ВидеоМуҳоҷиронҲуқуқи инсон

ДАР ХАБАРОВСКИ РУСИЯ ПАДАРУ МОДАРИ ТОҶИКРО МАҶБУР КАРДАНД, КИ БАРОИ ФАРЗАНДОНИ ХУРДСОЛАШОН УЗР БИПУРСАНД (ВИДЕО)

Маъракаи зидди муҳоҷирон дар Русия, тавре ба назар мерафт, торафт вусъати бештар мегирад.

Дар шаҳри Хабаровск дар минтақаи Шарқи дури Русия як оилаи муҳоҷирони тоҷикро дар пайи муноқишаи дар назари аввал ночизи фарзандони хурдсолашон бо духтари ҳамсоя маҷбур кардаанд, ки барои рафтори кӯдакони худ узр бипурсанд. Ин хоҳару додари “гунаҳкор”, ки гӯё рюкзак, ё борхалтаи духтари ҳамсояро даронда бошанд,  яке  8-сола ва дуюмӣ ҳамагӣ 10-сола аст.

Дар видеои кӯтоҳи 40-сониягӣ, ки “Многонатсионал”, як канали миллатгароёни рус рӯзи 18 ноябри соли 2023 нашр кард, ҳамаи аъзои ин оила: роҳбари хонадон Изатулло Саидов, ҳамсараш ва ҳарду фарзанди хурдсоли онҳо бо сари хам ва дастҳо пеши бар дар рӯбарӯи камера қатор карда шудаанд ва як марде, ки чеҳрааш намудор нест, амрашон медиҳад, ки “Сар кардем!” (“Поехали!”). Ба дунболи ин амр, Изатуло Саидов ба узрпурсӣ шурӯъ мекунад.

 “Ман, Саидов Изатулло, мехоҳам аз халқи рус ва аз ҳамсояам узр бипурсам. Барои онки вақте ки писари ман бо кӯдаки ҳамсоя бозӣ мекард, байнашон муноқиша шудааст ва (писари ман) борхалтаи ӯро дарондааст. Барои ин мехоҳам аз ҳама узр бипурсам. Хоҳиш мекунам, маро бубахшед. Ин кор дигар такрор намешавад”, – мегӯяд Изатулло Саидов, ки ҳамчунон бо сари хам ва ду даст пеши бар дар рӯбарӯи камера ҳарф мезад.

Баъди ин, боз ҳамон марде, ки чеҳрааш наменамояд, амр медиҳад, ки “Акнун навбати модарашон!” ва ҳамсари Изатулло Саидов низ барои рафтори фарзандонашон узрхоҳӣ мекунад.

Канали миллатгароён бо нашри ин видео аз он изҳори таассуф кардааст, ки ин оила тавонист аз ҷазои сахттар: маҳрум кардан аз шаҳрвандии Русия ва депортатсия ба Тоҷикистон халос шавад. Вале иттилоъ додааст, ки кӯдакони Изатулло Саидовро дар бахши кор бо кӯдакони пулис дар қайд гузоштаанд ва падарашонро ҳам маҷбур кардаанд, ки худро дар комиссариати ҳарбӣ дар қайд гузорад. “Многонатсионал” навиштааст, ки дар сурати такрор шудани чунин беадабӣ аз тарафи фарзандонашон ин оиларо ҳатман ба Тоҷикистон бармегардонанд.

Худи ин муноқишаи ночизе, ки байни кӯдакон зиёд рух медиҳад, рӯзи 15 ноябр рух додааст. Писару духтари Изатулло Саидова дар ҳавлии биное, ки ба сар мебаранд, ҳангоми якҷоя бозӣ карданашон, бо як духтари ҳамсоя, ба қавли ҷанг шудаанд. Он духтарча ба модараш хабар додааст ва модараш ба пулис ариза навишта, иддао кардааст, ки гӯё фарзандони муҳоҷирони тоҷик, ки дар асл аз духтари ӯ ба синнусол хурдтаранд, духтарашро зада, борхалтаашро дарондаанд ва боз мисли “рэкетирҳо” аз вай пул талаб кардаанд.

Ин мноқишаи ночизи кӯдакҳоро каналҳои миллатгаро, аз ҷумла “Многонатсионал” бузург карда, аз пашша фил сохтанд ва навиштанд, ки гӯё тифлони ин хонаводаи тоҷикҳо сокинони биноеро, ки ба сар мебаранд, кайҳо боз ба дод овардаанд.

Дар ин авохир ин алакай дуюмин мавриди ба узрхоҳӣ водор кардани муҳоҷирони тоҷик дар Русия барои рафтори фарзандонашон мебошад. Дар поёни моҳи октябр каналҳои миллатгаро ҳамин гуна баҳси ду хонандаи мактаб дар шаҳри Валдайи вилояти Новгородро бузург карданд. Дар онҷо Некрӯз Иноятзода ном фарзанди муҳоҷирони тоҷик ба як чорабинии мактабашон бо парчами миллии Тоҷикистон омадааст ва вақте як духтари ҳамсинфаш  нисбат ба парчами Тоҷикистон беэътиноӣ зоҳир мекунад, Некрӯз ба ҳимоят аз парчами Ватани худ бархоста, дар сари қаҳр ба сари он духтар дод мезанад, ки “баъди дарс мекушамат!”  Падари Некрӯз дар ниҳоят водор шуд, ки барои ин амали фарзандаш узр бипурсад.

Ин ҳолатҳо ба узрпурсӣ водор кардани оилаҳои муҳоҷирони тоҷик дар пасманзари як маъракаи густардаи зидди муҳоҷирон дар Русия аст, ки торфт вусъати бештар пайдо карда истодааст. Мансабдорони рус вақтҳои охир даъват карда истодаанд, ки қонунҳои муҳоҷиратро шадидтар карда, маблағи андозу пули патентро барои муҳоҷирон боло баранд, кор кардани онҳо дар бисёре аз соҳаҳои даромадаш бештарро манъ ва имкони ба даст овардани  шаҳрвандии Русияро барои муҳоҷирон шадидан маҳдуд кунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Алӣ Абдуллоҳ Солиҳ, Раиси “Гӯшаи исломии Тоҷикистон” гуяд:

    Дар гузашта қонуни ҷангал ин буд, ки касе зӯр аст, гапи ӯ ҳақ аст, қонуни башар ин буд, ки касе ҳақ аст, ӯ зӯр аст!
    Аммо, имрӯз қонуни ҷангал ҷойи қонуни башарро гирифтааст: русҳо зӯранд, гап-гапи русҳост!
    Ҷойи тааҷҷуб нест, Рамазон Қодиров чандин мактаббаччаи русро бо андак хато рафтану хато гуфтан дар “бутылка” шинонда буд. Аслу усули “меҳмондорӣ”-и Россия бо чунин услуб бино шудааст.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button