Хабарҳои кӯтоҳ

АВБОШИИ НАВРАСИ 15-СОЛА ДАР НАЗДИ ТАРАБХОНА ВА ОШКОР ШУДАНИ 3 ДУЗДӢ ВА 5 ҚАЛЛОБӢ БА МАБЛАҒИ 1 МИЛЛИОН СОМОНӢ

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 18 ноябри соли 2023

Боздошти ноболиғи 15-сола бо гумони авбошӣ

01

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза ҷавони 18-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки шоми 14-уми ноябри соли 2023, тахминан соати 19:30, ҳангоми дар маҳаллаи Зарафшони пойтахт дар назди тарабхонаи “Ламзира” қарор доштанаш ноболиғи 15-солаи сокини ҳамин ноҳия аз ҳиссиёти авбошӣ бо ӯ ҷангу ҷанҷол намудааст ва бо корд як маротиба ба пойи росташ зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Ифшо гардидани дуздии телефони мобилӣ

124

Ба ШВКД дар ноҳияи Рашт бо ариза ҷавони 19-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки шаби 14 ба 15-уми ноябри соли 2023, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи ба иҷора гирифтааш даромада, аз он ҷо 1-адад телефони мобилии тамғаи “Редми-Нот 11”-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Зарари расонидашуда 2 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 19-солаи сокини ҳамин ноҳия бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ошкор гардидани ду ҳолати ҷинояти дуздӣ

14

Ба ШВКД дар ноҳияи Фархор аризаи зани 36-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 11 ба 12-уми ноябри соли 2023, соати 01:30-дақиқа, шасхони номаълум ба роҳи пинҳонӣ ба манзили истиқоматиаш даромада, аз онҷо маҳсулоти рӯзгорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Зарари расонидашуда 7 ҳазору 930 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия мардони 34 ва 42-солаи сокинони ноҳияи Фархор бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Инчунин, ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза марди 50-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 16-уми ноябри соли 2023, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди бинои навсохтмон шуда, аз дохили он таҷҳизот ва маҳсулоти сохтмониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 4 ҳазору 920 сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 22-солаи сокини ноҳияи Ёвон ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Муайян шудани кирдорҳои қаллобӣ дар мавридҳои гуногун

25

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 44-солаи сокини шаҳри Ваҳдат, 20-уми майи соли 2023 бо роҳи фиреб ба боварии марди 43-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи «Хундай-Соната» ва 1-адад автомашинаи тамғаи «Тойота-Кемри»-ро ба маблағи 240 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, автомашинаҳоро фурӯхта, маблағашро то ҳол барнагардонидааст.

Инчунин, гумонбаршаванда бо ҳамин роҳ моҳи апрели соли 2023 ба боварии марди 34-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи «Лексус-РХ 350» ва 2-адад автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс»-ро ба маблағи 105 ҳазор доллари амрикоӣ нархгузорӣ карда гирифта, автомашинаҳоро фурӯхта, маблағашро то ҳол барнагардонидааст.
Ин ҳодисаҳо мавриди тафтиш қарор доранд.
Ҳамин тариқ, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 46-солаи сокини шаҳри Истаравшан, 14-уми майи соли 2023 дар ҳудуди шаҳри Истаравшан бо роҳи фиреб ба боварии марди 42-солаи сокини ноҳияи Мастчоҳ даромада, аз ӯ барои фурӯш 145 сар чорвои майдаи шохдор ва 4 сар чорвои калони шохдорро, ки арзишашон 303 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, гирифта, маблағашро то ҳол барнагардонидааст.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Ҳамзамон, дар рафти тафтишоти парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шуд, ки марди 28-солаи сокини ноҳияи Спитамен соли 2014 бо роҳи фиреб ба боварии марди 53-солаи сокини ноҳияи мазкур даромада, аз ӯ 250 ҳазор сомонӣ бо мақсади тиҷорат гирифта, то ҳол маблағи гирифтаашро барнагардонидааст.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Қаллобӣ

03

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 42-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 24-уми феврали соли 2023, марди 27-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи «Тойота Приус»-ро 130 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда, гирифта, ваъда додааст, ки дар байни 25 рӯз пулашро медиҳад. Вале алакай як рӯз баъд, 25-уми феврали соли 2023 автомашинаи мазкурро ба дигар шахс ба маблағи 70 ҳазор сомонӣ фурӯхта, маблағи ба дастовардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намуда, то ҳол пули соҳиби мошинро надодааст.

Ин ҳолат мавриди тафтиш қарор дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button