ВидеоМинтақа ва ҷаҳонМуҳоҷиронҶанг дар Украина

ИН ҶАНГ ҶАНГИ МО НЕСТ! ВИДЕОИ ҶАВОНИ ТОҶИК БУНЁД ҶӮРАЕВ, КИ ДАР УКРАИНА АСИР АФТОДААСТ (ВИДЕО)

Телеграм-канали “Украина сейчас” видеои ҷавони 20-солаи зодаи Тоҷикистон Бунёд Ҷӯраевро, ки ба дасти нирӯҳои Украина асир афтодааст, нашр кард.

Ҷӯраев Бунёд Мирхолиқович, санаи таваллудаш 3 сентябри соли 2003, зодаи деҳаи Ғазантараки ноҳияи Деваштичи вилояти Суғди Тоҷикистон, дар ин видео нақл кард, ки чӣ гуна ба хидмат дар артиши Русия ҷалб шуд ва чӣ гуна ба Украина омаду инҷо асир афтод?

Бунёд Ҷӯраев нақл кард, ки ӯро баъди хатми коллеҷи техникии шаҳри Владивосток дар минтақаи Шарқи дури Русия бо даъватнома ба хидмати ҳарбӣ бурданд. Ягон 4 моҳ хидмат карда буд, ки бо вай қарордод бастанд ва ба ҷанги Украина фиристода шуд. Ҷавони тоҷик мегӯяд:  “Ман фикр мекардам, ки як сол хидмат мекунам ва халос мешавам. Вале маълум шуд, ки барои бастани қарордод маҷбур мекардаанд.Пешам шарт гузоштанд, ки ё дисбату зиндон, ё қарордод! Маҷбур шудам, ки қарордодро имзо кунам”.

 Ӯ нақл мекунад, ки дар оғоз дар ҷабҳаи Донетск дар мавзеи Старомайорск онҳоро ба кандани хандақҳову блиндажҳо водор карда буданд, вале як рӯз ҳатто худашон бехабар онҳоро ба хатти пеши ҷабҳа партофтанд.

 “Ба мо гуфтанд, ки дар хатти аввали ҷанг ҳам хандақ меканед ва ба сарбозон нону об мебаред. Вале вақте ки мо ба хатти аввал рафтем, онҷо касе набуд. Шабҳоро дар хандақҳо рӯз мекардем. Билохира як нафар аз нирӯҳои Украина ба пешамон омад ва мо таслим шудем. Аввал ман таслим шудам, баъд дуюмӣ ва ҳамин тавр, ҳамаи шаш нафаре, ки будем. Нирӯҳои Русия намехостанд, ки мо таслим шавем ва аз ин рӯ, “паррандаякҳо”, “Ҷалоҷинкампирҳо” (номҳои ғайрирасмии дронҳои русӣ) болои сари мо норинҷак мепартофтанд, снайперҳо тир мекушоданд, ки моро бикушанд. Яке аз моро куштанд, ду нафари дигар, аз ҷумла худи ман, ҷароҳат бардоштем. Муносибати украиниҳо бо мо хуб буд. Мо се рӯз беоб будем ва аввалин коре, ки онҳо карданд, ин буд, ки ба мо об доданд”, – нақл мекунад Бунёд Ҷӯраев.

Дар поёни видео Бунёд Ҷӯраев ба ҳамватанони худ ба забони тоҷикӣ муроҷиат кард:

 “Салом алейкум, бародарони ман!  Ин ҷанг  ҷанги мо нест, бародарон. Ба шумо ба ин ҷанг омадан шарт нест. Инҷо шумо комилан мисли гӯштед, инҷо  гӯштрезакунак (мясорубка) аст. Ман мехоҳам, ки шумо дар ин ҷанг иштирок накунед. Ман хато кардам, ки ба ин ҷанг омадам. Ман мехоҳам, ки шумо ҳамин хатои маро такрор накунед ва ба ин ҷанг наоед!”

Расонаҳои тоҷикӣ хабар доданд, ки волидони Буеёд Ҷӯраев ҳанӯз 5 сол қабл аз деҳаи Ғазантараки ноҳияи Деваштич ба Русия кӯчида, дар онҳо шаҳрвандӣ гирифтаанд. Ба волидони Бунёд мақомоти ҳарбии Русия то кунун дар бораи дар Украина ба асорат афтодани фарзандашон ягон хабар надодаанд. Ҳоло наздикони ин ҷавони тоҷик тарс доранд, ки дар сурати табодули асирон ва ба Русия супурда шуданаш, Бунёдро дар Русия метавонанд барои интиқодҳояш аз вазъи мавҷуда дар артиши ин кишвар зиндонӣ кунанд.

Русия 24 феврали соли 2022 ба Украина ҳамла кард. Тайи 21 моҳи гузашта аз оғози ин ҷанг, ки мақомоти Русия онро ҳамчунон сарсахтона на ҷанг, балки “амалиёти ҳарбии махсус” ном мебаранд, аз ҳарду тараф даҳҳо ҳазор нафар кушта шуда, тақрибан ним миллион одам захмӣ шуданд.

Дар байни кушташудагон беш аз 50 нафар аз зодагони Тоҷикистон низ ҳастанд, ки ба истиснои як ило ду нафар, аксарияти куллаш  аз тарафи Русия меҷангиданд. Бархеи онҳо тоҷиконеанд, ки дар саффи Қувваҳои мусаллаҳи Русия хидмат мекарданд. Бархеаш муҳоҷироне буданд, ки дар ивази ваъдаи маошу имтиёзҳои хуб, аз ҷумла ба осонӣ ба даст овардани шаҳрвандии Русия бо вазорати мудофиаи ин кишвар қарордод баста, ба ҷанг рафтанд.

Дар Украина то имрӯз беш аз 30 маҳбуси тоҷики зиндонҳои Русия низ кушта шудаанд. Ин маҳбусон ба ваъдаи озодии зудтар аз маҳбас дода шуда, бо ЧВК “Вагнер” ё вазорати мудофиаи Русия қарордод имзо карда, ба ҷанги зидди Украина рафта буданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button