ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

МАРГИ РОНАНДА ВА ЧОР МУСОФИРИ “МЕРСЕДЕС” ДАР СУЛТОНОБОД ВА ҲАЛОКАТИ ЯК КӮДАК ДАР ЗЕРИ ЧАРОҒИ РОҲНАМО

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки шоми 14 ноябри соли 2023 бар асари дар ноҳияи Рӯдакӣ ба монеаи канори роҳ бархӯрдани як мошини “Мерседес” ронанда ва 4 мусофири ин мошин дар ҷойи ҳодиса ҷон дода, ду мусофири дигар маҷруҳ шудаанд.

Бино ба иттилои ВКД, шоми 14-уми ноябри соли 2023, тахминан соати 17:30, ронандаи мошини тамғаи «Мерседес-Бенс 180», Наимзода Шаҳбоз Сулаймон, соли таваллудаш 1998, сокини ноҳияи Ёвон, ҳангоми ҳаракат аз Ёвон ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Султонободи ноҳияи Рӯдакӣ ба самти муқобии роҳ баромада, ба монеаи бетонии канори роҳ бархӯрдааст.

Дар натиҷа, ронанда Наимзода Ш.С. ва мусофирони мошини мазкур Бӯриев Сафиаллоҳ Шодибекович, соли таваллудаш 1994, Норқулова Холида Нурмаҳмадовна, соли таваллудаш 1986, сокинони ноҳияи Ёвон, хурдсол Бахтиёрзода Имрон, соли таваллудаш 2019, сокини ноҳияи А.Ҷомӣ, хурдсол Қараева Лутфия Маъруфовна, соли таваллудаш 2020, сокини ноҳияи Ёвон ба саломатиашон ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Ду мусофири дигари ин мошин бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

ВКД ҳамзамон хабари дар пойтахт бар асари ба болои сараш чаппа шудани чароғаки роҳнамо ҷон бохтани як кӯдаки ҳафтсоларо низ шарҳ дод.

Гуфта мешавад, субҳи 15-уми ноябри соли 2023, тахминан соати 07:30 ронандаи мошини мусофиркаши тамғаи «Мерседес Спринтер», Ҷабборов Асадулло Абдуллоевич, соли таваллудаш 1967, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат бо роҳи кӯчаи Назаршоев аз тарафи кӯчаи Валаматзода ба самти кӯчаи Аҳмади Дониши пойтахт, дар назди маркази савдои «Садбарг» фосилаи зарурии тарафи ростро риоя накарда, бо тарафи росташ ба тарафи чапи  мошини дигари мусофиркаши тамғаи «Мерседес Спринтер», таҳти идораи ронанда Ҷамилов Ёқуб Файзиддинович, соли таваллудаш 1996, сокини шаҳри Душанбе, ки дар як самт ҳаракат мекард, бархӯрдааст.
Дар пайи ин, ронандаи «Спринтер»-и дуюм Ҷамилов Ё. аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, аз роҳи мошингард баромада, бо қисмати пеши тарафи росташ ба сутуни чароғаки роҳнамо ва аломати роҳ бархӯрдааст. Дар натиҷа, сутуни чароғаки роҳнамо шикаста, ба болои сари пиёдагарди ноболиғ, Азимов Иброҳим Муҳаммадраҷабович, соли таваллудаш 2016, сокини шаҳри Душанбе, ки дар пайраҳаи пиёдагардон меистод, афтодааст. Мутаассифона, ноболиғ Азимов И.М. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳои марговараш пурхатар дониста мешаванд. Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин омори ВКД, танҳо дар нимаи аввали соли 2023 дар роҳҳои Тоҷикистон дар 492 садама 193 нафар ба ҳалокат расида, 514 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button