олам чашм пӯшид. Бозор Собирро дар оромгоҳи Лучоби Душанбе ба хок супурданд.

Бозор Собир яке аз барҷастатарин шоирони тоҷики нимаи дуюми асри 20 ва аввали асри 21 шинохта шудааст. Ӯ соли 1990 ба сиёсат оварда, аз Файзобод вакили Шӯрои олӣ, парлумони вақти Тоҷикистон интихоб шуд, вале ҳамагӣ як сол баъд мандати вакилиашро супурд. Соли 1993, дар пайи пирӯзии Фронти халқӣ Бозор Собирро ба ҳабс кашиданд ва ӯ танҳо моҳи декабри соли 1993 бо миёнаравии созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон аз маҳбас озод шуда, аввал ба Маскав ва аз онҷо ба Амрико ҳиҷрат кард. Соли 2013 Бозор Собир бо даъвати шахсии президент Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон баргашт ва аз он сол ба баъд то дами маргаш гоҳ дар Тоҷикистон гоҳ дар Амрико, ки аксари фарзандону наберагонаш онҷоянд, ба сар мебурд.

Бозор Собир аз соли 1973 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва СССР буда, соли 1988 ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ, муътабартарин ҷоизаи адабии Тоҷикистонро ба даст овардааст.

Аз Бозор Собир чанд китоби шеър ба ёдгор монд. Аз ҷумла: «Пайванд» (1972), «Оташбарг» (1974), «Гули хор» (1978), «Мижгони шаб» (1981), «Офтобниҳол» (1982), «Оташбарг» (1984; бо ҳуруфи форсӣ, соли 1990 ба забони русӣ), «Бо чашидан, бо чамидан» (1987), «Чашми сафедор» (1991), «Симхор» (1995), «Аз Ватан вақте ки мерафтам» (1999), «Аз гули хор то симхор» (2003), «Шоиру шеъре агар ҳаст» (2004), «Хуни қалам» (2010), «Лолаи сиёҳ» (2010).

Бозор Собир ба вижа бо ашъораш дар бораи Ватан, забони модарӣ, Тоҷикистон маҳбубияти зиёд ба даст овардааст. Таронаи “Аз хуни Сиёвушем” бар матни Бозор Собир аз ҷониби бисёриҳо ҳатто ҳамчун як гимни ғайрирасмии Тоҷикистон қабул шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button