МуҳоҷиронҲодиса

КОРГАРИ ТОҶИК ДАР ЯК КОРХОНАИ ПЕТЕРБУРГ ҚАРИБ ҶОНАШРО АЗ ДАСТ МЕДОД

Дар корхонаи “ДК-Спетсстрой” дар ноҳияи Неваи шаҳри Санкт-Петербурги Русия пойи як коргари тоҷик зери оҳани вазнин монда, аз чанд ҷой шикастааст.

Бино ба иттилои сомонаи маҳаллии АН “Оперативное прикрытие”, субҳи 18 ноябри соли 2023, тақрибан соати 09:50 аз корхонаи  “ДК-Спетсстрой”, воқеъ дар кӯчаи Караваев ба “Ёрии таъҷилӣ” занг зада, дар бораи ҷароҳати вазнин бардоштани як коргар хабар додаанд. Аз инҷо дар ҳолати вазнин як шаҳрванди 33-солаи Тоҷикистонро дар ҳолати вазнин бо зонуи чапи аз ду ҷо шикаста  ба Пажуҳишгоҳи “Ёрии таъҷилӣ” бурда, дар шуъбаи реаниматсия хобондаанд.  

 “Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ устои калони корхонаро пурсуҷӯ кардаанд.Ӯ гуфтааст, ки дар корхона як сутуни оҳанинро бояд бо кран ба ҷои дигар интиқол медоданд. Вақте ки кранро сар доданд, сутуни оҳанин каҷ рафт ва рост ба тарафи ҷое, ки коргари тоҷик истода буд ва ба тарафаш афтодани сутуни оҳанинро надид. Дар натиҷа, пои ӯ зериин сутун мондааст”, – гуфта мешавад дар хабар. Гуфта мешавад, ки ҳоло масъалаи кушодани парвандаи ҷиноятӣ бо иттиҳоми вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ дар ҷои кор низ дар дасти баррасӣ қарор дорад.

“ДК-Спетсстрой” ба сохтани конструксияҳои оҳанини  мураккаб ва асосан бузург машғул аст.

Ҳар сол беш аз як миллион нафар, ё тақрибан чоряки тамоми аҳолии қобили кори Тоҷикистон барои мардикорӣ ба Русия мераванд. Пулҳои фиристодаи ин муҳоҷирон як манбаи асосии таъмини рӯзгори аксари хонаводаҳо дар Тоҷикистон ба шумор мераванд.

Мутаассифона, ҳар сол дар Русия асосан бар асари ҳодисаҳои нохуш дар ҷои кору маҳалли зист то 1000 нафар аз муҳоҷирони тоҷик ҷон бохта, чанд ҳазори дигараш маъюб мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button