ҲУШДОР: АЗ 22 ТО 24 НОЯБР ҲАВО ДАР ТОҶИКИСТОН САРДУ ПУРБОРИШ МЕШАВАД
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ба маълумоти сокинон ва меҳмонони ҷумҳурӣ мерасонад, ки бино ба иттилои ҳавошиносон, рӯзҳои наздик дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешбинӣ карда мешавад.
Аз ҷумл аз 22 то 23 ноябри соли 2023 ҳарорати ҳаво то ба ҳадди аз 10 то 12 дараҷа гармӣ пойин фаромада, рехтани боронҳо, ки дар ноҳияҳои кӯҳистон ба барф мубаддал мешаванд, пешбинӣ шудааст. Ҳамин тавр, рӯзҳои 23 ва 24 ноябр низ дар аксари минтақаҳои ҷумҳурӣ то ба ҳадди аз 10 то 12 дараҷа гармӣ пойин фаромадани ҳарорат пешбинӣ карда мешавад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба ин далел аз сокинон хоҳиш мекунад, ки ҳосили расидаи заминҳои кишт ва боғоти худро сари вақт ҷамъ оварда, ҳосили дар саҳрову боғҳо мондаро бо плёнка, ягон матоъ ё бо хасу пахол пӯшонанд. Аз чорводорон низ хоҳиш шудааст, ки дар ин рӯзҳо ҳангоми чаронидани чорво дар чарогоҳҳои кӯҳистонӣ эҳтиёт кунанд.
Кумита аз сокинони мавзеъҳои кӯҳистонӣ хостааст, ки аз ҳадди аксари эҳтиёт кор гирифта, кӯдакони худро барои ҳезумчинӣ, чаронидани чорво ва дигар корҳои кишоварзӣ нафиристанд.
Аз сокинон ҳамчунин хоста шудааст, ки дар ин рӯзҳои либосу пойафзоли гарми ҷавобгӯи ин мавсим бипӯшанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ҳамчунин ба ронандагон хотиррасон кардааст, ки дар ин рӯзҳои сард ҳаракат дар роҳҳо низ хатарнок мешавад. Боришот ва яхчабандиҳо метавонанд дар ҳаракати воситаҳои нақлиёт мониаҳо эҷод карда, ба шумори бештари садамаҳои нақлиётӣ сабаб шаванд.
Кумита ҳамчунин аз сайёҳоне, ки дар ин рӯзҳо нақшаи сафар ба кӯҳҳоро доранд, хоҳиш кардааст, ки аз ҳадди аксари эҳтиёт кор бигиранд ва хатсайри сафари худро бо ин ниҳод маслиҳат кунанд.