ВидеоНомаҳо ба президентСиёсатТоҷикистон

СИТОИШИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ АЗ ХИДМАТҲОИ ПАДАРАШ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ

Шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси миллӣ, маҷлиси болоии парлумони Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ, ки бо як сафари расмӣ дар шаҳри Бишкек қарор дорад, рӯзи 16 ноябри соли 2023 бо нашри як акси муштараки ӯву падараш президенти кунунии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар каналаш дар шабакаи Телеграм мардумро бо Рӯзи президент табрик гуфта, аз хидматҳои падараш дар мақоми президент бо истифода аз ибораҳое, чун “президенти маҳбуби кишвар” ситоиш кардааст.

Рустами Эмомалӣ ба падараш тансизатӣ ва барои идомаи иҷрои рисолати давлатдориаш нерӯву комёбӣ таманно карда, изҳори итминон кардааст, ки хидматҳои Эмомалӣ Раҳмон “ҳамчун асари мондагор дар саҳифаҳои таърихи миллати тамаддунофари тоҷик бо ҳарфҳои заррин нақш бастааст”.

Матни комили паёми Рустами Эмомалӣ ба сурати зайл аст:

“Ҳамдиёрони азиз!

Ин Рӯзи таърихӣ, бешубҳа, барои миллати тоҷик муқаддас буда, тавассути он мо эҳтиром ва арҷгузории бесобиқаи худро ба Президенти маҳбуби кишвар баён месозем.

Фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти бунёд ва таҳкими сулҳу субот, таъмини рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии арзандаи сокинони кишвар ҳамчун асари мондагор дар саҳифаҳои таърихи миллати тамаддунофари тоҷик бо ҳарфҳои заррин нақш бастааст.

Бо ниятҳои нек кулли мардуми шарифи кишвари азизамонро ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуда, ба хонадони ҳар як сокини мамлакат хушбахтӣ, файзу баракат ва некуаҳволӣ, инчунин, ба Сарвари маҳбубамон тансиҳатӣ ва дар идомаи амалисозии рисолати бузурги давлатдориашон нерую бурдбориҳои нав таманно дорам”.

Эмомалӣ Раҳмон, ки 5 октябри соли ҷорӣ ба синни 72 қадам гузошт, аз моҳи ноябри соли 1992, инак 31 сол боз роҳбари аввали Тоҷикистон аст. Дар соли 2016 бо қабули як қонуни вижа ба ӯ унвони “Пешвои миллат –  Асосгузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ” дода шуд. Ин унвон ҳамчунин ба Эмомалӣ Раҳмон ҳақ медиҳад, ки бидуни маҳдудият номзадиашро ба мақоми президент гузорад. Ӯ аз ин ҳақ дар интихоботи президентии соли 2020 истифода бурд ва раёсати худро боз барои 7 соли дигар, то соли 2027, ки ба синни 75 хоҳад расид, тамдид кард.

Аммо манобеи огоҳ мегӯянд, ки Эмомалӣ Раҳмон шояд хеле барвақттар аз соли 2027 курсии президентиро ба писараш Рустами Эмомалӣ вогузор карда, худ ҳамчун “Пешвои миллат” роҳбарии умумӣ бар умури давлатиро дар дасти худ нигоҳ бидорад. Мақоми “Пешвои миллат” ба Эмомалӣ Раҳмон ҳаққи дахолат дар умури давлатиро баъди рафтанаш аз мақом низ медиҳад.

Рустами Эмомалӣ, писари калонии Эмомалӣ Раҳмон, ки моҳи декабр синни 36-ро пур мекунад, солҳои зиёдест, ки ҳамчун вориси эҳтимолии курсии президентии падараш ном бурда мешавад. Нозирони умур дар ин байн дар чандин мақоми мухталифи муҳим, аз ҷумла дар раҳбарии Хадамоти гумруки Агентии мубориза бо коррупсия ва ҳамчун шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси миллӣ кор кардани ӯро ба хотири таҷрибаи раҳбарӣ андӯхтани Рустами Эмомалӣ  дар роҳаш ба сӯи курсии президент мешуморанд.

Дар соли 2016 ҳатто синни ҳадди ақали номзадӣ ба президентиро аз 35 то 30 пойин оварданд ва ҳама бар ин буданд, ки мақсад аз ин тағйири муҳим ҳамвор кардани роҳи иштироки Рустами Эмомалӣ дар интихобти президентист. Аммо дар интихоботи соли 2020 бар хилофи интизорот боз ҳам худи Эмомалӣ Раҳмон бори дигар номзадиашро гузошт.

Нозирони умур чунин тӯл кашидани иҷрои нақшаи интиқоли қудрат аз падар ба писар дар Тоҷикистонро ба ихтилофи назарҳо бар сари номзадии президент дар дохили худи оилаи Эмомалӣ Раҳмон ва ҳам дар байни аъзои калидии ҳукумат, бахусус ба мухолифати барои ҳама ошкори ҷиноҳи “ястребҳо” рабт медоданд. Омили дигари муҳим ва аз ҳама ҳалкунанда, ба ақидаи нозирони умур, иродаи худи Эмомалӣ Раҳмон аст, ки тавре ба назар мерасад, худаш  ҳам барои рафтан ҳанӯз чандон омода нест.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button