ДОДАРИ САРДАБИРИ “ПАЁМ ТВ” БАЪДИ ЯКУНИМ МОҲИ БЕДАРАКӢ ДАР БОЗДОШТГОҲИ ХУҶАНД ЁФТ ШУД

Аслиддин Шариповсокини 36-солаи деҳаи Хиштхонаи ҷамоати Понғози ноҳияи Ашт ва бародари хурдии Шавкати Муҳаммад, сардабири канали оппозитсионии “Паём ТВ” баъди якуним моҳи истирдодаш аз Русия билохира дар СИЗО, яъне боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд пайдо кардаанд. Ба гуфтаи пайвандонаш, ба адвокат муяссар шудааст, ки ҳафтаи гузашта дар боздоштгоҳ бо Аслиддин Шарипов мулоқот кунад. Акнун хешовандонаш талош доранд, то барои Аслиддин Шарипов ба боздоштгоҳ либосу ғизо бибаранд.
Дар ин бора рӯзи 18 ноябри соли 2023 аз қавли хешовандони Аслиддин Шарипов радиои зану шавҳар Аюбовҳо (собиқ радиои Озодӣ) хабар дод. Вакили мудофеъ баъди дидор бо ӯ дар СИЗО ба хешовандонаш гуфтааст, ҳанӯз маълум нест, ки ҳимояти Аслиддин Шариповро ба дӯш мегирад ё на? Дар Тоҷикистон адвокатҳо аксар вақт аз тарси онҳоро “чап” гирифтани мақомот ҳадалимкон аз бар ӯҳда гирифтани парвандаҳое, ки ангезаҳои сиёсӣ доранд, худдорӣ мекунанд. Дар натиҷа, ҳимояти чунин афродро мақомот худ ба адвокатҳои давлатӣ, ки аз хатти кашидаи мақомот берун намебароянд, месупоранд. Адвокатҳои давлатӣ дар асл дар ин парвандаҳо на барои ҳимоят аз манфиати боздоштшуда, балки сирф барои намоиши инки ӯ адвокат дошт, иштирок мекунанд.
Ин дар ҳолест, ки бо гузашти беш аз якуним моҳ аз истирдоди Аслиддин Шарипов то ҳол мақомот расман қазияи ӯро шарҳ надодаанд ва маълум нест, ки ӯ мушаххасан ба чӣ айбдор мешавад?
Аслиддин Шарипов санаи 1 октябри соли 2023 аз Русия ба Тоҷикистон истирдод шуд. Қарори ба Тоҷикистон супурдани Аслиддин Шариповро, ба гуфтаи вакили дифои ӯ Нина Чертверткова, додситонии ноҳияи Тагилстройи шаҳри Нижний Тагили вилояти Свердловск содир кардааст.
Аслиддин Шарипов аз 22 сентябри соли 2022 дар шаҳри Нижний Тагил дар боздошт қарор дошт. Ӯ бар асоси дархости мақомоти Тоҷикистон, ки ин сокини ноҳияи Аштро таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дода буданд, дастгир шуда буд.
Бар асоси маводи парвандаи истирдодаш, дар Тоҷикистон Аслиддин Шарипов бар асоси қисми дуюми моддаи 307, иловаи 3 ба ҳамкорӣ бо созмони мамнӯъ айбдор мешавад. Моддаи 307 дар Тоҷикистон барои таъқиби мухолифону дигарандешон ва наздикони онҳо истифода мешавад.
Наздикони Аслиддин иттиҳоми ҳамкории ӯ бо созмонҳои мамнӯъро ро рад мекунанд ва мегӯянд, ки ӯ ягон фаъолияти сиёсӣ надошт ва дар Русия дар сохтмон кор мекард. Ба бовари наздиконаш, сабаби аслии таъқиби Аслиддин Шарипов бародари ӯ будани Шавкатҷон Шарипов, маъруф бо тахаллуси Шавкати Муҳаммад, сардабири шабакаи телевизионии оппозитсионии “Паём ТВ” аст.
Қаблан Шавкати Муҳаммад, ки чанд соли охир дар Аврупо ба сар мебарад, дар як номаи саркушода ба додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон навишт, ки бародараш узви ягон гуруҳ ё созмони сиёсӣ ҳеҷ гоҳ набуд ва ягон фаъолияти сиёсӣ надошт. “Дар шабакаҳои иҷтимоъӣ низ фаъолияти сиёсӣ ва ё ҳамкорӣ бо аҳли сиёсат надошт.. ҳеҷ гоҳ узви ягон ҳизбе набуд ва мадори сиёсӣ ҳам надошт. Ҳамеша дур аз сиёсат буд. Бо ман, акояш Шарипов Шавкатҷон Мамадҷонович, ки паноҳандаи сиёсӣ дар Утриш ҳастам, камтарин тамос надошт. Ягон маротиба, дар шабакаҳои иҷтимоъӣ фаъолияти сиёсӣ набурдааст. Баракс сиёсатро бад медид”, – таъкид карда буд Шавкати Муҳаммад дар номааш ба прокурори генералӣ.
Шавкати Муҳаммад айбномаи зидди Аслиддин Шарипов: гӯё узви ҳам ҳизби наҳзат ва ҳам “Гуруҳи 24” будани ӯро “ҷурмҳои сохтаву бофта” номида, аз Додситонии кул хоста буд, ки нисбат ба додараш аз рӯи қонун муносибат кунанд.
Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия, як созмони ҳомии ҳуқуқи инсон, низ рӯзи 30 октябри соли 2023 дар як изҳорот аз мақомоти Тоҷикистон хост, то макони будубоши Аслиддин Шариповро эълон кунанд. Ин созмон маҷбуран аз Русия овардану сипас ғайб задани Аслиддин Шариповро ҷавобгӯи чавкоти нақшаи алакай ба ҳама маълумшудаи таъқиби наздикони дигарандешон ва мухолифон аз сӯи мақомоти Тоҷикистон номидааст.
Мақомоти Тоҷикистон то кунун ба номаи Шавкати Муҳаммад ва даъвати Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия ягон посух надодаанд.