ҚАМАР АЗИЗОВ ДАСТ ДОШТАНАШ ДАР РАБУДАНИ ШУҲРАТ ИСМАТУЛЛОЕВРО РАД КАРДА, БАЁНОТИ “ДИЛШОДИ КРАСАВЧИК”-РО ТУҲМАТ НОМИДААСТ
Як манбаи наздик ба Қамар Азизов, ки ба даст доштан дар рабудани муовини аввали раиси “Ориёнбонк” Шуҳрат Исматуллоев айбдор мешавад, ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар дод,ки “Қамариддин ҳангоми рӯбарӯ кардани ӯ бо “Дилшоди Красавчик”, муттаҳами асосӣ дар ин парвандаи пурсарусадо, даст доштанаш дар ин ҷиноятро рад карда, гуфтааст, “Дилшоди Красавчик” ба ӯ туҳмат зада истодааст.
Ба гуфтаи ин манбаъ, Қамар Азизов ҳангоми рӯбарӯкунӣ аз “Дилшоди Красавчик” талаб кардааст, ки “мард бошӣ, ба рӯям нигоҳ карда, гап зан!”.
Вале “Дилшоди Красавчик”, ба гуфтаи ин манбаъ, “сарашро хам карда, баёноти қаблиашро такрор кардааст, ки гӯё рабудани Исматуллоевро ба онҳо Қамар Азизов фармуда буд ва барои ин 50 ҳазор доллар пешпардохт ҳам кард”.
Манбаи “Бомдод” мегӯяд, Қамар Азизов ҳангоми рӯбарӯкунӣ хитоб ба “Дилшоди Красавчик” гуфтааст, ки “вақте шунидам, ки туро қапида, ба Душанбе оварданд, ман ҳатто хурсанд шудам, ки акнун ҳақиқатро мегӯӣ ва номи ман сафед мешавад. Вале афсӯс, ки маро туҳмат карда истодаӣ”.
Ин манбаи наздик ба Қамар Азизов муътақид аст, ки мақсад аз кашонидани пойи ӯ ба ин парванда тасарруфи молу мулки фаровонаш аст ва гӯё “Дилшоди Красавчик” дар ивази ваъдаи аз маҳбас раҳо кардани модараш Соҷида Саидмуродова ба чунин муомила розӣ шуда, Қамар Азизовро туҳмат карда истодааст.
Ин манбаъ мегӯяд, “Дилшоди Красавчик” дар аввал даст доштани Қамар Азизовро дар рабудани Исматуллоевро рад мекард, вале эътироф карда буд, ки якдигарро мешинохтанд ва дар бораи пулдории Шералӣ Кабиру Шуҳрат Исматуллоев як дафъа суҳбат карда будаанд.
Ин манбаъ мегӯяд: “Ҳато Дилшод дар баёноти аввалаш гуфтааст, ки мо панҷ нафар ин корро план кашидем, Қамар аз ин нияти мо ҳатто огоҳӣ ҳам надошт. Ӯ танҳо дар як вохӯрӣ дар ҷавоби гапи ман , ки гуфтам, рост аст, ки Шералӣ Кабиров 35 миллион (доллар) дорад?, Қамар гуфт, баъд чӣ? Пулдорҳо дар Тоҷикистон бисёранд. Шуҳрати ҷӯраи мо дусаду чанд миллион дар биткоин пул дорад, гуфта ӯро таъриф кард. Дигар вай аз ягон кору нияти мо хабар надошт”.
Тасдиқи дурустии ин иддао тавассути манобеи дигар имкон надорад. Мақомот то кунун бо гузашти қариб ним сол ҳатто боздошти Қамар Азизов ва чӣ мақом доштани ӯ дар парвандаи рабудан ва қатли Исматуллоевро расман ягон шарҳ надодаанд.
Бино ба фарзияи тафтишот, одамрабоён дар умум 16 нафар буда, дар рабудан, азобу шиканҷа ва қатли Шуҳрат Исматуллоев 5 нафари онҳо: Дилшод Саидмуродов, Акбар Ахмедов, Рустам Ашӯров, Шоҳрух Хӯҷаев ва Бахтовар Сафаров иштироки фаъол доштаанд. Ҳамин 5 нафар шоми 23 июни соли 2023 Исматуллоевро аз назди хонааш дар маҳаллаи 8 Март ба мошин бор карда, ба як манзили аз қабл иҷорагирифташуда дар деҳаи Шодоби ҷамоати Чорбоғи ноҳияи Варзоб бурдаанд. Исматуллоев соати сеи субҳи 24 июн баъди 7 соати шиканҷааш дигар ба ин ҳама азобу уқубат тоб наоварда, ҷон додааст. Одамрабоён ҷасади ӯро ҳамроҳи мошин ба дарёи Зарафшон партофта фирор кардаанд. Ҷасади Исматуллоевро баъди 50 рӯзи ҷустуҷӯ рӯзи 12 август аз мавзеи Саразми Панҷакент пайдо карда, рӯзи 30 август ба хок супурданд.
То имрӯз аксари одамрабоён дастгир шудаанд. Танҳо сарнавишти Шоҳрух Хӯҷаев маълум нест ва Рустам Ашӯров, ки билофосила баъди куштани Исматуллоев ҳамроҳи Хӯҷаев ба Туркия фирор карда буд, рӯзи 30 июн аз Истанбул ба Кишинёв парвоз кард. Вале ӯро ба марзи Молдова роҳ надоданд ва ӯ пистолети як марзбони молдованро кашида гирифта, ду афсарро парронд ва сипас дар ҷараёни як амалиёти вижа ҷароҳати зиёд бардошта, рӯзи 3 июн дар бемористон ҷон дод.
Тафтишот Дилшод Саидмуродовро роҳбар ва тарроҳи ин ҷиноят мешуморад. Ӯро дар аввали моҳи октябр ба Тоҷикистон истирдод карданд. Дар чанд видеои бозпурсиаш, ки нусхаҳояш ба дасти пойгоҳи хабарии “Бомдод” расид, “Дилшоди Красавчик” баёнот дод, ки аз байн бурдани Исматуллоевро ба онҳо шарики ин бонкдор дар тиҷорати хонасозӣ Қамар Азизов, амакбачаи овозхонҳои гуруҳи овозадори “Анис” фармоиш додааст. Ӯ ҳамчунин баёнот дод, ки гӯё Қамар Азизов аз онҳо аз байн бурдани вазири саноати Тоҷикистон Шералӣ Кабирро ҳам хоста буд ва гӯё гуфтааст, ки “Шералӣ аз Шуҳрат ҳам пули зиёдтар дорад”.
Қамар Азизов аз рӯзи рабудани Шуҳрат Исматуллоев дар ҳабс қарор дорад ва барои шарҳи ин иддао дастрас нест. Наздиконаш то кунун дар бораи сарнавишти ӯ изҳори назар накардаанд. Шералӣ Кабир низ то кунун иддаои “Дилшоди Красавчик”-ро шарҳ надодааст.