ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДАЪВАТИ НАҶОТБАХШОН БАРОИ КУМАК БА ГУРБАЕ, КИ ДАР БОЛОИ ДАРАХТ ДАРМОНДА БУД

Шоми 20 ноябри соли 2023 як зани сокини кӯчаи Маяковскийи шаҳри Душанбе ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон занг зада, хабар додааст, ки гурбааш ба болои як дарахти назди хонаашон баромада, дармондааст. Ба гуфтаи ин зан, гурба хеле баланд баромадаст ва худаш фаромада наметаовнад. Худи соҳиби гурба ҳам кӯшиш кардааст, ки ҷонварро аз болои дарахт фарорад, вале натавонистааст.

в дежурную часть КЧС поступил звонок, о том, что на макушке дерева, растущего рядом с домом, Маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод,  ки наҷотбахшони воҳиди зудамали раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Душанбе ба ҷои ҳодиса омада, бо кумаки зинапоя ба болои дарахт баромадаанд ва ҷонвари азияткашидаро аз онҷо гирифта, пойин овардаанд ва ба соҳибаш супурдаанд.

 “Наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда на як бору ду бор қаҳрамони қиссаҳои наҷоти ҷонварон шудаанд. Ҳарчанд вазифаи асосии наҷотбахшон наҷоти инсонҳост, вале кумак накардан ба ҷонваре, ки дучори ҳодисаи нохуш шудааст, аз рӯи инсоният нест”, – таъкид шудааст дар анҷоми хабари Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button