ЭМОМАЛӢ РАҲМОНРО ДАР МАСКАВ БО ҚАРОВУЛИ ФАХРӢ ПЕШВОЗ ГИРИФТАНД (ВИДЕО)
Субҳи 21 ноябри соли 2023 президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмии дурӯза вориди Маскав шуд. Ӯ дар Маскав бо президенти Русия Владимир Путин мулоқот мекунад.
Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи “Внуково-2”, ки сирф барои қабулу гусели ҳайъатҳои расмӣ ва меҳмонони баландпоя пешбинӣ шудааст, муовини сарвазири Русия Марат Ҳуснуллин, ки вақтҳои охир умури марбут ба рушди равобити Маскаву Душанберо дар даст дорад, пешвоз гирифт.
Ба пешвози Эмомалӣ Раҳмон дар майдони фурудгоҳ ротаи қаровули фахрии гарнизони Маскав ва оркестри низомии асбобҳои нафасӣ саф ороста, баъди гузориши фармондеҳи қаровули фахрӣ сурудҳои миллии ду давлат навохта шуд. Маросими истиқболи расмӣ бо гузашти тантанавии қаровули фахрӣ ба поён расид.
Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон қаблан хабар дод, ки Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар муовини сарвазир, ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони корҳои хориҷӣ, мудофиа, корҳои дохилӣ, рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, энергетика ва захираҳои об, нақлиёт, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, маориф ва илм, кишоварзӣ, фарҳанг, молия, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, сардорони хадамоти гумрук ва иҷро, президенти Академияи миллии илмҳо ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Кремл як рӯз қабл аз сафари Эмомалӣ Раҳмон хабар дод, ки рӯзи 21 ноябр президенти Русия Владимир Путин бо ҳамтои тоҷикаш рушди равобити тиҷоратии ду кишвар ва дигар паҳлуҳои муҳими шарикии стратегии Маскаву Душанберо баррасӣ мекунанд.
“Ду раҳбар ҳамчунин пиромуни масоили доғи минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули назар мекунанд. Бар асоси натиҷаҳои музокирот имзои як қатор санадҳои муҳими дуҷониба пешбинӣ шудааст”, — хабар додааст Кремл. Дар бораи ин ки Маскаву Душанбе чӣ санадҳои муҳимеро имзо хоҳанд кард?, дар иттилоияи Кремл чизе гуфта нашудааст.
Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи президенти Тоҷикистон ҳанӯз чанд рӯз қабл хабар дод, ки “Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 21-22 ноябр бо сафари расмӣ аз Маскав боздид мекунад”.
Ба гуфтаи ӯ, дар ҷараёни ин сафар мулоқоти якбаяки Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Русия Владимир Путин, ҳамчунин музокироти ҳайъатҳои расмии ду кишвар баргузор шуда, бар асоси натиҷаҳои ин музокираҳо имзои санадҳо низ пешбинӣ шудааст. Дар бораи ин ки чӣ санадҳое, қарор аст, байни Русияву Тоҷикистон имзо шавад?, Шарифзода низ ягон тафсилот надод.
Русия яке аз шарикони муҳим ва стратегии Тоҷикистон ба шумор меравад. Соли 2022 ҳаҷми тиҷорати байни ду кишвар қариб 24% афзуда, ба 1,7 миллиард доллар наздик шуд. Душанбе ва Маскав мехоҳанд дар соли 2023 ин нишондиҳандаро ба 2 миллиард доллар бирасонанд.
Омили дигари муҳим дар равобити Тоҷикистону Русия беш аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон, ё тақрибан чоряки тамоми аҳолии қобили кори ин кишвар аст, ки ҳар сол барои таъмини зиндагии хонаводаҳои худ ба Русия ба мардикорӣ мераванд. Пулҳое, ки муҳоҷирони тоҷик аз Русия мефиристанд, солона аз 2 то 4 миллиард долларро ташкил дода, як манбаи асосии таъмини зиндагии аксари хонаводаҳо дар Тоҷикистон боқӣ мемонад.
Аммо вақтҳои охир, аз ҷумла ба далели фишори ҷанги миёншикани Русия ба зидди Украина, дар Русия фишорҳо болои муҳоҷирони хориҷӣ, аз ҷумла болои муҳоҷирони тоҷик афзудааст. Дар даҳҳо минтақаи Русия муҳоҷиронро аз ҳаққи кор дар бисёре аз соҳоти нисбатан пурдаромади иқтисоди Русия, ба мисли савдо, мусофиркашонӣ ва амсоли ин маҳрум карда истодаанд.
Ҳанӯз маълум нест, ки оё Эмомалӣ Раҳмон бо Путин мушкилоти муҳоҷирони тоҷик, аз ҷумла ин ҳама маъракаҳои ахири зидди муҳоҷирон дар Русияро низ баррасӣ хоҳад кард ё на?
Ҷанги зидди Украина нафақат Русия, балки худи Путинро низ дар инзивои байналмилалӣ қарор додааст ва мулоқоту музокираҳои ӯ дар тақрибан ду соли охир танҳо бо дидорҳо бо роҳбарони бархе кишварҳои Шӯравии собиқ ва қораи Африқо ва Хитой, ки Путин ахиран аз пойтахти ин кишвар боздид кард, маҳдуд шудааст.
Дар пайи боздид аз Маскав, Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар саммити сарони кишварҳои узви ОДКБ (Паймони амнияти дастаҷамъӣ) роҳии Минск мешавад. Қарор аст, ин нишаст рӯзи 23 ноябр доир шавад. Ахиран хабар расид, ки ОДКБ алакай як бастаи бузурги кумакҳои ҳарбӣ барои Тоҷикистон барои таҳкими марзҳояш бо Афғонистонро таҳия кардааст. Баррасии ин бастаи кумакҳо аз соли 2011 ба ин тараф идома дошт, вале ин раванд танҳо баъди соли 2021 қудратро дар Афғонистон ба даст овардани ҷангҷӯёни ҳаракати тундрави Толибон ранги ҷиддитар ва суръати бештар гирифт.