Хабарҳои кӯтоҳ

ДАР ЁВОН ЯК КӮДАКИ ШАШСОЛА ЗЕРИ ЧАРХИ “ОПЕЛ” ҶОН БОХТААСТ

ВКД Тоҷикистон аз ҳалокати боз як кӯдаки хурдсол дар зери чархи мошини раҳгузар хабар дод.

Бино ба гузориши нашршуда, субҳи 17-уми ноябри соли 2023, тахминан соати 07:30-дақиқа, ронандаи мошини тамғаи “Опел-Астра”, Зувайдов Абдулвоҳид Саидович, соли таваллудаш 1982, сокини ноҳияи Ёвон, ҳангоми ҳаракат аз самти маркази ноҳия ба самти деҳаи Боғдараи ҳамин ноҳия аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ, Мардонов Сулаймон Фахриддинович, соли таваллудаш 2017, сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст.

Дар натиҷа, ноболиғ Мардонов С. ба саломатиаш ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
ВКД гуфт, оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳои марговараш пурхатар дониста мешаванд. Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин омори ВКД, танҳо дар нимаи аввали соли 2023 дар роҳҳои Тоҷикистон дар 492 садама 193 нафар ба ҳалокат расида, 514 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Мутаассифона, даҳҳо тан аз қурбониёни садамаҳои марговар дар Тоҷикистон кӯдаконанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button