“БИГЗОР ҲАМА ДОНАНД, КИ ТОҶИКҲО КИСТАНД!” ФАРРУХ ҲАСАНОВ БА ФИНАЛИ ОЗМУНИ “НУ-КА, ВСЕ ВМЕСТЕ!” РОҲ ЁФТ (ВИДЕО)
Овозхони ҷавони 25-солаи тоҷик Фаррух Ҳасанов (Ҳасанзода), бо касби 97 овоз аз 100 овози 100 узви доварон ба марҳалаи ниҳоии мавсими панҷуми озмуни овозхонии “Ну-ка, все вместе!” дар шабакаи телевизионии “Россия1” роҳ ёфт. Мавсими панҷуми озмуни “Ну-ка, все вместе!” 8 сентябри соли 2023 оғоз ёфт. Ҳунарнамоии Фаррух Ҳасанов бо таронаи машҳури Ҷонӣ ва Анна Астӣ (Jony & Anna Asti) “Как любовь твою понять?” шоми 17 ноябр нашр шуд.
Раҳбари ҳайъати ҳакамони озмун овозхони шинохтаи рус Сергей Лазарев ҳунарнамоии Фаррух Ҳасановро “фавқулодда” номид ва гуфт, ки Фаррухи ин таронаро аз Ҷонӣ ва Анна Астӣ ҳам беҳтар иҷро кард. Лазарев афзуд: “Ман танҳо аз як чиз дар ҳайратам, ки чаро ту 97 имтиёз гирифтӣ, на 100? Ту дар ҳар як садои ин тарона зиндагӣ доштӣ, ба худ метапидӣ, месӯхтӣ. Ва ин хеле олист! Ба назари ман, ту яке аз ҳунармандони аз ҳама барҷастаи ин мавсимӣ! Бидуни ягон шакку шубҳа!”
Сомонаи расмии озмун Смотрим.РУ низ аз ҳунарнамоии овозхони тоҷик чунин тавсиф кард: “Фаррух Ҳасанови 25-сола аз Тоҷикистон ба маънои томаш доваронро бо маҳорат ва садои нотакрораш моту маҳбут кард. Ӯ қабл аз баромадан ба саҳна хеле ҳаяҷонӣ ба назар мерасид, вале тамоми нирӯяшро ҷамъ оварда, ҳунарнамоии олӣ кард”.
Худи Фаррух Ҳасанов баъди ҳунарнамоияш ба ин сомона гуфтааст: “Ин як кори фавқулодда буд! Дар чунин лаҳзаҳои фараҳбахш маро танҳо як чиз ангеза медиҳад: Мехоҳам пурра ба эҷод дода шавам ва исбот кунам, ки ман кистам ва ба чӣ қодирам? Бигзор ҳама донанд, ки тоҷикҳо кистанд!”
Фаррух Ҳасанов шоми 20 октябр, дар марҳалаи қаблии мавсими панҷуми озмуни овозхонии “Ну-ка, все вместе!” дар шабакаи телевизионии “Россия1” аввалтаронаи Lovely аз Билли Айлиш ва Холидро, ки бо он қаблан ҳакамони озмуни “Central Asia’s Got Talent”ро ба ваҷд оварда буд, ва дар набарди ҳалкунанда таронаи Arcade аз ғолиби озмуни “Евровидения-2019” Дункан Лоуренсро иҷро кард ва бо касби 99 овоз ба рақиби худ аз Арманистон Ваагн Минасян, ки ҳамагӣ 72 овоз гирифт, ягон шонс боқӣ нагузошт ва роҳии даври ниманиҳоӣ шуд.
Фаррух он вақт пеш аз оғози ҳунарнамоӣ гуфт: “Ман аз рӯи касбам дипломат ва тарҷумону забоншиносам. Вале дер боз ба мусиқӣ машғулм ва дар дунёи мусиқӣ оромиш пайдо кардаам. Ин як дунёи дигар аст. Дар саҳна ман кӯшиш мекунам, ки худам бошам. Ҳамин кофист, Медонам, ки тамоми мардумам, тамоми Тоҷикистон ва аҳли оилаам маро мухлисӣ доранд”.
Фаррух Ҳасанов (Ҳасанзода) 20 июли соли 1998 дар шаҳри Душанбе ба дунё омада, миллаташ тоҷик аст. Ӯ аз кӯдакӣ ба мусиқӣ шавқу рағбат дошт ва дар баробари мактаби миёна дар студияи мусиқӣ низ таълим мегирифт. Аммо баъди хатми мактаб ҳангоми интихоби касб аз интихоби роҳи ҳунар бим дошт, ки ба риштаи тарҷумониву забоншиносӣ дохил шуд. Фаррух як муддат аз рӯи касб кор кард, вале ишқи мусиқӣ дар ниҳоят боз ӯро ба ҷодаи ҳунар овард.
Исми Фаррух Ҳасанов ҳамчун овозхон бори аввал дар пайи роҳ ёфтанаш ба финали озмуни “Central Asia’s Got Talent” муаррифӣ ва маъруф шуд. Ин озмун нахустин қадами Фаррух Ҳасанов ба сӯи саҳна гардид ва ӯ баъди ин чати худро ташкил кард ва таронаҳои тоҷикиву хориҷиро зери навои ғижжаку гитор иҷро мекард.
Фаррух батадриҷ аз иҷрои таронаҳои дигарон ба таҳия ва иҷрои таронаҳои худаш рӯ овард. Устоди ӯ Зафар Абдуалимов, писари овозхони фақиди тоҷик Хадиҷа Абдуалимова шуд. Таронаҳои ӯ бо номҳои “Утром”, “Шейла”, “Лейли” ба забон русӣ ва таронаҳои тоҷикиаш “Резаборон”, “Телефон” ва “Модар” тамошобини зиёде ҷамъ овардаанд. Соли 2022 Фаррух Ҳасанов дар Ватанаш, Тоҷикистон сазовори ҷоизаи озмуни миллии “Tarona Music Award” гардид.
Фаррух Ҳасанов дар оғози соли 2023 бо нашри чанд акс дар Инстаграм аз издивоҷаш хабар дод, вале акси ҳамсарашро бо смайлик аз чашми ҳама пинҳон кард.
Дар тирамоҳи соли 2023 Фаррух ба мавсими панҷуми озмуни “Ну-ка, все вместе!” пайваст ва инак, ба даври ниманиҳоии ин озмун расид.
Фаррух мегӯяд, дар вақташ зери таъсири таронаҳои овозхони канадагӣ Ҷастин Бибер пой ба саҳнаи ҳунар гузошт ва то ҳол мухлиси ин овозхон буда, мехоҳад бо ӯ дар як саҳна ҳунарнамоӣ кунад. Мошини “Мерседес”, ки Фаррух дорад, туҳфаи падараш дар зодрӯзаш аст. Ин ҷавони зодаи Душанбе сайру саёҳатро дӯст медорад ва мегӯяд, аз тамошои Олмону Белгия хеле мутаассир шуда буд. Ӯ мегӯяд, ки бисёр вақт атрофиён фикр мекунанд, ки ӯ амрикоӣ ё итолиёвист.