ДАР ВАРЗОБ ЧӢ РӮЙ ДОД, КИ РОҲ 4 СОАТ БАСТА ШУД? ШАРҲИ КУМИТАИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДДА

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон дар як шарҳи муфассал бархе тафсилоти садамаи мошини пур аз гази моеъ дар мавзеи Мурутаки ноҳияи Варзобро, ки рӯзи 15 ноябри соли 2023 боиси барои чор соат баста шудани ягона роҳи заминии байни вилояти Суғд ва марказу боқӣ манотиқи ҷумҳурӣ шуд, нашр кард.
Бино ба иттилоияи нашршуда, 15 ноябри соли 2023, соати 14:44 даққиаи вақти маҳаллӣ дар километри 27,5-уми роҳи мошингарди Душанбе-Варзоб, дар мавзеъи Мурутак, аз систернаи мошини сӯхтбари тамғаи “Волво”, ки 20 тонна гази моеъ интиқол медод, бо сабабҳои техникӣ ихроҷи газ мушоҳида шуд. Ин мошин вақте дучори садама шуд, ки аз Хуҷанд ба тарафи Душанбе дар ҳоли ҳаракат буд.
Бо мақсади эҳтиёт ба далели эҳтимоли таркиши мошин бар асари ихроҷи газ роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд аз ҳарду ҷониб муваққатан баста шуд.
Барои бартараф кардани хатар ба ҷойи ҳодиса ба таври оҷил дастаи махсуси хадамоти ҷустуҷӯву наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, Хадамоти сӯхторнишонии ВКД ва Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Варзоб фиристода шуданд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда меафзояд: “Дар натиҷаи андешидани чораҳои фаврӣ бо ёрии техникаи махсус гази моеъ аз ин мошин ба мошини дигар интиқол дода шуд. Соати 18:50 хатар бартараф карда шуд ва аз таркиши эҳтимолии мошини сӯхтабар ва харобиҳои эҳтимолӣ дар роҳ пешгирӣ гардид”.
Дар ин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз кулли ронандагон хостааст, қабл аз сафар мошинҳои худро санҷанд ва нуқсҳои техникии онро бартараф созанд.
Шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ ягона роҳи заминист, ки вилояти Суғд дар шимоли Тоҷикистонро бо марказ ва дигар минтақаҳои ин ҷумҳурӣ мепайвандад. Роҳи дигари алтернативӣ ба ин вилоят аз тариқи қаламрави Ӯзбекистон буда, хеле тӯлонитар аст ва ҳамчунин дастикам ду маротиба убуру мурур аз марзи Тоҷикистон бо Ӯзбекистонро ба ҳамроҳ дорад.
Шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ бар пояи қариб 300 миллион доллар қарзи Хитой бозсозӣ шуда, соли 2009 пулакӣ карда шуд. Ҳамон вақт масъулияти нигоҳубин ва пулчинӣ дар ин шоҳроҳро ба ширкати ноошнои IRS, ки дар як минтақаи оффшорӣ дар хориҷ аз Тоҷикистон сабти ном шудааст, супурданд. Бархе манобеъ мегӯянд, соҳиби ин ширкат Ҷамолиддин Нуралиев, домоди президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва шавҳари Озода Раҳмон, раиси дастгоҳи иҷроияи президент аст. Худи Нуралиев инро рад мекунад.


