ДАР ЛЕВАКАНТ ЯК ДУХТАРИ 22-СОЛА ДАР ДАРЁ ҒАРҚ ШУДААСТ
Дар канори шаҳри Левакант дар ҷануби Тоҷикистон як духтари 22-сола дар дарё ғарқ шудааст.
Маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 16 ноябри соли 2023 наҷотбахшон аз раёсати ҳолатҳои фақулоддаи вилояти Хатлон дар пайи анҷоми корҳои ҷустуҷӯӣ ҷасади як духтарро пайдо карда, аз об берун овардаанд.
“Сокини 22-солаи деҳаи Эшонободи ҷамоати деҳоти Ваҳдат дар канори шаҳри Леваканти вилояти Хатлон ба оби дарёи макони зисташ афтода, ғарқ шудааст. Наҷотбахшон билофосила ба корҳои ҷустуҷӯӣ оғоз карданд. Ҷасади духтарро худи ҳамон рӯзи 16 ноябр 5 километр пойинтар аз мавзеи ғарқ шуданаш пайдо карда, ба дасти хешовандонаш супурданд”, – гуфта мешавад дар хабар.
Тафсилоти дигари ҳодиса гуфта нашудааст. Маълум нест, ки ин духтар тасодуфан ба дарё афтодааст ваё худкушӣ кардааст?
Қарори маълум, ҳар сол дар Тоҷикистон то 600 ҳолати худкушӣ ва қасди худкушӣ сабт карда мешавад. Аксари онҳое, ки ба ҷони худ қасд мекунанд, занону духтаронанд, ки дар аксари мавридҳо ба далели нофаҳмиҳо дар оила ваё аз сари эҳсос дар пайи муноқишаҳо бо дигар аъзои оилаҳояшон даст ба чунин амал мезананд.
Даҳҳо нафари онҳо худро ба дарёву каналҳо партофта, риштаи умри худро қатъ мекунанд.
Дини Ислом ва аксари динҳои дигари дунё худкуширо ҳамчун як амали ҳарому мамнӯъ ва мухолифи хости Худо маҳкум мекунанд. Рӯҳониёни мусалмон ҳатто даъват мекунанд, то онҳоеро, ки худкушӣ кардаанд, намози ҷаноза нахонанд.